(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2018 бо иштироки беш аз 40 нафар журналистони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири омодагӣ ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода “Дар бораи эълон гардидани 1300 рўзи ободонию созандагӣ” давоми соли 2018 дар самти суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ устуворӣ ва тақвият бахшида шуд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо фарогирии 341 банд,аз ҷумла сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи чорабинии мазкур бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқо-матии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст ва то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар маҷмўъ то имрўз дар доираи тарҳҳои пешбинишуда, аллакай 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бомуваффақона иҷро шуд. Ва дар ин самт як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо имкон дод, ки дар шаҳри Хуҷанд наздик 900 ҷойи нави кори доимӣ таъсис дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 61 банди нақшаи чорабиниҳои тадбирҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёди як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, саноатию хизматрасонӣ ва маъмурӣ идома дорад.

Таъкид шуд, ки дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар, яъне ба мамлакати индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва афзун намудани ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Бори аввал дар таърихи Истиқлолият маҷмуъи маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд ба 1 миллиард сомонӣ расонида шуданд. Дар самти тақвияти иқтидори соҳаи саноати кишвар, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ба 163 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8 адад афзудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба миқдори 1132,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,8 млн. сомонӣ ё 11,9 дар сад афзудааст. Дар шаҳр 86 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 63 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 11 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 188,4 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳаҷми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 5,2 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Инчунин аз ҷониби 54 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 318,9 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 38,2 млн. сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд мебошад. Тақвияти иқтидории нишондиҳандаҳои ҳамаи самтҳои иқтисодию иҷтимоии ин давра ба мо имкон дод, дар давоми соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 101,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 380,2 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида, 4,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 37,6 млн. сомонӣ ё 11,0 дар сад зиёд мебошад. Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр 155,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша бо назардошти ворид намудани таъғироташ 100,1 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 18,9 млн. сомонӣ ё 13,8 фоиз афзудааст. Бояд қайд намоям, ки соли равон буҷети шаҳр ба андозаи 419 миллион сомонӣ қабул карда шуд ва ин нишондиҳанда низ дар замони Истиқлолият дастоварди чашмрас мебошад.

Вобаста ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки тадбирҳои мушаххас андешида шуд ва дар соли сипаришуда зиёда аз 64,0 ҳазор нафар ба шаҳр ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳр бархурдор шуданд, ки аз онҳо 4,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ва 59,7 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ буда, гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 2,7 млн. сомонӣ мебошад. Ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҳарчӣ бештар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри бостонӣ, дар боғи Камоли Хуҷандӣ ба бунёди роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаҳои “Форел” дар кўчаи Сирдарё ва “Темурмалик” дар хиёбони Раҳмон Набиев санги асос гузошта шуд. Ин ҳама ҷойҳои нави корӣ ва ба ҷалби бештари сайёҳон оварда мерасонад.

Сипас, намояндагони расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла Мирзоаъзам Мақсудов (рӯзномаи “Садои мардум”), Афзал Босолиев (ШТР “Азия”), Мавлуда Рофиева (ОИ “Азия плюс”), Мадина Поччоева (ОИ “Суғднюс”), Қамари Аҳрор (рӯзноманигори мустақил), Маъсуми Муҳаммадраҷаб (радиои “Озодӣ”), Муҳайё Воситзода (рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”), Алишер Охунов (рӯзномаи “Фараж”), Ҷовиди Аштӣ (рӯзномаи “Ҷумҳурият”) Дадохони Эгамзод (маҷаллаи “Ноҳид”) ва дигарон доир ба муроҷиати шаҳрвандон, содироти маҳсулоти саноатӣ, тадбирҳои ободонӣ дар шаҳр, зимистонгузаронӣ, азнавсозии иншооти иҷтимоӣ ва ғайраҳо саволҳо дода, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷавобҳои қанотбахш гирифтанд.

Дар анҷоми нишатси матбуотӣ Маъруф Муҳаммадзода ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда баён дошт.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...