(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд.

Дар ин бора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осорулбоқия» бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад, «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар асари дигараш «Ал-тафҳим» менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст.


Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёконамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Дар бораи ҷашни Наврӯз ривояти зиёде мавҷуд аст. Масалан, Берунӣ дар «Алосорулбоқия» зикр мекунад, «Оварданд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия бурданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?». Гуфтанд: «Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд» (Алосорулбоқия, с. 230). Чунин ривоятҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз ҳамчун ид дар замонҳои қадим ҷашн гирифта мешуд ва иди лоиқи ҷашнгирӣ буд.

Рустам Раҳимов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...