(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПешрафти иқтисодиёти шаҳри Хуҷанд асосан ба саноат вобаста аст, зеро он дуюмин шаҳри саноатист, ки бозори беруна ва дохиларо бо моли саноатӣ таъмин мекунад.

Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон роҷеъ ба саноатикунонии кишвар таъкид намуда, иброз доштанд, ки «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва даст-расии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Бале, дар шароити рақобати шадиди бозорӣ моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ коркарди ҳарчи пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем.

Саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳими кишвар маҳсуб меёбад, зеро дар ҳамаи давру замон давлатро маҳз саноати сабук аз бўҳрони иқтисодӣ бароварда метавонад. Бо назардошти ин, ки саҳми соҳаи саноати сабук ва кормандони он дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бузург арзёбӣ мегардад, давлату Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри рушду такомули соҳа ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба заҳматкашони соҳа таваҷҷўҳи бештар зоҳир мекунанд.

Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар миқ-ёси олам муаррифӣ гашта, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дониста шудааст. Таъсис ва фаъолият бурдани корхонаҳои муштараки саноатӣ баҳри пешрафти соҳаи саноати сабук дар мамлакат қадами устуворе буд.

Дар шаҳри Хуҷанд фаъолият доштани 169 корхонаи саноатии калону миёна гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳамзамон, сол аз сол коҳиш ёфтани маҳсулоти воридотӣ, афзун шудани шумораи корхонаҳои воридотивазкунанда аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи саноат дар кишвар рушд меёбад ва иқтисодиёти Тоҷикистон рў ба пешравӣ дорад. Лекин солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти зиёде пеш омад. Робитаҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои муштаракулманофеъ канда гашта, он ба фаъолияти мунтазами корхонаҳо халал эҷод кард ва оҳиста пешқадамтарин корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд. Яке аз чунин корхонаҳо комбинати абрешими Хуҷанд буд. Он калонтарин корхонаи соҳаи саноати сабук дар Иттиҳоди Шўравӣ маҳсуб ёфта, беш аз 11 ҳазор нафар коргар меҳнат дошт. Вале бо сабаби пошхўрии давлати абарқудрати вақт нарасидани ашёи хом ва ба фурўш нарафтани маҳсулот ба миён омад. Барои баромадан аз чунин вазъи ногувор тадбирҳои муҳим андешида шуда, дар заминаи як комбинати бузурги «Абрешим» чандин ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва ҳам корхонаҳои муштарак арзи ҳастӣ намуданд, ки яке аз онҳо ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» мебошад.

Он яке аз корхонаҳои калонтарини саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз коркарди нахи пахта то газвору маҳсулоти пахтагин иборат мебошад. Тарҳи корхона аз истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ ва дўзандагӣ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқро пешниҳод менамояд.

Соли 2015 корхона бо васл намудани технологияи нав ба истеҳсоли матоъҳо бо омехта намудани риштаи пахта бо риштаи полиэфирӣ шурўъ намуд.

Айни замон фаъолияти корхона барои истеҳсоли маҳсулот, ба монанди куртаи мардона ва занона, шим, шортҳо, либосҳои кўдакона, дастархон, сачоқ, матоъҳои камуфляжӣ, куртаҳои аскарӣ, ҷиҳози хоб, либоси тагпўшӣ, матои астар, бризент ва ѓайра ба роҳ монда шудааст. Ба ѓайр аз ин, корхона имконият дорад, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаро бо матоъҳо барои либоси ягонаи хонандагон таъмин намояд, ки ҳамаи ин маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгў мебошад ва сифати хуб дорад.

- Қобили қайд аст, ки ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд" сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар таъмин намудани сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо матоъҳои ҳарбии истеҳсоли ватанӣ саҳми арзанда гузошта истодааст, - зикр намуд директори корхона Абдураҳим Набиев.

Ҳамчунин, корхона бозори дохилиро бо либосҳои баландсифати ватанӣ таъмин намуда, бо давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷонибаи дарозмуддат дорад ва маҳсулоти худро ба давлатҳои Туркия, Белорусия ва Федератсияи Русия содир менамояд.

