(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр вакилон пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро оид ба гузоштани нимпайкараи Арслонбек Ғозибеков дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» якдилона дастгирӣ намуданд. 

Ҷоиз ба зикр аст, ки Арслонбек Ғозибеков соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1946 то соли 1949 дар техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд аз рўи ихтисоси муҳосибӣ таҳсил намуда, баъдан дар ҷамъияти матлуботи шаҳри Душанбе ҳамчун муҳосиб фаъолияти кории худро оғоз намудааст.

Соли 1970 дар анҷумани кооператорони вилояти навбунёдшудаи Ленинобод якумин раиси Садорати иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилоят интихоб гардида, то соли 1972 дар ин вазифа кор кардааст.

Баъдан муовини аввали раис ва соли 1976 раиси садорати Тоҷикматлубот интихоб гардидааст. А. Ғозибеков дар ин вазифа то соли 1987 фаъолият бурда, ин соҳаро аз сари нав тарҳрезӣ намудааст ва имкониятҳои мавҷударо баҳри бунёди корхонаҳои нави савдо ва ривоҷи савдои кооперативӣ дар ҷумҳурӣ равона кардааст. Инчунин барои сохтмони техникуми кооперативии шаҳри Душанбе барои 1200 нафар донишҷў, комплекси варзишӣ ва ду хобгоҳ саҳмгузорӣ намудааст.

Пас аз дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шудани филиали Институти савдои кооперативии Новосибирск соли 1987 А. Ғозибеков ба вазифаи ноибректори ин донишкада таъин гардидааст. Соли 1991 бошад дар заминаи филиали Институти савдои кооперативии Новосибирск муассисаи мустақил Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистон таъсис дода шуда, А. Ғозибеков дар ин донишгоҳ ректор таъин мегардад.

Дар шароити нави иқтисодиёти бозоргонии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вилояти Суғд зарурият ба миён омад, ки бояд филиали Донишкадаи давлативу кооперативии тиҷоратӣ ташкил карда шавад. Ташаббускор ва созмондиҳандаи он А. Ғозибеков буда, аз соли 1993 бахши донишкада дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз гардид ва роҳбарии ин донишкада ба зиммаи А. Ғозибеков гузошта шуд. Соле нагузашта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъсис дода шуда, А. Ғозибеков ректор таъин гардидааст.

Фаъолиятҳои пурсамари илмӣ, педагогӣ ва ҷамъиятиву давлатии А. Ғозибеков аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуда, бо ду ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Дўстии халқҳо», ордени «Шараф», медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Аълочии савдои советӣ», «Аълочии мусобиқаи сотсиалистии Вазорати хўроки умумии СССР», «Ифтихорномаи Президенти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», унвони фахрии «Иқтисодчии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо якчанд ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

А. Ғозибеков муаллифи зиёда аз 90 асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва мақолаҳо буда, дар ҳимояи рисолаҳо ба сифати муқарризи расмӣ баромад намудааст ва тақризҳои илмӣ навиштааст. Инчунин ў дар якчанд конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ ва мамолики бурунмарзӣ (Финляндия, Португалия, Испания, Ҷопон ва Фаронса) иштирок ва баромад намудааст.

Профессор якчанд маротиба ба аъзогии КМ ПКТ дар съездҳои Х1Х, ХХ ва вакили халқии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикисчтон даъватҳои 1Х, Х, Х1 интихоб гардидааст.

Ғозибеков А. соли 2008 дар синни 79 солагиаш вафот кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...