(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят санаи 19-уми феврали соли равон дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот беш аз 400 нафар хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Вохӯриро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, бо шароитҳои таҳсил ҳозиринро шинос намуд. Баъдан ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода оид ба таҳсил дар донишгоҳ ва имкониятҳо баромад намуд. Сухани навбатӣ ба ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор дода шуд, ки ӯ низ ҳамагонро бо шароитҳои донишгоҳ шинос намуд.

Зимни суханронии хеш директори ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ зикр намуд, ки донишкада дорои тамоми имконият ва шароит барои донишандӯзӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки робитаи хориҷии донишкада сол то сол вусъат ёфта истодааст. Саидӣ Дилафрӯз аз шароити хобгоҳ, лабораторияҳои замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, раванди таълим ба ҳозирин иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки 50 нафар донишҷӯёни дар риштаи муҳандисӣ - технологӣ таҳсилдошта ба Олмон сафар намуда, дар самти технологияи маҳсулоти хӯрока, коркарди маҳсулот кишоварзӣ дар ин давлати мутараққӣ фаъолият бурданд. Донишкада бо 200 муассисаҳои олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас дастёб шудааст. Маҳз вусъати ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки баҳри баландбардории сатҳи дониш ва ивази таҷриба устодони донишгоҳҳои Латвия, Литва, Полша ва ғайраҳо ба донишҷӯёни ДПДТТ дарс гуфтаанд.

Вохӯрӣ бо суханронии директори ДИС ДТТ Олимӣ Рауф хотима ёфт, ки номбурда низ хатмкунандагонро бо вазъи таълим шинос кард. Хатмкунандагон ба саволҳои худ, ки вобаста ба раванди таълим дар муассисаҳои олӣ мебошад, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд. Хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд аз ин вохӯрӣ бо шароитҳои донишгоҳу донишкадаҳо маълумот пайдо намуданд. Боварӣ дорем, ки ҳар яке дар интихоби муассисаи олӣ ва касб устувор буда, ояндаи худ ва Ватанро обод мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...