(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ин тадбир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани саноатикунонии босуръати иқтисоди миллӣ, ки ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, баргузор мешавад. Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр доштанд, ки «Мо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшем».

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки воқеан ҳам тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад. Дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба ҷамъбастии соли 2018 санаи 21-уми январи соли ҷорӣ баргузор гардид, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба воридоти зиёд маҳсулоти истеъмолшаванда изҳори нгаронӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бинобар сабаби пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохили кишвар содироти он ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш ёфта, ҳаҷми он дар соли 2018 - 93 ҳазор тоннаро бо арзиши 165 млн. доллар ташкил дод. Аз ҷумла, соли 2018 дар корхонаҳои нассоҷӣ 21 фоизи нахи пахтаи дар дохил истеҳсолгардида коркард карда шудааст. Дар ин замина ба идораҳои марбута дастур дода шуд, ки содироти нахи пахта манъ карда шуд.

Сипас, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар таъкид намуд, ки ҳадафи мо суръатбахши ба соҳаи саноат, афзун намудани молҳои воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Хол Ҳайдар дар ҷараёни мулоқот аз ҳар як роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд оид ба уҳдадориҳои истеҳсолӣ дар соли 2019 пурсиш ба амал оварда, эшонро ҷиҳати афзун намудани номгӯйи маҳсулот, бакорандозии иқтидорҳои бозмонда, самаранок истифода бурдани майдони ба истеҳсолотвобастагардида, баланд бурдани музди маош, таъсиси ҷойҳои нави корӣ вазифагузорӣ намуд.

Таъкид гардид, ки мо бояд дар самти расидан ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар, яъне ба мамлакати индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз тамоми имконоту захираҳо истифода карда, дар ободӣ ва шукуфоии ватани азизамон саҳмгузорӣ намоем.

Мулоқот дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом ёфт

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...