(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20-уми ноябри 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи  Балҷувони вилояти Хатлон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз кӯдакӣ ба нависандагӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва барои ба ҳадафи бузурги хеш расидан ҳамеша кӯшиш ва саъю талош менамуд.

Шодравон Сайф Раҳимзод яке аз нависандагон ва рӯзноманигорони барҷастаи охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ба ҳисоб меравад. Навиштаҷоташ таҷассумгари меҳру муҳаббат, эҳтиром, сулҳу субот ва арзишҳои инсонӣ мебошад. Устод Раҳимзод дар мусоҳибаҳояш ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ таъкид менамуд. Вай дар нигориши сухан сабку услуби хоси худро дошт. Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо афроди афкорашон барои ҷамъият хавфнок бо қалам мубориза мебурд. Ин рӯзноманигор ва нависандаи забардаст дар тарғиби таҳкими ғояҳои давлатдории сохти конститутсионӣ нақши босазое дорад.

Бо ташаббуси устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳангоми раҳбарии  Кумитаи радио ва телевизион дар фаъолияти васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон навгониҳо ба амал омаданд. Ӯ ҳамеша аз заруроти дастрасии ҷомеа ба озодии сухан мегуфт. Сайф Раҳимзоди Афардӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷа низ ҳамчун нависанда ва рӯзноманигор шинохта буд.

Устод Раҳимзод илова бар камоли касбияташ ҳамеша дар пайи омӯзиш буд. Шуғли дӯстдоштаи устод китобхонӣ буд. Ӯ дар ҷомеа, дар миёни омма хеле муаддабона муносибат мекард. Устод Афардӣ шогирдони зиёде дорад, ки ҳоло аз устодашон бо ифтихор ёд мекунанду набуданашро эҳсос мекунанд. Ҳайҳот, ки халқи тоҷик ба мисли ин гуна фарзандони муваффақи худро аз даст додааст. Устод Афардӣ дар оила хеле мушфиқу меҳрубон буд. Фарзандонро дар роҳи меҳри илму маориф, худогоҳиву худшиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия мекард.

Дар тӯли фаъолияташ ӯ аз он ифтихор дошт, ки Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол гаштааст. Мехост дар он вазъи саргумии халқи тоҷик миллати тоҷикро бовар кунонад, ки ояндаи дурахшон ва мутараққӣ онро интизор аст.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар тарғиби таҳкими сиёсати Ҳукумати навтаъсиси демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон пешсаф буд. Мардумро ба сулҳу субот ва оромӣ даъват менамуд. Вай ҳамчунин, дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоии худ ҷиҳати ҷалб намудан ва бархурдории мардум аз адабиёту санъати суннатии худ таъкид медошт.

Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҳрони сиёсӣ қарор дошт, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо назардошти бастани Созишномаи истиқрори сулҳ онҳо аз ибтидо ваъдашиканӣ менамуданд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҷумлаи он ашхосе буд, ки чунин гурӯҳҳоро зери тозиёнаи танқиди шадид қарор медод.  Ӯ дар суханрониаш меафзуд, ки на бояд бо чунин ғояҳои паст дар ҷаҳони мутамаддин даъвои қудрати сиёсӣ дошта бошанд. Ба ақидаи Сайф Раҳимзод чунин афкори носолим моро ба гузашта  бармегардонад. Мутаасифона, 20-уми марти соли 2000 дар наздикии хонаи истиқоматиаш устоди суханро гумоштагони гурӯҳи иртиҷоии ТЭТ ҲНИ бо фармони роҳбарони он мавриди ҳамла қарор доданд, ки бар асари он ба ҳалокат расид. Халқи тоҷик муборизи қаламбадасти худро аз даст дод. Боз як суханвари мумтози адабистони тоҷик аз байни мо тоҷикон рафт. Воқеан, мусибат аст, вақте ки як равшанфикр аз ҷомеа дур мешавад. Чунки чароғи дониши он ба ҳама нурпошӣ мекарду ҳоло ки хомӯш шудааст, ҷомеаро хатари ҷаҳолат таҳдид мекунад.


Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...