(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар саҳни Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил шуд. Дар он намояндагони идораву ташкилотҳои шаҳру навоҳӣ, собиқадорон, устодону муҳассилини макотиби олӣ, миёна, омўзишгоҳҳои касбӣ ва меҳмонон иштирок карданд.

Нахуст, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ кормандон, сокинон ва алоқамандони соҳаи муҳити зистро бо ин рўзи хотирмон табрику муборакбод намуд. Ёдовар гашт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштанаш кори хубест. Зеро сайёҳон метавонанд бе мамоният аз табиати зебою тоза ва ҷойҳои таърихӣ бархурдор шаванд. Бо ҳунарҳои миллӣ, ки аз аҷдодони мо мерос мондаанд, ошноӣ пайдо кунанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар суханронии худ хотиррасон шуд, ки шаҳри бостонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии ҳамаҷониба мегирад. Шинондани садҳо ҳазор гулу дарахтони зебо маконамонро боз ҳам хуррамтар мегардонад. Бунёди боз даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим ва таърихӣ дар назар дошта шудааст.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Темурҷон Нўъмонзода зимни табрик илова намуд, ки Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои муҳим барои аҳли сайёра ҳисоб мешавад ва тибқи маълумоти оморӣ онро расман сокинони беш аз 100 давлати дунё таҷлил менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ҳисобида шуда, имконияти хубест барои ҷалб намудани таваҷҷўҳи омма ба масоили экологӣ.

Боиси қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид наҷот додани башариятро аз беобӣ таъкид кардаанд. Ин нукта дар саҳифаҳои расонаҳои бонуфузи дунё интишор ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Пешниҳоди башардўстонаи Пешвои миллат аз хиради азалии миллати тоҷик дарак медиҳад, ки ифтихори ҳар сокини кишвар мебошад.

Ҳамчунин, Темурҷон Нўъмонзода илова кард, ки таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист барои ҳушдор додани ҷомеа дар хусуси муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам меорад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат, хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра ҳамагонро ба ташвиш меорад.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерўи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои хароби-овари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар вилоят бо иқдоми Раиси вилоят мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намуд, зеро асоси пешравӣ ба тозаву обод нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо, вусъати тоза бахшидан ба корҳои созандаю ободонӣ вобастагии калон дорад.

Темурҷон Нўъмонзода бори дигар кулли кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорону арҷгузорандагони табиатро ба муносибати 47-умин солгарди таҷлили Рўзи байнал- милалии муҳити зист табрику таҳният гуфт ва барояшон осмони софи беғубор, табиати зебову нотакрор, дар фаъолияташон пирўзӣ ва барояшон муваффақият таманно кард.

Баъдан, як қатор кормандон: Бунёдҷон Абдумаликзода - муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Толибҷон Юсуфов - сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Ҷаъфар Fаффоров - сардори шўъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б. Fафуров бо Сипосномаи вилояти Суғд, Азизҷон Дўстматов - сардори шўъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, Равшан Ўрунов - сардори шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, Алишер Самадов - сардори шўъбаи экспертизаи экологии Раёсат, Давронҷон Рауфов - сардори шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат, Санавбар Садриддинова - сардори шўъбаи таҳлили Раёсат, Нигора Ширинова - сардори шўъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияи Раёсат, Шорозиқ Шораҳматов - сардори шўъбаи назорати давлатии истифода, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат, Шоира Меликбоева - сармутахассис оид ба иттилоот ва маориф, Носирҷон Яъқубов - сармутахассиси шўъбаи назорати давлатии истифода, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат, Ҷамшед Азизов - сармутахассиси шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат, Равшан Раҷабов - сармутахассиси шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат, Аюбҷон Тоҷибоев - мутахассиси пешбари шўъбаи назорати давлатии итсифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат, Замирахон Хоҷимуродова - мутахассиси пешбари шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, Махсудахон Абдуваҳҳобова - нозир-коргузори Раёсат ва шўъбачаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо Ифтихорномаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тўҳфаҳо қадр шуданд.

Қисми фарҳангии чорабиниро ҳофизони номии кишвар Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Дамирбек Олимов, ансамблҳои рақсии “Зебо” ва “Чаманоро” шукўҳи тоза бахшиданд.

Таҳмина АЮБОВА,
“Тирози ҷаҳон”


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...