(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ Иди Сада бо шукуҳи шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба идгоҳ омада, нахуст аз намоиш-фурӯши ниҳолу кӯчат, гул, тухмиии зироатҳо боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар намоишгоҳ беш аз 200 ҳазор ниҳолу кӯчатҳои гуногуни ватанӣ пешниҳод шудааст, ки ба иқлими кишвар мутобиқ гардонида шудаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо дастранҷи боғдорони вилоят ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастур дод, ки баҳри афзун намудани кӯчати ниҳолҳои серҳосил ва содиротшаванда тадбирҳо андешанд. Роҳбари вилоят гуфт, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ мо бояд баҳри васеъ намудани бозори содиротӣ азм намоем. Коркарди мева дар дохили кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ба парвариши гулу гиёҳҳои нодир ва истифодаи он дар ҳаёти хоҷагии халқ аҳамияти хоса дода шуд. Таъкид гардид, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши ҳамагуна гулу гиёҳҳои нодир мувофиқ буда, баҳри расидан ба он завқу кӯшиш лозим аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ярмака фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши хӯрокаю шириниҳо ошноӣ пайдо намуда, ҷиҳати рушд ва афзун намудани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо номаи табрикотии худ ҳозиринро бо Иди Сада таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки ҷашни Сада аз ҷашнҳоест, ки аҷдодони мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд ва онро рӯзи расидан ба гармиву рӯзи нек меҳисобиданд. Туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷашну маъракаҳо ва оину русуме, ки солиён аз байн рафта буд, дубора эҳё гардид. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада амсоли ҷашни Наврӯзи дилафрӯз таҷлил карда мешавад. Ба ин маъно дар яке аз суханрониҳояшон Президенти кишвар таъкид сохтанд, ки «Миллати тоҷик, ки соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима аст, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Барномаи рангини консерти табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...