(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Яке аз кўчаҳои маҳаллаи 15-и шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Абдумаҷид Қодиров гузошта шуд. Ба ин муносибат дар кӯчаи номбурда ҷамъомади тантанавӣ оид ба расми кушоди лавҳаи ёдгорӣ ва номгузорӣ намудани номи кӯчаи мазкур баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ дорад. Қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам – умуман шахсиятҳои хирадпеша ва ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баровардани онҳо, яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият, натиҷаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти бузургмардони миллатамон ва омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадор аст, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири ватанхоҳиву ватандорӣ , илму ҳунаромўзӣ ва аҳлоқи ҳамида, тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи башардўстиву инсонпарварӣ, истифода намояд.

Дар ин ҷода пардабардорӣ намудан аз лавҳаи ёдгорӣ ва номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаи 15-и шаҳр ба номи Абдумаҷид Қодиров дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд падидаи воқеан хотирмон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 10 апрели соли 2019, таҳти №305 «Дар бораи номгузорӣ намудани яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаи 15-и шаҳр ба номи Қодиров Абдумаҷид ба тавсиб расидааст.

Сипас дар вазъитяи тантанавӣ парда аз лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдулҳафиз Азизов, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев, муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев, профессор Ҳабибулло Холҷўраев, шоир ва нависанда Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва набераи Абдумаҷид Қодиров - Дилшод Қодиров баромад намуда, аз хизматҳои шоёни марҳум ёдоварӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Абдумаҷид Қодиров 20 майи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи «Чақари бойча»-и ҳозира «Тути калон» дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №6 (ҳоло № 18 шаҳри Хуҷанд) солҳои 1947-1951 донишҷўи факултаи таърихи Институти Давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров гардида, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Абдумаҷид Қодиров ба донишу илмомўзӣ шавқи зиёд дошта, дар омўхтани забонҳои хориҷӣ низ кўшиш ба харҷ медод. Мавсуф забонҳои русӣ, ўзбекӣ, арабӣ ва олмониро дар сатҳи аъло аз худ карда буданд. Солҳои 1951-1952 ҳамчун аспиранти институти таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1952-1953 идомаи таҳсили худро дар аспирантураи Пажўҳишгоҳи таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар шаҳри Ленинград, сурат гирифтааст.

18 майи соли 1956 А.Қодиров рисолаи номзадиро дар мавзўи «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар инкишофи илми набототшиносии Шарқи асримиёнагӣ» ҳимоя намудааст. Солҳои 1957-1958 ба ҳайси омўзгори кафедраи таърихи Институти Давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров ва солҳои 1957-1962 ҳамчун декани факултаи таъриху филологияи донишгоҳи мазкур фаъолият намудааст.

Соли 1969 дар донишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар шаҳри Маскав, ки он вақт сарварии Институтро академик Бобоҷон Ғафуров ба ўҳда дошт, рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Қобили зикр аст, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмӣ ва зиндагии профессор Абдумаҷид Қодиров нақши назаррас доштааст. А.Қодиров 1-ноябри соли 1972 соҳиби унвони профессорӣ гардидааст. Солҳои 1972 -1996 ҳамчун профессори кафедраи фалсафаи донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи А.Б.Ғафуров фаъолият бурда барои хизматҳои шоистааш аз ҷониби роҳбарияти мақомоти соҳавии Ҷумҳурӣ ва иттиҳоди шўравӣ қадршиносӣ гардида шудааст;

23-феврали соли 1961 бо ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Шўравии Совети Тоҷикистон ва комитети Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коркунони маориф, соли 1970 бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин бо медали «Ленин», 12 декабри соли 1974 бо ифтихорномаи Ҷамъияти умумииттифоқии «Знание» ва соли 1976 бо медал «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолияти илмии А.Қодиров доманадору сермаҳсул буда, муаллифи беш аз 40 асари илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Номбурда таҳти роҳнамоии устодони хеш корҳои судманди илмӣ расонидааст.

Абдумаҷид Қодиров дар рушду нумўи Донишгоҳи Давлатии Хўҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар камолоти маънавии ҷавонон саҳмгузори арзанда буд. Устод дар хотираи ҳамкасбон ҳамчун инсони покдил, бо нури зиё, меҳрубон ва накўкор нақш бастааст. Абдумаҷид Қодиров 22 марти соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд вафот карда бошад ҳам, номи неку корҳои шоистаи ў дар дилу дидаи мардуми Хуҷанд абадӣ маскан гирифтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...