(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муҳассилин ва роҳбарияти гимназияи ба номи Гёте, ҷоизадорони озмуни байналмилалии экологӣ, мукофоти султони АМА Зайд ибн Султон, ки дар шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ба даст омада буд, ба ҳузур пазируфт.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин дастовард моро аз он хушнуд намуд, ки хонандагони шаҳри Хуҷанд на танҳо дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, ғолибият ба даст оварда истодаанд, ки он ба обрую нуфузи кишвари маҳбубамон дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор аст. Ин ҳама натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлаат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки давлатдорӣ қарор додаанд, ҳамзамон баҳри таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ пайваста талош меварзанд.

Сипас, хонандагони синфи 10-и гимназияи Гёте Таҳминахон Холиқова, Далер Дадобоев ва омӯзгори экология Заррина Мирзошарипова аз таасуроти худ доир ба озмуни мазкур ба шаҳрдор маълумот доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин озмуни бонуфуз аз 130 давлат 2100 лоиҳаҳо пешкаш шуда, ба даври финалӣ дастаҳо аз 31 давлати ҷаҳон таклиф карда шуда буданд. Дастаи гимназияи ба номи Ё.В. Гёте Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, лоиҳаи худро оид ба истифодаи энергияи алтернативӣ (энергияи офтоб) пешниҳод намуд ва боиси сарфарозист, ки дар қатори 10 нафар ҷоизадорони озмун хонандагони гимназия аз барандагони озмун эълон гардиданд. Ин имкон медиҳад, ки аз ҷониби муассисони озмун соли ҷорӣ гимназияи мо бо таҷҳизоти офтобии таъмин карда мешавад.

Таъкид шуд, ки озмун дар се марҳила сурат гирифта, он дар Масдар-ситии шаҳри Абу-Дабии АМА ҷамъбаст шуд. Дар маросими ҷоизасупории озмун шайхи АМА шоҳзодаи Абу-Даби Муҳаммад ибн Заид Ал Наҳайян, пешвоён ва намояндагони давлатҳои ғолиб, вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, инчунин соҳибкорони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва хайрхоҳон иштирок доштанд. Ҷоизаҳоро ба ғолибон худи шайх Муҳаммад ибн Заид Ал Наҳайян супорид ва якояк ғолибонро табрик намуд ва саҳми онҳоро дар амали истифодаи энергеяи алтернативй дар рушди устувор қадр намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки ғолибон минбаъд низ корҳои созандаи худро барои ҳалли проблемаҳои экологӣ давом диҳанд ва саҳми худро барои равнақ додани иқтисодиёти кишвари худ гузоранд.

Ҳайати ҳакамони озмун дар 5 номинатсия «Саломатӣ», «Хӯрока», «Энергия», «Об» ва «Саҳми муассисаҳои таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ» 10 ғолибонро муайян намуданд. Дар 4 номинатсияҳои аввал дар доираи васеъ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар рушди устувори обтаъминкунӣ, тандурустӣ, хурӯки умум ва системаи энергия ба ҳар як ғолибон 2.2 миллион реолӣ ва ё 600 ҳазор доллари амрикой мукофот супорида шуд. Дар номинатсияи моделҳои устувори таълими экологӣ ва ё саҳми муассисаҳои таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба 6 даста 100 ҳазор долларӣ ҷоиза супорида шуд. Аз ҳар қитъа як ғолиб муайян карда шуд. Аз қитъаи Африка (Sub-Sahara Africa) академияи мусиқии Суб-Сахара (The African Leadership Academy), аз қитъаи Амрико дастаи мактаббачагони Гватемала (The Impact School - Estrella De Mar), аз қитъаи Осиёи ___ (East Asia & Pacific) дастаи мактаббачагони Филипин (Muntinlupa National High School), аз қитъаи Осиёи ____ (South Asia) дастаи мактаббачагони Ҳиндустон (Students' Educational and Cultural Movement of Ladakh), аз қитъаи Авруосиё дастаи Гимназияи ба номи Ё.В. –и шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз минтақаи АМА дастаи мактаби амрикоии ш. Дубай (American School of Dubai) ғолиб дониста шуданд.

