(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз 26 ноябри соли 2018, №1553 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №594 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар семоҳаи якуми соли 2019 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 41272,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан маблағи 45274,0 ҳазор сомонӣ ва ё 109,7 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 4002,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 10988,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 132,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 457,6 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 92202,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 95992,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 3790,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва ё 104,1 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ маблағи 9776,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 111,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 2740,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ва миёна ба ҳолати 1 январи соли 2019 бо назардошти андози иҷтимоӣ маблағи 18908,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ҳолати 1 марти соли 2019 маблағи 18878,5 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 30,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои босифати қисми даромади буҷет дар шаҳр сарчашмаҳои иловагӣ, аз ҷумла барзиёд таъмин шудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди 44 адад иншоотҳои нави иҷтимоию маданӣ дар соли 2019, таъсиси боз 13 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд шудани шумораи соҳибкорони инфиродӣ, баланд шудани музди меҳнат, мавҷуд будани 18,9 млн. сомонӣ бақияи қарз, ба миқдори 84,4 ҳазор метри квадратӣ, зиёд шудани манбаи андози ғайриманқул вуҷуд дошта, он барои пурраю барзиёд таъмин шудани нақшаи қисми даромади буҷет манбаҳои иловагӣ ба ҳисоб меравад.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи якуми соли 2019 аз рӯи маълумотҳо пешакӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 40338,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 40310,6 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуд.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳр аз рўи соҳаҳо чунин мебошад, аз ҷумла:

Дар ин марҳила барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ» бо дигаргунӣ ва иловаҳояш ба маблағи 825,3 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъминоти маблағ дар ин давра 821,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 99,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи «Мудофиа» хароҷот ба маблағи 39,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 39,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 99,8 фоиз мебошад.

Барои соҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиби ҳуқуқ» ба маблағи 692,7 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирифта шуда, дар ин марҳила ба маблағи 690,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки нисбати нақша 99,7 фоизро ташкил медиҳад.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Маориф» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 19477,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмини он 19466,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати маблағи нақшавӣ 10,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва иҷроиши нақшаи соҳа ба андозаи 99,9 фоиз таъмин карда шуд.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Нигоҳдории тандурустӣ» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 9443,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, амалан ба маблағи 9435,1 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбати маблағи нақшавӣ 8,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва иҷроиши нақшаи соҳа ба андозаи 99,9 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» хароҷот ба маблағи 1570,1 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирафта шуда, амалан иҷроиши он ба маблағи 1568,8 ҳазор сомонӣ расид, ки ин нисбати нақша ба 99,9 фоиз рост меояд.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 7526,6 ҳазор сомонӣ бо дигаргунӣ ва иловаҳояш ба нақша гирифта шуда, таъмини он 7526,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати маблағи нақшавӣ 100,0 фоизро ташкил медиҳад.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Фарҳанг ва варзиш» бо дигаргунӣ ва иловаҳояш ба маблағи 669,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмини маблағ дар ин давра 668,3 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати нақшаи аниқшуда 99,9 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор» ба маблағи 38,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирафта шуда, таъмини маблағ дар ин давра 37,3 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати нақшаи аниқшуда 96,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Хароҷотҳое, ки ба гурўҳҳои дигар шомил нашудаанд» 55,9 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирифта шудааст.

Умуман, дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 31138,7 ҳазор сомонӣ ва ё 77,2 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 23406,3 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 58,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд нақша бо тағйиру иловаҳояш маблағи 5477,5 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, иҷроиши амалии он маблағи 5476,4 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 100,0 фоиз иҷроиши маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳрро ташкил медиҳад. Умуман, дар соли 2019 аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои зерин аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда бо маблағи 33796,0 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо тағйиру иловаҳояш тасдиқ карда шудааст.

Аз ҷумла:

1. Азнавбарқароркунии роҳравҳои маҳаллаи Чашма-Арзанаи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1484,5 ҳазор сомонӣ;

2. Сохтмони иншооти ёрирасони (ҳавзи шиноварӣ) мактаб барои 1296 талаба дар маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 3500,0 ҳазор сомонӣ;

3. Бунёди боғи фарҳангии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, воқеъ дар маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 7000,0 ҳазор сомонӣ;

4. Азнавбарқароркунии хона-мусиқии бачагона, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ба маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ;

5. Азнавсозии боғчаи бачагонаи №3, воқеъ дар кўчаи Раҳимбердӣ Эгамбердиев (кўчаи Лермонтов) ба маблағи 5000,0 ҳазор сомонӣ;

6. Азнавсозии зерстансияи Стансияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ;

7. Сохтмони бинои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ба маблағи 8803,3 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр 2291,2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи «Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ» маблағи 17,5 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Мудофиа» маблағи 20,0 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиби ҳуқуқ» маблағи 419,0 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» маблағи 923,7 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» маблағи 835,0 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи “Хароҷотҳои дигар” маблағи 75,9 ҳазор сомонӣ равона карда шуданд.

Дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 17,3 ҳазор сомонӣ барои дастгирии моддӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолии шаҳр маблағҳо равона карда шуданд.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 34587 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр маблағи 36250,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои семоҳаи якуми соли ҷорӣ 8221,4 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 8218,0 ҳазор сомонӣ ва ё 99,9 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 7762,3 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 94,4 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли хониши 2019-ум 32 адад мактабҳои таҳсилоти умумии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи соли ҷорӣ дар мактабҳои шаҳр 1158 синф бо миқдори 34578 хонандагон ва ё ба ҳисоби миёна дар як синф 30 талабагон таҳсил намуда истодаанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф ва супоришҳо ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил доир ба таъсис додани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр додашуда, дар мўҳлати муайянгардида 89 кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо пурра таъмин гардид. Дар давраи ҳисоботӣ 58 кабинетҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика ва биология таъмиру муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба ин мақсадҳо 1106,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ 873,3 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои сарпарастону суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ 233,0 ҳазор сомонӣ масраф гардид.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8797 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 16185,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои семоҳаи якуми соли ҷорӣ 3721,6 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 3717,3 ҳазор сомонӣ ва ё 99,9 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 3331,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 89,6 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар 32 кўдакистонҳои шаҳр 318 гурўҳ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 318 гурўҳро ташкил дода, дар он 8797 кўдакон тарбият мегиранд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз буҷети шаҳр 17 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он 3129,5 воҳиди корӣ ба нақша гирифта шуда дар асл 2972,3 воҳидӣ корӣ бо кормандон таъмин карда шудааст. Вазифаҳои холӣ аз ҳисоби духтурон 76 воҳиди корӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 41 воҳиди корӣ, кормандони хурдӣ тиббӣ 23,2 воҳиди корӣ ва ғайра 17 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи маоши духтурон ба маблағи 1076 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 695 сомонӣ, кормандони хурди тиббӣ 485 сомонӣ ва ғайраҳо 655 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он мутанаосибан 1003 сомонӣ, 648 сомонӣ, 451 сомонӣ ва 609 сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 4002,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 20 фоиз аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт» маблағи 800,4 ҳазор сомонӣ ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба истиснои 20 фоиз ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт», 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 160,1 ҳазор сомонӣ ҳисоб гардида, ба фондҳои дахлдор пурра пардохт карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 3,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда дар семоҳаи якуми соли 2019 ба Муассисаҳои давлатии «Марказҳои саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 18,3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 ба 56 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 5040 сомонӣ, ба 24 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 1800 сомонӣ, ба 27 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 2025 сомонӣ ва ба 14 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 1260 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 61 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят ба маблағи 20377 сомонӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2019 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 206603 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 206500 сомониро ташкил дод.

Бояд кайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2019 барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҷумла дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр ба 4 нафар шаҳрвандони камбизоат барои дафнпулӣ маблағи 4300 сомонӣ, аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ барои гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии баровардани Қўшунҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз хоки Афғонистон 10500 сомонӣ ва ҷиҳати расонидани кўмаки моддии яквақта ба 47 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 563400 сомонӣ пардохт карда шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ барои иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинишуда 3000 сомонӣ равона карда шудааст.

Инчунин, бахшида ба таҷлили «Рўзи модар» маблағи 23150 сомонӣ, барои дастгирии моддӣ ба 22 нафар раисони шўрои занони маҳаллаҳо ҳар моҳ 200 сомонӣ ва дар давоми сол маблағи 66200 сомонӣ, ба 22 раисони ҷавонони маҳаллаҳо бо музди меҳнати ҳармоҳа ба андозаи 600 сомонӣ таъсис дода шуда, дар давоми соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ ба маблағи 198000 сомонӣ ҷудо ва сари вақт ҳар моҳ ба ин мақсад маблағҳо равона шуда истодааст.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсати молияи шаҳр тибқи нақшаи корӣ дар як қатор ташкилоту муассисаҳои аз тарафи буҷети маҳаллии шаҳр маблағгузоришаванда (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тандурустӣ, мактабҳои варзишӣ, шўъбаи фарҳанг ва ғайра) оиди риояи интизоми штатию молиявӣ ва дурустии пардохти музди меҳнат мувофиқи ҷадвали басти вазифаҳо ва тарификатсияи кормандони соҳаҳои буҷетӣ таҳлилҳо гузаронида шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Абдусалом  Бобоҷонзода, сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз392
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2353
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8801
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15200
mod_vvisit_counterҲамин моҳ57914
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта75189
mod_vvisit_counterҲамагӣ1792528