(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯк гуруҳ сайёҳони амрикоӣ иборат аз 10 нафар дар доираи як барномаи вижа аз мавзеъҳои Хуҷанди бостонӣ боздид намуда, аз ин шаҳри куҳан таасуроти неку хотирмоне бардоштанд. Ба сайёҳон бахусус лолаҳои гуногунранги шукуфта мақбул афтода, онро дар ҷаҳон беназир унвон намуданд.

Тавре, ки сайёҳи амрикоӣ Брюс Максвел, ки худ сокини штати Аризонаи ИМА аст, бо таасуф мегӯяд, ки то имрӯз дар бораи Тоҷикистон, бахусус шаҳрҳои қадимаи он қариб ки маълумоте дар даст надошт. Солҳои зиёд Тоҷикистон дар сояи собиқ ИҶШС муаррифӣ мешуд ва кам касон дар бораи таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик маълумот доштанд.

Брюс Максвел бо изхори самимӣ ва хушнудӣ мегӯяд, ки зимни воридшавӣ ба шаҳри Хуҷанд онҳоро лолаҳои гуногуннавъ “истиқбол” намуданд, ки назирашро чун сайёҳи собиқадор дар ягон гӯшаи дунё надидааст. Мардуми шаҳри Хуҷанд бо самимият ва одоби баланди муошират бо сайёҳон муроҷиат менамуданд. Барояш аз таъомҳои миллӣ шӯрбо ва бахусус оши палав хеле писанд омад, ки бо маҳорати баланд пухта мешавад ва хеле бомазза будааст.

Брюс Максвел Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин унвон намуда, аҳд намудааст, ки баъди бозгашт ба кишвараш ба дигар сайёҳон тавсия медиҳад. Хизматрасонии дастрас, обу ҳавои тоза, мардуми меҳрубон, фазои амну ооишта, табиати нотакрор ӯро маҷбур менамояд, ки дар зудтарин фурсат боз ба ин кишвар сафар намояд.

Сайёҳони амрикоӣ тасодуфан дар даромадгоҳи Боғи Камоли Хуҷандӣ бо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯрда, мулоқоти судманд анҷом доданд. Сайёҳон ба шаҳрдор барои зебову пуртароват намудани шаҳри қадимаи Хуҷанд арзи сипос намуданд. Зеро барои сайёҳон чунин табиати афсункор хеле писанд аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 6 муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Саёҳати олӣ”, “Суғдиён-Помир-Тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зарафшон” фаъолият бурда истодаанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди “Шоми Душанбе”, Искандаркўл”, “Ҳафткўли мўъҷизадор” фаъолияти пурсамар доранд.

Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 680 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Дар соли ҷорӣ зиёда аз 64,0 ҳазор нафар ба шаҳр ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳр бархурдор шуданд, ки аз онҳо 4,3 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 59,7 нафар сайёҳони дохилӣ буда, гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 2,7 млн. сомонӣ мебошад.

Дар қатори дигар иншоотҳо ҷиҳати бунёди инфрасохтор ва рушду такмили соҳаи сайёҳӣ ба бунёди роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаи брендии “Форел” дар кўчаи Сирдарё оғоз гардида, тарабхонаи “Темурмалик” дар хиёбони Раҳмон Набиев рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.

Бояд қайд намуд, ки соли гузашта меҳмонхонаи “Парламент” ва қаҳвахона-тарабхонаи замонавӣ бо номи «Ситораи Хуҷанд» ба истифода дода шуда, шиногоҳи соҳили дарёи Сир аз нав эҳё гардид, ки бешубҳа ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...