(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми Олмон 74 сол пур шуд, ки ин ғалаба дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар ҳақиқат, 1418 рӯзу шаби муҳорибаҳои хунин фаромӯшнашавандаанд. Дар солҳои ҷанг ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ наздик 34 миллиону 476 ҳазор нафар намояндаи 151 миллату халқиятҳои СССР даъват ва сафарбар карда шудаанд, ки дар ин шумор бештар аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (Суғд)76 ҳазор ба ҷабҳаи набард фиристода шудаанд. Онҳо дар задухӯрдҳои шадидтарин ва муҳорибаи назди Москва, Сталинград, Курск-Орёл, Ленинград, гузашти Днепр, озод намудани Украина, Белорусия, Югославия, Венгрия, Австрия ва дигар давлатҳои Аврупо фаъолона иштирок намуда, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. 45 ҳазор тоҷикистонӣ ба кор ба заводҳои ҳарбӣ ва ақибгоҳ фиристода шудаанд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонуи Тоҷикистон ширкат варзидааст, ки аз ин теъдод 350 нафар снайпер, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар телеграфчӣ, 3750 нафар телефончӣ, 4195 нафар тирандоз, теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат буданд.

Аз муҳорибаҳои ҷангӣ наздик 100 ҳазор нафар, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод, наздик 30 ҳазор нафар дар майдони ҷанг мардонавор xангида, ҳалок шудааст ва ё бе ному нишон мондааст.

Барои иҷрои хизмати ҳарбӣ, қаҳрамонию матонат ва далерӣ дар солҳои ҷанг 11603 нафар намояндаи 62 миллату халқият ба унвони олии ҳарбӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор гардидааст. 2656 ҷанговар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Бо ордену медалҳои ҷангӣ беш аз 7 миллион сарбоз, 14 миллиону 900 ҳазор нафар ҷанговар бо медали «Барои Ғалаба бар Германия», беш аз 16 миллион заҳматкаши ақибгоҳ бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд. Барои мардонагӣ, ҷасорат ва мубориза бар муқобили фашизм дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.

Ба 54 нафари онҳо, аз ҷумла, аз вилояти Ленинобод (Суғд) унвони олӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода, 15 нафар ҷанговари Тоҷикистон бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф», аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (Суғд) 10 нафар мукофотонида шудаанд.

Фарзанди Тоҷикистон Аҳмадҷон Рӯзиев аз деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ҳафуров) Байраки Сурхро дар болои дарвозаи Бранденбурги Берлин афрохта буд.

Ба ҷанги дуюми ҷаҳон зиёда аз 110 милион нафар афсарон ва аскарон аз 72 кишвари дунё сафарбар шуда, аз 55 миллион иштирокчиён, аз ҷумла, 27 миллион халқи шӯравӣ ҳалок гардиданд. Дар майдони муҳорибаҳои ҷанг 8 миллиону 668 ҳазор нафар ҳалоку теъдоди асирафтодагон маълум нест.

9 маи соли 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расид ва фашистони немис пурра торумор карда шуданд.

Яке аз омилҳои муҳимтарини Ғалабаи Бузург ақибгоҳ ба шумор меравад. Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии ақибгоҳи Иттифоқи Шӯравӣ маҳсуб ёфта, боиси наздик кардани рӯзи ғалаба мебошад. Мардуми тоҷик солҳои ҷанг размандагони диловарро бо молу амвол ва бо маҳсулоти саноатию озуқаворӣ таъмин мекард. Дар ақибгоҳ ба сафи артиш даъватшавандагонро дарси ҳарбу зарб меомӯзонд ва онҳоро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тайёр мекард, захмбардоштагони ҷангро дар госпиталҳо ҷой медод ва бо ҳамхорӣ табобат мекарду боз ба ҷабҳа мефиристод.

Соли 1941 дар ҳудуди Тоҷикистон барои муолиҷаи аскарон ва афсарони маҷрӯҳ, ки аз фронт омаданд, 29 госпитали ҳарбӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ленинобод 3 госпитал ташкил карда шуд. Солҳои ҷанг дар госпиталҳои ҳарбӣ ва беморхонаҳо 28 ҳазор сарбози маҷрӯҳ табобат гирифта, аз онҳо 25 ҳазор ба майдони ҷанг баргашт. Баҳори соли 1944 госпиталҳо фаъолияти худро қатъ намуданд.

Дар давраи ҷанг тамоми соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ хидмати ҷабҳаро ба ҷо меовард. Корхонаҳои саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук ва маҳаллии Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти ба ҷабҳа зарур пардохтанд.

Корхонаҳои саноати сабук ба тайёр кардани либоси низомӣ, либоси таг, пойафзоли сарбозӣ, пӯстин, дастпӯшакҳои гарм ва ҳайра шурӯъ намуданд. Бофандагон истеҳсоли оммавии абрешими парашюти абрешимӣ ва ҷарроҳӣ, докаи тиббӣ, газвори техникӣ ва ғайраро ба роҳ монданд. Дар корхонаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсоли консервҳои гуногун, нони хушк, нӯшоба ва ғайра зиёд карда шуданд.