Иқтидори корхона барои истеҳсол намудани 3 ҳазор тонна риштаи пахтагӣ, 3,6 миллион метри тўлонӣ матои тайёр, 350 ҳазор дона маҳсулоти дўзандагӣ, 400 тонна риштаи рангин дар як сол мерасад, вале чуноне ки роҳбари коргоҳ қайд мекунад, айни замон ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд" ҳамагӣ 20-30 фоизи иқтидори истеҳсолии худро истифода бурда истодаасту халос. Агар он ба пуррагӣ иқтидори истеҳсолиашро ба роҳ монад, имкон дорад, беш аз 1100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, зиёда аз 8-9 миллион сомонӣ ба буҷети мамлакат андоз пардохт намояд.

Ҳоло дар ин коргоҳ 200 нафар фаъолият дошта, давоми соли 2018 ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд" аз корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ "Неку Хуҷанд" ва ҶДММ "САТН" 26,29 тонна риштаи пахтагин харида, ба миқдори 156 ҳазор метри тўлонӣ матои пахтагин истеҳсол кард. Таъминкунандаи асосии ашёи хоми коргоҳ ҶДММ "Неку Хуҷанд" буда, маводи ёрирасони истеҳсолӣ, аз қабили рангҳо ва моддаҳои кимиёвӣ аз давлатҳои хориҷӣ дастрас карда мешаванд.

Чуноне, ки дар боло қайд намудем, дар масъалаи содироти либосҳои бачагона ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд" бо корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Бимоша"-и Ҷумҳурии Белорус ҳамкории дуҷониба дошта, сол аз сол ҳаҷми фармоишот ба намудҳои муайяни либосҳои бачагона рў ба афзоиш ниҳодааст.

Айни замон коргоҳ барои истеҳсол ва таъмин намудани сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо матоъҳои низомӣ саъю кўшиши худро равона карда, харидори асосии матоъ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Ёқут-2000», КВД «Палосс»-и АТАМ мебошанд. Корхона имкон дорад, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаро бо матоъ ва маҳсулоти тайёри либоси мактабӣ, кормандони соҳаи тибро бо матоъ барои либоси касбӣ таъмин намояд.

Директори ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд" Абдураҳим Набиев иброз медорад, ки корхона тамоми саъю кўшиши худро барои бардавом таъмин намудани раванди истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ равона карда истодааст. Аммо новобаста ба ин, масъалаҳое ба миён меоянд, ки боиси халалдор намудани раванди истеҳсолот гашта, ба фаъолияти молиявии корхона таъсири манфии худро мерасонанд. Яке аз масъалаҳои мубрами корхона сари вақт пардохт нагардидани маблағи молу маҳсулоти таҳвилшуда мебошад. Пайваста ворид нагардидани воситаҳои пулӣ яке аз сабабҳои таназзули истеҳсолот мегардад, яъне коргоҳ наметавонад саривақт ашёи хомро харидорӣ намояд ва пардохти хароҷоти ҷориро таъмин намояд. Масъалаи дигар ин аст, ки бо сабаби ба бозори дохилӣ ворид гардидани матои истеҳсоли хориҷӣ маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мавқеи худро гум карда, рақобатпазир буда наметавонад. Дар натиҷаи таъсири омилҳои зикргардида, дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҳаҷми кор коҳиш меёбад.

Мардуми шарифу бофарҳанги тоҷик дар арафаи истиқболи санаи бузурги таърихӣ истодааст. Ҷашне, ки баъди ҳазор сол аз нав офтоби бахт ба рўяш хандиду соҳибдавлат шуд. Давоми наздик 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои рушдкунанда табдил ёфт. Хусусан, ба соҳаи саноати кишвар назар афканем, тафовути зиёде нисбат ба замони шўравӣ ба чашм мерасад. Алҳол саноатчиёни Хуҷанди бостон, махсусан кормандони ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» баҳри сазовор истиқбол кардани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, баҳри фатҳи қуллаҳои мурод ҷаҳд доранд.

Мавзуна Ваҳҳобова,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2452
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2481
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14971
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17052
mod_vvisit_counterҲамин моҳ55295
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66968
mod_vvisit_counterҲамагӣ1714720