07 Феврал 2019
Имрӯз бо мақсади рушди намуди варзиши сабук ва ҷалби васеи омма, алалхусус наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ мусобиқаи кушоди интихобии шаҳри Хуҷанд оид ба варзиши сабук байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 40 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Мусобиқа байни мардон аз рўи барномаҳои давидан ба масофаи 60м, 200м, 400м, 800, 1500м, ҳаво додани диск (2кг), партофтани найза (800г) ва ҷаҳидан ба дарозӣ ва байни занҳо аз рўи барномаҳои давидан ба масофаи 60м, 200м, 400м, 800, 1500м, ҳаво додани диск (1кг), партофтани найза (600г) ва ҷаҳидан ба дарозӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа 16 нафар сазовори ҷои якум, 16 нафар сазовори ҷои дуюм ва 16 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд