(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, аз қабили ҷинояткорӣ, терорризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, прокуратура, ҷавонон, хадамоти муҳоҷират ва муҳассилини мактаби номбурда мулоқот баргузор гардид.

Беҳруз Қурбонзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар маърӯзаи худ доир ба хатари терорризму эстремизм маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр дошт, ки афзоиши хатарҳои терроризм ва экстремизм сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз таҳдидҳои ин зуҳуроти номатлуби аср Тоҷикистон низ истисно нест. Ва мубориза бо ин зуҳурот фақат кори мақомоти қудратӣ ҳисоб нашуда, аз ҳар фарди худогоҳу хештаншинос масъулияти ҷиддӣ тақозо мекунад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ва экстремизм баланд бардоштани маърифату дониши мардум, хусусан ҷавонон мебошад. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас пешниҳод шудаанд, ки бояд сармашқи фаъолияти ҳамагон бошад.

Мавсуф таъкид намуд, ки азбаски ҷавонон неруи бузург ҳастанд, дар ҳама давру замон аз ин неру душманони миллат истифода карда, онҳоро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хеш моил месозанд. Танҳо ҷавонони солимфикру босавод метавонанд ояндаи дурахшони миллати худро фароҳам созанд. Ва дар ташаккули насли ҷавон волидайн нақши муҳим доранд. Бояд падару модари дурбину некандеши мо дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саъю талоши бештар ба харҷ диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки решакан намудани зуҳуроти номатлуб- терроризм ва экстремизм, ки хатари рақами аввали ҷомеаи ҷаҳонист, аз масъулияти волидайн вобастагии зич дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ аз ин дидгоҳ мавриди амал қарор дода шудааст, то ин ки мо дар тарбияи фарзандони хеш масъулият дошта бошем. Иҷро нашгудани муқаррароти қонуни мазкур ба шаҳрвандон ҷавобгариро пешбинӣ намудааст.

Беҳруз Қурбонзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Сарвари давлати мо ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз пайомадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд.

Рисолати ҳар як шаҳрванд аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои ободии Ватан бо дилу нияти пок заҳмат кашад. дар ҷомеаи имрӯза терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти ҷомеъа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёде ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср дар гузашта низ домангири ҷомеъаи инсонӣ буд, вале охири асри ХХ он дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръат ташаккул ёфта, ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст. Дар поёни маърӯзаи худ Беҳруз Қурбонзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд бо овардани мисолҳои дақиқи қонуншиканӣ аз ҷониби хонандагон, даъват ба амал овард, ки бо донишу рафтори намунавӣ ба камол расида, баҳри ободии сарзамини хеш саҳмгузорӣ намоянд ва падару модарашон аз онҳо ифтихор намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, хадамоти муҳоҷират, ҷавонон ва дигарон баромада намуда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён доштанд.

Мулоқот дар фазои озоду ошкоро ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...