(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМодарону бонувон ва духтарони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, а-зиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд. 

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.

Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд. Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд.

Саҳми занону бонувони соҳибкор илова ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон намудани солҳои 2019–2021 маҳз ба шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари занону духтарон мебошад.

Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳимми марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси санадҳои зикршуда як силсила иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд.

Яке аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар намудани квотаи президентӣ мебошад, ки тавассути он то имрӯз ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат муваффақона кору фаъолият доранд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки падару модарон набояд пеши роҳи таҳсили фарзандонро гиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо таҳсил карда, соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагарданд.

Шумо хуб медонед, ки агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд.

Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба таъмин намуда, чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Зимнан, хотирнишон месозам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фоизи намояндагии занону бонувон дар мақомоти шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Итминон дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон - “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Модарону бонувони муҳтарам!

Моҳи март бо ҷашни шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии мо - Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон идома меёбад. Ин айём беҳтарин рӯзҳое мебошанд, ки шумо хурсандӣ кунед, либосҳои зебои миллии чакан ва атласу адрасро ба бар карда, онҳоро таблиғ ва оммавӣ гардонед, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шавед ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангиамонро боз ҳам густариш бахшед.

Мо - мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.

Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем.

Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем.

Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем. Бо истифода аз фурсат, хотирнишон менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям. Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва фарзандони азиз!

Сомонаи расмии
Президенти ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...