Санаҳои 11-14 декабри соли равон ба шаҳри Хуҷанд намояндагони кумитаи тадорукоти даври финалии XI озмуни байналмилалии экологӣ барои ноил шудан ба мукофоти султони АМА Зайд ибн Султон аз ш. Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷон Саммон - продюсери наворбардорӣ, Бенҷамин Притхард – аксбардор, Шелдон Монтис – муҳандис-наворбардор ташриф оварда буданд ва ин навор дар ҳузури ҳамаи иштирокдорон намоиш дода шуд. Дар он оид ба вазъи таълим ва тарбияи экологӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, алалахусус дар МТУҒ «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте» сабт шуда буд. Дар вақти муаррифӣ хонандагон дар бораи фаъолияти маҳфили “Экологони ҷавон”-и гимназия, дар боари гузаронидани аксияи велосипедронон “Мо тарафдори ҳавои тоза”, таҷрибаи лабораторӣ оиди электролиз, оиди тайёр намудани компост нақл намуда, кор дар буғхонаи гимназияро нишон доданд, шанбегиҳоро дар гиназия ва дар соҳили дарёи Сир гузарониданд. Рақибони гимназия дар бахши “Рушди устувор дар муассисаҳои таълимӣ”-и аз қитъаи Евроазия Армения ва Британияи Кабир буд, ки ғолибият насиби муҳассилини тоҷик гардид.

Дар маросими мукофотсупорӣ Тахминахон Холиқова, Далер Дадобоев, Заррина Мирзошарипова изҳор доштанд, ки дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас ба анҷом дода шуда истодааст ва минбаъд бо истифодаи воситаи энергияи офтоб дар гимназия хароҷоти нерӯи барқро коҳиш медиҳанд.

Бояд кайд намуд, ки барои Таҳминахон Холикова ин ғолибият дар соли ҷори аввалин набуда, пештар санаҳои 3-7 декабри соли 2018 ӯ дар даври финалии олимпиадаи XVI байналмилали аз фанни забони русӣ дар пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Москва иштирок намуда, ба гирифтани ҷои аввал дар номитансияҳои «Наттоқи беҳтарин» ва «Беҳтарин донандаи таърих ва фарҳанги Россия» ноил гардид ва байроқи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бардошт.

Директори гимназияи Гёте Фирӯза Каримова иттилоъ дод, ки дар озмуни дигари байналмилалӣ хонандагони гимназия боз ба як ғолибият ноил гардиданд. Моҳи октябри соли 2018 хонандагони синфи 10А гимназия Махкамҷон Раупов ва Шоҳина Холматова бо роҳбаладии омӯзгори забони немисӣ Мирбобоева У.А. дар озмуни лоиҳавӣ дар мавзуйи «Ҷаҳони бохирад», ки аз тарафи ZfA – хадамоти омӯзиши забони олмонӣ дар хориҷа ва PAСSH – Хадамоти мактабҳое, ки забони немисӣ омӯзонида мешавад гузаронида шуд, иштирок намуда, аз 80 иштирокдорони давлати ҷаҳон ҷои аввалро сазовор гардиданд. Мукофоти ғолибони ин озмун сафар ба ш. Мюнхени ҶФО санаҳои 03.02.2019 то 12.02.2019 барои шиносоӣ бо рушди технологияи навин, смартҳо таин карда шудааст. Хароҷоти роҳкиро, истиқомат ва чуброни дигари хароҷоти сафарҳои хизматиро таклифкунандагон ба уҳдаи худ мегиранд.

Дар охир Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода омодагии хешро ҷиҳати мусоидат барои иштироки фаъолонаи хонандагон дар дигар озмунҳои байналмилалӣ изҳор дошта, таъкид намуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи Давлату Ҳукумат муҳассилин тамоми истеъдод ва қобилияти хешро истифода ва барои ташаккулёбӣ равона сохта, фарзандагони баору номус ва парчамбардори Ватан ба воя расанд.

Дар анҷоми мулоқот Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони озмуни байналмилалӣ китоби тозанашри “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун”-ро тақдим намуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...