(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзҳои охир сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони буҳтонсозиҳои ашхоси ғаразнок табдил гаштааст. Ҳамаи ҷойҳоро аз ҳангомасозиҳои марбут ба бозгашти Шарофиддин Гадоев пур сохтаанд. Дигар мавзӯи ҷолиби диққат гӯё барои ин ҷанобон намондааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҷавон дар зери роҳбарӣ ва сарпарастии бевоситаи шахсони номаълуми хориҷӣ ва хусусан дар зери  роҳбарии раиси Паймони зиддимиллӣ  нисбат ба миллат ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои бӯҳтономезу дурӯғинро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет пахш менамуд. Ҳамчунин, дар кишварҳои Аврупо яке аз саркардагони ҳамоишҳои сохтаю пулакӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳоло бошад, ин ҷавон аз замони баргаштанаш дар раванди авфи умум қарор дорад. Воқеоти дар рӯзҳои охир ба амаломада нишон медиҳанд, ки ашхоси муғризи воқеъ дар хориҷи кишвар ин масъаларо хеле амиқ пайгирӣ намуда, ҳангомаҳои бардурӯғ нашр мекунанд, ки дар натиҷа  дар фазои байналмилалӣ имиҷи давлат ва миллати тоҷиконро зери суол мебаранд. Дар ҳоле ки ин масъала ба он ҳама воҳимаҳо ва сару садоҳои таҳдидомез ба унвони кишвари Тоҷикистон мувофиқ нест. Ин масъала бояд дар ҳудуди бардошти ин, ки як нафари қаблан ҷинояткор таслим шудааст ва бояд мувофиқи қонунгузорӣ ба кирдори хеш ҷавоб гӯяд хотима ёбад. Вале мутаассифона ашхосе ҳастанд, ки аз ин лаҳзаҳо суистифодаи мекунанд. Гадоев Шарофиддин бо хоҳиши худ таслим шудааст ва аз равади дар он қарор доштааш розӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бахшида, ҳамчунин ҷиҳати бедордилии дигар ҷавонони гумроҳкардашуда дар талоши шабонарӯзӣ қарор дорад. Албатта, роҳбарони собиқаш зидди иқдоми Шарофиддин Гадоев баромадаанд. Роҳбарони собиқи ин ҷавон як гурӯҳ хоинони дар хориҷ воқеъбуда ҳастанд, ки шабу рӯз тамоми ҷанбаҳои хабариро алайҳи миллат ва давлати тоҷикон истифода мекунанд. Гадоев Шарофиддин аз рӯзи ба ватан баргаштан чандин маротиба аз маконҳои гуногуни мамлакат наворҳои даъватӣ намуд. Вале онҳо тамоми васоилро зидди нишондодҳои навории худи Гадоев ба кор мегиранд. Ин буҳтонсозон наворҳоро дурӯғ унвон кардаанд. Онҳо мехоҳанд, ки Шарофиддин рафта дар наздашон воқеаро нақл кунад. Охир Шарофиддин ҳамчун сайёҳ  ба ин ҷо наомадааст.  Вай ба унвони як ҷинояткори таслимшаванда худро ба Тоҷикистон расонидааст. Як гурӯҳ дурӯғсозони дигар дар шабакаҳои мегӯянд, ки гӯё Шарофиддин дар маҳкама ҳасту пулис ӯро ба ҷиканҷагоҳҳо интиқол додаанд, ки дурӯғ аст.

Аз тарафи дигар, ин масъала ҷиҳати таъсиррасонӣ ба назми муносибатҳои стратегии Тоҷикистон бо дигар мамолик, аз ҷумла Аврупо хеле кӯчак арзёбӣ мегардад. Ин ҳама воҳимаҳо чаро. Илова бар он дар фазои муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо оромӣ мушоҳида мешавад. Ин аст, ки чунин гурӯҳҳои нанги миллат шуморидашаванда ҳақ надоранд, ки дар зери сояи афкори харобиовари  роҳбарони номаълуми худ ба мо интихоби алтернативаи  шарики стратегӣ бо кишварҳои хориҷиро талқин намоянд. Онҳо тавозуни худро гум намудаистодаанд, ҳарчанд, ки инро ба давлати мо ихтисос медиҳанд барои худ вонамуд намесозанд.

Акрамов Рустам. сокини ш. Душанбe

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...