(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз 16 ноябри соли 2017, №1469 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №587 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар соли 2018 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра қисми даромади буҷети махаллӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 155402,4 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан маблағи 155540,0 ҳазор сомонӣ ва ё 100,1 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 137,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 18863,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 113,8 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 2530,1 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳр бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 375920,7 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 380425,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 4505,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва ё 101,2 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ маблағи 37808,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 111,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 7746,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ва миёна бо назардошти андози иҷтимоӣ дар аввали соли 2018 маблағи 23271,8 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ҳолати 1 январи соли 2019 маблағи 18908,6 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4363,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 160372,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 154074,7 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 96,1 фоизро ташкил намуд.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳр аз рўи соҳаҳо чунин мебошад, аз ҷумла:

Дар ин марҳила барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 3069,7 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъминоти маблағ дар ин давра 3013,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 98,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи «Мудофиа» хароҷот ба маблағи 205,7 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 200,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 97,6 фоиз мебошад.

Барои соҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиби ҳуқуқ» ба маблағи 1691,9 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирифта шуда, дар ин марҳила ба маблағи 1584,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки нисбати нақша 93,6 фоизро ташкил медиҳад.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Маориф» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 86297,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмини он 83844,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати маблағи нақшавӣ 2453,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва иҷроиши нақшаи соҳа ба андозаи 97,2 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соли 2018 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 31111 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр маблағи 33586,9 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 33469,6 ҳазор сомонӣ ва ё 100,0 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 27460,7 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 82,0 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2018 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8454 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 16167,0 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 15869,5 ҳазор сомонӣ ва ё 98,2 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 12021,4 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 75,8 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Нигоҳдории тандурустӣ» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 43651,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, амалан ба маблағи 40133,9 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбати маблағи нақшавӣ 3517,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва иҷроиши нақшаи соҳа ба андозаи 91,9 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» хароҷот ба маблағи 2105,3 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирафта шуда, амалан иҷроиши он ба маблағи 2032,0 ҳазор сомонӣ расид, ки ин нисбати нақша ба 96,5 фоиз рост меояд.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 17674,8 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирифта шуда, таъмини он 17674,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати маблағи нақшавӣ 100,0 фоизро ташкил медиҳад.

Барои таъмини хароҷотҳои соҳаи «Фарҳанг ва варзиш» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 4149,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмини маблағ дар ин давра 4096,3 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати нақшаи аниқшуда 98,7 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор» ба маблағи 189,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирафта шуда, таъмини маблағ дар ин давра 160,6 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати нақшаи аниқшуда 84,7 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Сохтмони асосӣ» бо дигаргуни ва иловаҳояш ба маблағи 546,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмини маблағ дар ин давра 545,9 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати нақшаи аниқшуда 99,9 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Нақлиёт ва камуникатсия» ба маблағи 261,3 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра ба маблағи 261,3 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин 100,0 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соҳаи «Хароҷотҳое, ки ба гурўҳҳои дигар шомил нашудаанд» 530,0 ҳазор сомонӣ бо дигаргуни ва иловаҳояш ба нақша гирифта шудааст.

Умуман, дар давоми соли 2018 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 130106,6 ҳазор сомонӣ ва ё 84,4 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 85526,1 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 55,5 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар соли 2018 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд нақша бо тағйиру иловаҳояш маблағи 26773,1 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, иҷроиши амалии он маблағи 26759,8 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 100,0 фоиз иҷроиши маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳрро ташкил медиҳад. Умуман, дар соли 2018 аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои зерин аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда ба маблағи 26773,1 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо тағйиру иловаҳояш тасдиқ карда шудааст. Аз ҷумла:

1. Азнавсозии мактаб-гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ ба маблағи 13749,4 ҳазор сомонӣ.

2. Азнавбарқароркунии боғчаи бачагонаи №28, воқеъ дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 4247,4 ҳазор сомонӣ.

3. Азнавбарқароркунии чойхонаи Сирдарё дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ.

4. Азнавбарқароркунии толори варзишӣ ва ошхонаи МТМУ-и №5 дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи 240,0 ҳазор сомонӣ.

5. Сохтмони иншооти ёрирасони (ҳавзи шиноварӣ) мактаб барои 1296 талаба дар маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2998,1 ҳазор сомонӣ.

6. Бунёди боғи фарҳангии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, воқеъ дар маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ.

7. Азнавбарқароркунии хона-мусиқии бачагона, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ба маблағи 800,0 ҳазор сомонӣ.

8. Сохтмони хобгоҳ барои 200 ҷой ба хонандагони мактаби болаёқати шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалик ба маблағи 163,6 ҳазор сомонӣ.

9. Азнавсозии боғчаи бачагонаи №3, воқеъ дар кўчаи Раҳимбердӣ Эгамбердиев (кўчаи Лермонтов) ба маблағи 1498,1 ҳазор сомонӣ.

10. Нақшаи муфассали банақшагирии кўчаҳои протоколии шаҳри Хуҷанд (ПДП) ба маблағи 346,2 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо.

