(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар партави иҷрои муваффақонаи нақша-чорабиниҳои таҷлили шоистаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бинои хуштарҳу замонии Фонди қарзии хурди «Имон» ифтитоҳ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Фонди қарзии хурди «Имон», ки дар қаламрави Тоҷикистон барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизматҳои молиявӣ мерасонад. Вазифаи асосии Фонди қарзии хурди «Имон» - ин мусоидат кардан ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мададгорӣ намудан ба беҳтар кардани сифати зиндагӣ бо роҳи таъмини воридшавии устувор ба молияи қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ мебошад. Алҳол сандуқи қарздиҳии Фонди қарзии хурди «Имон» 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯз бонки мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯ ва иқтидори худро барои дар сатҳи баланд расонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон, беҳтар шудани низоми бонкӣ ва рушди иқтисодии мамлакат равона мекунад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи бинои нави бонки мазкурро туҳфаи хубу арзишманд дар қатори дигар иншооти бунёдшавандаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахусус барои мизоҷони бонк арзёбӣ намуда, бо шароити кории фароҳамшуда шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди батавсибрасии қонунгузорӣ дар соҳаи бонкдорӣ бори аввал дар бонки мазкур таҷрибаи равзанаи бонкдории исломӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ин таҷрибаи бонкдории ҷаҳони муосир солҳои охир маъруфият касб намудааст. Алҳол ҳаҷми гардиш бонкдории исломӣ дар миқёси олам беш аз 2, 5 триллион долларро ташкил медиҳад. Дар бинои навбунёди Фонди қарзии хурди «Имон» 25 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Ҷалби бонувон ба кори бонкӣ дар мадди назари муассисон қарор гирифта, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздик 50 дарсади кормандони филиал аз ҳисоби занон интихоб шудаанд.

Дар бинои нав бонк утоқҳои корӣ, маҷлигоҳ ва ғайраҳо мавҷуд буда, барои кормнадон шароити лозимии истироҳу фаъолият муҳайё карда шудааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки хизматрасониҳои муосири бонкӣ дар ташкилоти бонкии мазкур роҳандозӣ гардидааст. Сандуқи фаъоли қарзӣ беш аз 20 миллион сомонӣ буда, ҳудуди 600 нафар мизоҷони фаъол дорад. Маоши миёнаи кормандон 2, 500 сомонӣ буда, дар ин ҷо вобаста ба ҳаҷми кор ва вазифа беш аз 4000 сомонӣ маош низ мегиранд.

Ин ташкилоти бонкӣ аллакай ба 1500 нафар шаҳрвандон барои таъсиси гармхонаҳои хурду миёна қарз додаст, ки намунаи беҳтарин дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдомҳои Фонди қарзии хурди «Имон»-ро дар самти рушди соҳибкорӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, додани қарзҳо бо фоизҳои пасттарин, ҷорӣ намудани ипотека барои харидани манзил ба хусус ба омӯзгорону табибон, роҳандозии хизматрасонии лизингӣ ва ғайраҳо тавсиф намуда, таъкид дошт, ки он ба рушди иқтисодии шаҳру вилоят марҳила ба марҳила саҳмгузорӣ хоҳад намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки шукронаи истиқлолият, сиёсати раъиятпарваронаи Асосогузори сулҳу Ваҳдат миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар раванди кунунии ҷахонишавӣ фаъолияти бонкҳо васеъ ва хизматрасонии муосири бонкӣ торафт дастраси мардум мегардад. Ва яке аз самтҳои афзалиятноки низоми бонкии кишвар ин васеъ намудани доираи фаъолияти бонкҳо ва ҳар чӣ бештар дастрас шудани хизматрасонии бонкӣ барои мардум маҳсуб меёбад. Мизоҷон ба хизмастрасони ин бонк дастрасии комил ва қулай дошта бошанд.

Роҳбари вилоят гуфт, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузариш аз иқтисодиёти аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ҳадафи асосӣ ва шакли фаъолияти иқтисоди миллӣ дар дурнамо интихоб шудааст. Дар самти баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунанда дар кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ташкили марказҳои рушди захираҳои инсонӣ барои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон саҳми институтҳои молиявӣ хеле бузург аст. Дар сурати баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят, таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муваффақ мегардем. Имрӯз соҳибкороне, ки дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот тадбирҳо меандешанд ба дастгирии маблағҳои қарзии бонкхо ниёзи бештар доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки танҳо соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 4 бонк ва намояндагии онҳо ифтитоҳ карда шуд. Гузашта аз ин дар ин макон ҳамчунин 54 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд бо хонаҳои нави барҳавои муосир таъмин хоҳанд шуд.

Раиси Шӯрои парастории Фонди қарзии хурди «Имон» Гулбаҳор Махкамова ва мудири шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои мусоидат ва ташкили бинои нави Фонди қарзии хурди «Имон» ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...