(0 овоз, миёна 0 аз 5)


Тоҷикистон тоза ба истиқлолият расидаву ҷойгоҳи худашро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо намуда истодааст. Пешравиҳои кишварро ҳамагон мебинему аз онҳо пурра огоҳӣ доред. Лекин чунин пешравии босуръат дар ҳама самтҳо на барои ҳамаи давлату созмонҳои байналмиллалӣ писанд аст. Бо касб кардани соҳибихтиёрӣ шумораи ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ба маротиби зиёд гардид. Бо баҳонаҳои гуногун ин созмонҳо Тоҷикистонро мавриди танқид қарор медиҳанд.  Аз озодии баён шиква менамоянду аз маҳдудиятҳои динӣ гила мекунанд. Ҳамаи онҳое, ки имрӯз аз Тоҷикистон интиқод менамоянд, аз ҷониби ИМА кишварҳои Аврупоӣ пуштибонии молиявӣ меёбанд, ки албата ба манфиатҳои милии кишвар созгор намебошанд.


Дар давоми 10-15  соли охир сару садоҳо дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳое монанди «freedom house», «amnesty international» ва дигарон ба ҳукми анъана даромаданд.  Созмонҳои мазкур тамоми ашхосе, ки аз ҳукумати кишвар норозӣ мебошанд, гирди худ ҷамъ намуда, бо ёрии онҳо манфиатҳои хоҷагони худро амалӣ месозанд.

Новобаста аз оне ки онҳо иқрор нестанд, аммо барои ҳамагон ошност, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико ва кишварҳои Аврупо назорат ва роҳандозӣ мегардад. Барои мисол метавон аз суханронии Ҷемс Клеппер директории Раёсати марказии кашшофии ИМА ёдовар шуд. Ӯ замони роҳбарии ин ниҳод дар назди Конгрес суханронӣ намуда, қайд карда буд, ки ба хотири поин бурдани нуфӯзи Русия дар Ховари Наздик ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 4,3 млрд доллар хоста буд, ки танҳо барои  кишварҳои ИДМ 953 миллион доллари он равона гардид.  Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳамарӯза Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ бо баҳонаи «озодии сухан» мавриди ҳамлаи ҳамингуна ташкилотҳои қарор мегиранд. Манфиатит онҳоро то ин замон мардумони оддӣ эҳсос накардаанд. Ягона фаъолияташонро дар иғвоангезиву ҷангандозӣ, бадном кардани ҳукумат ва давлат дидаему халос.

Яке аз чунин созмонҳои «демократихоҳ» созмони Freedom House мебошад. Созмони мазкур аз соли 1973 шохиси  давлатҳоро аз нуқтаи назари «озодӣ» омода менамояд. Охирин гузориши ин созмон ҳафтаи равон ироа  гашт, ки 195 кишвари дунёро фаро гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҳисоботи ин созмон ҳамчун кишвари ноозод баён шудааст. Муаллифони гузориш даъво пеш овардаанд, ки гӯё ба  гуногунандешон фишор оварда мешаваду онҳоро намегузоранд, фаъолиятҳои сиёсии худро озодона анҷом расонанд. Гӯё дар кишвар таъқиби озодандешон идома дорад. Бо ибораи дигар соҳибони ин созмонҳо талош намуда истодаанд, ки ба имиҷи Тоҷикистон  дар арсаи байналмиллалӣ зарба зананд. Вале, ба саволи он ки кӣ ба онҳо иҷозат додааст, ки ба корҳои дохили як кишвари дигар дахолат кунанд, касе ҷавоби возеҳ надодааст. Барои чӣ як ташкилоти аврупоӣ ба худ иҷозат медиҳад, ки нисбати кишварҳои алоҳида чунин баҳогузорӣ намояд? Маълум аст, ки ташкилоти мазкур танҳо аз ҷониби чанд кишвари Аврупоӣ маблағгузорӣ мешавад, ва ҳатман ин ташкилот аз паи амалӣ намудани манфиатҳои ҳамон давлат мебошаду халос.

Аз Тоҷикистон гила доранд, ки фаъолияти ҳизбҳои хусусияти динидоштаро маҳдуд менамоянду намегузоранд, ки онҳо инҷо расман фаъолият намоянд. Вале, ба суоли кӣ бояд ҳимоя манфиатҳои миллии Тоҷикистонро аз дасти чунин аҷнабипарастон ба зима гирад, ин созмон посух надодаанд. Нагуфтаанд, ҳукумати кишвар маҷбур шуд, то ин ки сулҳу субот дар кишвар пойдор бошад, даст ба чунин иқдом зад. Ҳаргиз онҳо ингуна масъалагузорӣ наменамоянд. Зеро ин тавр масъалагузорӣ намудани ин созмон ба нафъи эшон набуду нест. Созмони мазкур ва созмонҳои ба ин монанд, намехоҳанд, ки ғайр аз кишварҳое, ки онҳоро маблағгузорӣ менамоянд, пеш раванду тараққӣ намоянд. Тараққӣ намудани давлатҳои дигар, махсусан кишварҳои пасошӯравиро умуман дидан намехоҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам ташкилотҳои террористиии дохиларо маблағгузорӣ менамоянду ҳам барои ҳимояи онҳо созмонҳои худро «роҳсипор» менамоянд, то ин ки худро танҳо эҳсос нанамоянд.

«Freedom House», ташкилоте мебошад, ки 80% маблағи он аз ҳисоби буҷаи Департаменти давлатии Амрико пардохт мешавад.  Дар ҳоле ин созмон аз озодиву беғаразона будани фаъолияташ ҳарф мезанад, ки то соли 2005 собиқ директории Раёсати марказии кашофии ИМА (ЦРУ) Ҷемс Вулс роҳбари ин ташкилотро ба ӯҳда дошт. Модоме чунин шахсиятҳои калидӣ ин созмонро роҳбарӣ менамоянд, пас чӣ гуна ба беғаразона будани гузоришҳояшон эътимод намуд?!

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ маҳз семинарҳои ҳамин ташкилот буд, ки дастпарваронаш тавонистанд, дар Гурҷистону Украина, кишварҳои арабии Мисру Либия даст ба тазоҳурот зананду инқилобҳои ранго барпо намоянд. Худое накунад, ки дар кишварҳои мо низ ҳамингуна семинарҳои ғаразнок барпо намоянд.

Шамсиддини Шӯҳрат, сокини н.Шоҳмансур, коршинос



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз212
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2374
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7754
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16583
mod_vvisit_counterҲамин моҳ44603
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта68252
mod_vvisit_counterҲамагӣ1637060