(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Кохи фарҳанги “Суғдиён» маҳфили ёдбуди шоира Норинисои Алимуҳаммад таҳти унвони «Чароғи меҳр» бо иштироки аҳли адаб ва мухлисони шоира баргузор гардид.

Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла афзуд, ки гиромӣ доштани шахсиятҳои арзанда, хидматҳои онон дар инкишофу пешрафти ҷомеа аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Маҳз маҳсули ҳамин сиёсат аст, ки ҳамасола дар кишвари мо ҷашну бузургдошти чеҳраҳои мунаввари адабиёту фарҳанг, саноату санъат сурат гирифта, дар канори ин ҳамеша хидматҳои чунин замир шахсиятҳо арҷ гузошта мешавад. Фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат, корномаҳои илмиву манфиатии аҳли башар мавриди тарғибу ташвиқ дар миёни ҷавонон қарор гирифта, аз ин роҳ сабақҳои омўзандаи пайкорҳои ин гурўҳи маърифатпарвар ва манфиатбахши ҷомеа ба унвони дарси ибрат ва намунаи олии зиндагонии шоиста муаррифӣ мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Аз ин лиҳоз омузиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст».

Таъкид шуд, ки барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданашон аз ҷониби Президенти кишвар, сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени “Шараф” мукофотонида шуданд.

Сипас, ровии маҳфил Саидимрон Саидов доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоира Норинисо, эҷодиёти мавсуф ба ҳамагон маълумот дод. Дар ҷараёни маҳфил раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқиии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод, муаррих Ваҳҳоб Набиев ва дигарон баромад намуда, аз рӯзгори ибратбахши шоира Норинисо ёдоварӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Норинисои Алимуҳаммад муаллифи китобҳои “Дунёи умед”, “Оҳангҳои соҳил”, “Гаҳвораи меҳр”, “Садоқат”, “Сию се ғазал”, “Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, “Ошёни меҳр”, “Лаҳзаи дидор”, “Дарёи муҳаббат” ва “Меҳвари андеша” мебошанд. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони “Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид. Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоира Норинисо ба мисоли Гурдофариди асри 20 дар давраи нобасомониҳо ва ҷанги бародаркуши солҳои 1990-1992 дар майдони набард ҳамчун зани озодихоҳ ва ватандӯст ҳамаро ба сулҳу осоиштагӣ ҳидоят менамуданд. То соли 2015 ҳамчун намояндаи халқӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар пайи ободиву озодии мамлакат ва баҳри пешбурди иқтисодиву сарсабзии он талош меварзиданд.

Аҳли санъати вилояти Суғд аз ашъори Норинисо сурудҳо зам зама намуданд.

Фарзанди шоира Норинисо-Илҳом Сангин барои иштирок ва саҳм гузоштан дар маҳфил ба ҳамагон миннатдории аҳли хонаводаро расонд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...