Дар соли 2018 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр 4313,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи «Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ» маблағи 288,3 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Мудофиа» маблағи 49,5 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиби ҳуқуқ» маблағи 193,7 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи “Маориф” маблағи 130,0 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» маблағи 706,5 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» маблағи 2776,9 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Фарҳанг ва варзиш» маблағи 158,4 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи “Хароҷотҳои дигар” маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ равона карда шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷрои моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшудаи маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 1289,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 20 фоиз аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт» маблағи 258,0 ҳазор сомонӣ ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба истиснои 20 фоиз ба «Фонди  стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт», 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 51,6 ҳазор сомонӣ ҳисоб гардида, ба фондҳои дахлдор пурра пардохт карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 43,5 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардианд.

Дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда дар соли 2018 ба Муассисаҳои давлатии «Марказҳои саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 83,9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Дар соли 2018 ба 60 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар соли сипаришуда 20970 сомонӣ, ба 36 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар соли сипаришуда 9475 сомонӣ, ба 28 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар соли сипаришуда 8100 сомонӣ ва ба 20 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар соли сипаришуда 5760 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 65 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят ба маблағи 76725 сомонӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2018 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 199575 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 197890 сомониро ташкил дод.

Бояд кайд кард, ки дар соли 2018 барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҷумла дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр ба 30 нафар шаҳрвандони камбизоат барои дафнпулӣ маблағи 30000 сомонӣ, ҷиҳати расонидани кўмаки моддии яквақта ба 82 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 102240 сомонӣ, барои расонидани кўмаки яквақтаинаи молиявӣ ба 200 нафар донишҷўёни фаъол ва аз оилаҳои ниёзманд маблағи 20000 сомонӣ, барои гузаронидани Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 10900 сомонӣ, барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва ҷиҳати расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба муносибати 73-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба маблағи 8400 сомонӣ, инчунин шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо медалҳои махсус сарфароз гардидаанд ба маблағи 32000 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 40400 сомонӣ пардохт карда шуд. Инчунин, аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ барои гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 29 солагии баровардани Қўшунҳои собиқ Иттиҳоди шўравӣ аз хоки Афғонистон ва 25 солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7250 сомонӣ пардохт карда шуданд.

Дар соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр барои маблағгузории «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинишуда 12000 сомонӣ ва 477900 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети маҳаллӣ ба ин мақсадҳо равона карда шудааст.

Инчунин, ҷиҳати татбиқи барномаи давлатии «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағи 10000 сомонӣ, барои дастгирии моддӣ ба 22 нафар раисони шўрои занони маҳаллаҳо маблағи 66200 сомонӣ, барои ба рўзномаю маҷаллаҳои даврӣ обуна намудани 30 нафар раисони шўрои занони кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолзанон маблағи 3360 сомонӣ, барои баргузории маҳфили «Кошонаи саодат» маблағи 4800 сомонӣ, барои гузаронидани озмуни беҳтарин суруди «Алла» бахшида ба таҷлили «Рўзи модар» маблағи 9565 сомонӣ, барои баргузории спартакиадаи варзишӣ байни донишҷўдухтарон маблағи 2161 сомонӣ, барои баргузор намудани озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» маблағи 5500 сомонӣ, барои грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018 маблағи 169160 сомонӣ, барои баргузор намудани озмунҳо бахшида ба «Рўзи байналмилалии оила» маблағи 4356 сомонӣ, ҷиҳати расонидани кўмаки моддӣ ба 15 нафар ҷавонписарон барои соҳиби касб гардидан дар мактаби мутаҳидаи техникии ТҶММ-и шаҳри Хуҷанд маблағи 41476 сомонӣ, дар 22 маҳаллаҳои шаҳр раисони ҷавонони маҳаллаҳо бо музди меҳнати ҳармоҳа ба андозаи 600 сомонӣ таъсис дода шуда, дар давоми соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ ба маблағи 198000 сомонӣ ҷудо ва сари вақт ҳар моҳ ба ин мақсад маблағҳо равона шуданд.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсати молияи шаҳр тибқи нақшаи корӣ дар як қатор ташкилоту муассисаҳои аз тарафи буҷети маҳаллии шаҳр маблағгузоришаванда (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тандурустӣ, мактабҳои варзишӣ, шўъбаи фарҳанг ва ғайра) оиди риояи интизоми штатию молиявӣ ва дурустии пардохти музди меҳнат мувофиқи ҷадвали басти вазифаҳо ва тарификатсияи кормандони соҳаҳои буҷетӣ таҳлилҳо гузаронида шуданд.

Таҳлили мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 31 муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағи 163833 сомонӣ камбудиҳои молиявӣ, аз ҷумла хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 77523 сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 33793 сомонӣ ошкор ва маблағҳои мазкур пурра ба даромади буҷети давлатӣ барқарор карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.


Абдусалом  Бобоҷонзода, сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз496
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3254
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9588
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20328
mod_vvisit_counterҲамин моҳ65451
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта100548
mod_vvisit_counterҲамагӣ2113077