(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОҷонсии таҳлилии «Тур Стат» дар рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ-21 уми феврали соли ҷорӣ 10 гонаи шаҳрҳои ҷалбкунандаи Шоҳроҳи Абрешимро муайян намуд, ки дар қатори онҳо шаҳри Хуҷанд низ ҷой гирифтааст.

Ин оҷонсӣ иттилоъ додаст, ки шаҳрҳои қадимаи Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тараз, Ганҷа, Витебск, Хева, Туркистон, Гумрӣ ва Марв мебошанд, бо фарҳанги бою қадима ва мероси гаронарзишашон сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол, дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 680 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 6 муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Саёҳати олӣ”, “Суғдиён-Помир-Тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зарафшон” фаъолият бурда истодаанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди “Шоми Душанбе”, Искандаркўл”, “Ҳафткўли мўъҷизадор” фаъолияти пурсамар доранд.

Бояд зикр намуд, ки дар соли 2018 зиёда аз 64 ҳазор нафар ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳр бархурдор шуданд, ки аз онҳо 4,3 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 59,7 нафар сайёҳони дохилӣ буда, гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 2,7 млн. сомонӣ мебошад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар тахтаҳои таблиѓотии кўчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо дар мавзўи рушди сайёҳӣ насб карда шуда, дар атрофи Маҷмааи таъриҳӣ - фарҳангии “Истиқлол” боғи фароғатӣ бунёд карда шуд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Соли 2018 барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр шиногоҳи соҳили дарёи “Сир” аз нав эҳё гардид.

Дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҳарчӣ бештар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри бостонӣ, дар боғи Камоли Хуҷандӣ ба бунёди роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаҳои “Форел” дар кўчаи Сирдарё ва “Темурмалик” дар хиёбони Раҳмон Набиев санги асос гузошта шуд.

Интизор меравад, ки соли ҷорӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи аҷам роҳи танобӣ ва тарабхонаи “Темурмалик” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...