Дар зарфи се моҳи ҷанг ба минтақаҳои шарқии мамлакат 1350 корхонаи калонтарин аз минтақаҳои ҷанг (асосан корхонаҳои саноати ҳарбӣ) кӯчонида шуд, ки аз он 250 коргоҳ ба Осиёи Марказӣ оварда шуд. Аз ҷумла, 30 адад корхона ба Тоҷикистон кӯчонида, ба кор андохта шуд. Маҷмӯан, дар давраи ҷанг заҳматкашони ҷумҳурӣ барои сандуқи мудофиаи Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд, 833,2 миллион сӯм бо шумули вомбарги лотореяҳои низомӣ, 45 миллиону 500 ҳазор сентнер ҳалла, 151 вагон ё ба миқдори 89 ҳазору 930 пуд тӯҳфаҳои гуногун ба сарбозони ҷабҳа фиристоданд.

Умуман, солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 532 ҳазор номгӯй либоси гарм, қариб 124 ҳазор дона пӯсти гӯсфанд, 93 ҳазору 400 килограмм пашм ва зиёда аз 25 ҳазор метр газвори гуногун ҷамъ оварда, ба ҷанговарон фиристода шуд.

Ҳукумати Шӯравӣ меҳнати фидокоронаи коргарони ақибгоҳро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзанда қадр кард. Он корнамоии ақибгоҳро ба қаҳрамониҳои ҷанговарон баробар дониста, гурӯҳи калони заҳматкашонро бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I ва II мукофотонид. Баъди саркӯбии душман ва анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ 102 ҳазор нафар коргар, инҷенер - техник, деҳқон, зиёӣ ва хизматчии ҷумҳурӣ бо медали «Барои меҳнати шоён дар ҶБВ солҳои 1941-1945» мукофотонида шуд.

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки дар радифи республикаҳои Иттифоқи Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар саркӯбии фашизми Олмон саҳми бузург дорад.

Онҳое, ки аз ҷанг бо сари баланду рӯйи сурх ба Ватан баргаштанд, дар арсаи меҳнат низ ҷасорату қаҳрамонӣ нишон доданд. Аз ҷумла, аз вилояти Суғд 20 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони меҳнат ба гирифтани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор гардид. Аз ҷумла, Б.Н.Чирков, генерал-майор, роҳбари сохтмон ва аввалин директори комбинати кӯҳӣ-химиявии шаҳри Ленинобод, В.Я.Опланчук, директори комбинати мазкур, Н.Раҷабов, раиси колхози Зарафшони ноҳияи Мастчоҳ, К.Б.Охунов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан, А.Баротов, сардори звенои пахтакории колхози ба номи М.В.Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд (Б. Ғафуров), А.Қурбонов, кӯҳкани экспедитсияи геологии Моҳиёни шаҳри Панҷакент, А.Азизов, токпарвари совхози Равоти ноҳияи Конибодом ва дигарон мебошанд. Айни ҳол дар вилоят 73 нафар иштирокчии ҶБВ, 3 нафар ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида, 368 нафар собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг умр ба сар мебаранд. Ҳамаи онҳо таҳти ҳамхории давлату ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии насли калонсолонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ мешуморад, нафақаи собиқадорони ҶБВ ва ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақахӯрон сол аз сол зиёд мешавад.

19 сол мешавад, ки аз МИҲД вилояти Суғд ба иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои саробонашон дар ҷангҳо ҳалокгардида, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, маъюбони ҷангҳои қаламрави давлатҳои дигар, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил кумакпулии ҳармоҳа муқаррар кардааст.

Соли равон ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони дар ҳуқуқ бо онҳо баробар-100 сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил- 80 сомонӣ кӯмакпулии ҳармоҳа пардохта мешавад, ба маъюбони Артиши Шӯравӣ аз апрели соли 2017 кӯмакпулии ҳармоҳа ба андозаи 100 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳамагӣ дар як сол ба 1549 нафар 1.688160 сомонӣ маблағ пардохта мешавад.

25 апрели соли 2019 Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945» ба тасвиб расид. Барои бошукӯҳ ва хотирмон доир намудани тантанаҳои ҷашнӣ нақшаи чорабиниҳои ҷашн тасдиқ гардидааст.

Қарори Раёсати Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд оид ба таҷлили ҷашни 74- солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 қабул, нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ ва кӯмаки яквақта муқаррар карда шуд. Ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида-2000 сомонӣ ва ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг-1500 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта мешавад.Кӯмакпулиҳо ба 444 нафар, ба маблағи 704000сомонӣ пардохт карда мешавад.Чунин кӯмакпулиҳо аз МИҲД шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дастрас карда мешаванд.

Имрӯзҳо муассисаҳои табобатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ва Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд барои расонидани хизмати кафолатноки тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Фақат аз Шӯрои собиқадорони вилоят дар нимсолаи якуми соли равон 45 роҳхат ба осоишгоҳи «Соҳил» барои собиқадорони ҷангу меҳнат ҷудо гардида, дар нимсолаи дуюм боз 45 роҳхат пешбинӣ шудааст. Собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳамаи имтиёзҳои барои онҳо муқарраршуда бархӯрдоранд.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар майдони муҳорибаҳо қаҳрамонию далерӣ нишон додаанд, онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмати шабонарӯзӣ кашида, ба Ғалабаи бузург саҳми назаррас гузоштанду умри бобаракот мебинанд, сиҳатмандиву сарбаландӣ ва орзуҳои нек хоҳонем.

Шавкат Алиев,
муовини раиси Шӯрои
собиқадорони вилояти Суғд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...