(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи соли равон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлати шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҳузур доранд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 269,6 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,2 фоиз афзудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1735 адад расида, теъдоди умумии кормандон 925 адад зиёд шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурди саноатӣ ба 161адад расидааст. Баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 80,0 фоиз афзудааст. Дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 10 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 33,5 фоизашон 54 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 69,5 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода гуфт, ки дар натиҷаи дастгирӣ ва андешидани чораҳои амалӣ 9 адад корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи соли гузашта дар семоҳаи аввал ба фаъолият шуруъ намуда, аз тарафи онҳо ба маблағи 186,5 ҳазор. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ин омилҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият ёфта, дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 104,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 96,0 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида, 3,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 9,8 млн. сомонӣ ё 11,4 фоиз барзиёд таъмин гардидааст. Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 41,3 миллион сомонии пешбинигардида, 45,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11,0 миллион сомонӣ ё 32,1 дар сад афзудааст. Иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ, 40,4 миллион сомонӣ ё 99,7 фоиз таъмин гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 50,5 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 41,1 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 88,7 дар сад ва 294,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Баҳри афзоиши ҳаҷми фондҳои асосӣ зиёда аз 23,6 миллион сомонӣ масраф гашта, ба маблағи 15,3 млн. сомонӣ расман ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашударо дар қиёс ба соли сипаригашта 41,4 фоиз зиёд намуда, ҳаҷми он ба 31,5 млн. сомонӣ расидааст. Бо мақсади дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоотҳо дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, дар асоси лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр 4 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки сафари кории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд боиси ифтихори сокинон гашта, ба иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба монанди: бинои Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, маркази савдо ва хизматрасонии бинои истиқоматии 9-ошёна дар маҳаллаи “Суғдиён” бо ташкили дастархони идона барои 100 нафар ятимони кулл ва супоридани 10 адад калиди хонаҳои истиқоматии 2 ва 3 ҳуҷрагӣ ба оилаҳои ниёзманд, ифтитоҳи “Роҳи танобӣ” ба масофаи 1 км аз боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ то маҷмааи Исмоили Сомонӣ бо гузариш аз болои дарёи Сир, киштии рамзӣ-тарабхонаи бренди “Темурмалик” дар соҳили Сирдарё, Фестивали “Сайри гули лола” дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Фестивали “Таомҳои миллии наврўзӣ” дар хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил иштирок намуда, ба ин маҳфилҳо ҳусни бошукўҳ бахшиданд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода афзуд, ки баҳри такмили соҳаи маориф низ чораҳои ҳамарўзаи муҳим андешида шуда истода, дар ин давра 45 нафар мутахассисони ҷавон ба фаъолияти касбӣ шурўъ намуда, 242 нафар омўзгорон савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин 56 фоизи нақшаи солонаро ташкил менамояд. Дар самти рушди соҳаи маориф доир ба таъсис додани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ 89 кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо пурра таъмин гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бошад, 58 кабинетҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика ва биология таъмиру муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба ин мақсадҳо 1106,3 ҳазор сомонӣ , аз ҷумла аз ҳисоби буҷети шаҳр 873,3 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои сарпарастону суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ 233,0 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Давоми се моҳаи аввали соли ҷорӣ чорабиниҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фестивал-озмунҳои “Дастурхонороӣ” «Чакомаи Гесў», «Бонуи Наврўзӣ», «Арўси Наврўзӣ», маҳфили «Кошонаи саодат», аксияҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту сўҳбатҳо ва барномаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шуда, тариқи васоити ахбори омма инъикос карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз масъулини дахлдор вобаста ба суръатбахшии саноати шаҳр, бакорандозии коргоҳҳои бозмонда, ҷилавгирӣ аз савдои номуташаккил дар бозорҳои шаҳр, пешгирии ҳолатҳои ғайрисанитарӣ дар нуқтаҳои савдо, ҷалби соҳибкорон дар рушди шаҳрсозӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати иҷрои саривақтии он муҳлатҳои муайян дод.

Аюб Раҳматзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба раванди иҷрои нақшаи тасдиқнамуда оид ба сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Сипас прокурори шаҳри Хуҷанд Аваз Назарзода вобаста ба масоили мубрами рӯзмарра изҳори андеша намуда, аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ислоҳи бархе камбудиҳои ҷойдошта, камари ҳиммат банданд.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар маҷлиси фаъолон баромад карда, андешаҳои хешро дар самти суръатбахшии фаъолият дар самтҳои алоҳида иброз намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани силсилаи корҳо дар семоҳаи оянда ба ҷаласаи фаъолони шаҳр ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...