(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо эълони «Бонги хатар» дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз карда шуд.

Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди гузориши сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр аз вазъи омодагии иштирокдорони машқ ва техникаи сафарбаршуда ошноӣ пайдо намуда, доир ба оғози машқ ба муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод.

Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал ба сӯйи баргузории чорабинӣ маҳаллаи Чашмаи Арзана ҳаракат намуданд.

Дар бинои таълимии донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон фаъолияти худро дар сурати ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамзамон сохторҳои гуногуни ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳри ҳангоми ба амал омадани заминларза нишон дода шуд.

Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал аз хаймаҳои наҷотдиҳӣ, ки дар бозори «Деҳқон»-и шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буда, боздид намуданд. Дар бозори мазкур хаймаҳои гуногуни наҷотдиҳӣ ташкил гардида, ба осебдидагон ёрии тиббӣ ва анвои хӯрока муҳайё намуданд.

Дар комбинати шири шаҳри Хуҷанд доир ба бартараф намудани сӯхтори баамаломада, наҷотбахшии зарардидагони моддаҳои кимёвӣ, дастгир намудани ҷинояткорон амалиётҳо сурат гирифт.

Дар анҷоми чорабинии машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад карда аз ҷумла афзуд, ки «Таҳавуллоти ҷаҳони муосир ва иқлими зудтағирёбандаи сайёра моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодӣ чораҳои фаврию таъхирнопазир андешем.

Ташкили омӯзиши ҳодиса, пешгирӣ ва бартараф намудани он, омодасозии шахсони мансабдори мақомоти идора ва нерӯҳои ғайриҳарбиии мудофиаи гражданӣ барои амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва давраи ҷангӣ аз вазифаҳои муҳим шуморида мешавад. Мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии мамлакат мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки таҳлили таҳдидҳои мавҷуда ва мушкилоти ҷойдошта, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҷой доранд, дар маҷмуъ бо далелҳо ва омилҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, техногенӣ ва хусусияти низомидошта, мушах-хасан талаб менамоянд, ки аҳолӣ ва ҳама сатҳҳои идора барои амал дар ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусиятҳои гуногундошта омода бошанд. Чорабинии имрӯза, ки тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гарди-дааст, сурат гирифта, ҳамзамон дар ин замина қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавзуъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла» дар сатҳи вилоят ба тавсиб расидааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки машқҳои мукаммал дар се марҳила, яъне марҳилаи аввал: хабардоркунӣ ва ҷамъ намудани ҳайати комис-сияҳо, ҳайати роҳбарикунандаи хзернизомҳои вазифавии зер-низоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр, хадамотҳои мудофиа гражданӣ. Марҳилаи дуюм ташкил намудани корҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, марҳилаи сеюм ташкили кор оид ба барқарорсозии иншооти зарардида буд, ки дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.

Таъкид шуд, ки дар рафти машқ масъалаҳои омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда,ба монанди омадани сел, фаромадани ярч, шамоли сахт, заминларза ва эвакуатсияи аҳолӣ баррасӣ гашт. Инчунин аз ҷониби кормандони масъул дар байни аҳолии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ-таблиғотӣ оид ба рафтори дуруст ҳангоми рух додани ҳодисаҳои табиӣ ва пешгирии сӯхтор бурда шуд. Дар машқ зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ иштирок карданд. Дастаи махсуси наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҳангоми эвакуатсияи аҳолӣ дар ҳолати фавқулодда нишон доданд. Илова бар ин, иншоотҳои мудофиаи гражданӣ ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр системаҳои огоҳсозии пешакӣ дар ҳолати фавқулодда ё таҳдиди он низ санҷида шуданд.

Дар охир Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки ҳамагон хуб медонем, ки ҳадафи машқҳои мукаммал ин баланд бардоштани омодагии мақомоти идоракунӣ, ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комисияи эвакуатсионӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда, мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амалии ҳайати шахсии мақомоти идоракунӣ ва ғайра мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ талош меварзад, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин машқҳои мукаммал мусоидати фаъол намояд.

Сипас ба як қатор фаъолони чорабинӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...