(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯри Юнус (Саийдюнус), аз кадом бойгонии хоҷагонаш номаи амири алайҳилаъна Олимхонро кофта бароварда ба мардум ҳамчун далели таърихӣ пешниҳод кардааст. Онро номаи амир ба Ҷомеа (Лига)-и Миллатҳо унвон намудааст. Оғоз мекунем,  ба таҳлили сарсарии ин нома. Ба масъалае ки чаро мардуми одӣ, ё ба ибораи амири манғит «аз аъло то адно» ҳама ӯро пушти по заданду ҳукумати мардумӣ таъсис доданд, ҷавоб хоҳем дод!?

Аҳли байти амир дар нафси кабира ғӯтавар, ба фисқу фуҷури оммавӣ машғул буданд. Ба масъалаи давлату давлатдорӣ ҳеҷ таваҷҷуҳе надоштанд. Дар кишварҳои гирду атроф соҳаи тандурустӣ ва маориф рушд мекард, вале бо камҳавсалагӣ, ки хоси  ҳалқаҳои ғуломи нафс дар девони амир буд, ҳама гирду атрофи пойтахти аморати Бухоро ифлосу мардум ба куллӣ аз бемориҳои сироятӣ ранҷ мебурданд.

Масъалаи калидӣ ва меҳварии аморат, ҳарамхонаи ҳазрати шариатпаноҳӣ, амир Олимхон буд. Аз 300 то 500 нафар зан дар ин ҳарамхона ба қонеъкунии нафси разилонаи аҳли манғития машғул буданд. Ин фоҳишахона бар замми сирояти фасоди ахлоқӣ, ба  корхонаи ғуломикунонӣ табдил ёфта буд. Нанги мардум як қирон ҳам арзиш надошт, сарҳадҳои номусии мардум шикаста мешуданд. Хати қирмиз вуҷуд надошт. Дар ин қисмат намехостам ба мулоҳизаҳои ахлоқӣ ба ин санади раднопазир дахолат кунем, вале ин курҳои авлодӣ моро мачбур карданд.

Ҳар сол бо  амри золимонаи кушбегӣ, масъулони андозҷамъкунӣ ба минтақаи кӯҳистони Бухорои Шарқӣ сарозер мешуданду мисли мӯру малах ҳамаро меруфтанд. На мушти ғалла мемонду на як сар гову гӯсфанд. Низоми андозбандиро устоди зиндаёд Айнӣ дар романи «Дохунда» бо як вазоҳати нағз тасвир кардааст. Барои бардасозии инсонҳо аз нақшаҳои шайтонии чоряккориву қарздеҳӣ сӯистифода мекарданд. Дар қатори молу чорво, ин гурӯҳҳои ҳаросафкан, ҳеч фарқе аз роҳзанҳо надоштанд, хилофи каромати инсонӣ, ба одамрабоӣ низ машғул мешуданд. Духтару ҷавонҳои зеборо ҳамчун «Туртоқ»-и ҳазрати амири олампаноҳ мебурданду ба ҳарамхона месупурданд. Тақдири ин туртоқшудаҳо барои шунидан аз мавқеи хонандаи ҳозира  нобоваркунанда аст, вале сокинони ин ҳарамхона то охири умр, ғулому канизи ҳалқабаргӯши ин разилхона мешуданд. Ҳамон ҷо мемурданду бе ному нишон мемонданд.

Низоми давлатдорӣ ба рукуди доимӣ дучор буд ва масъалаи маориф аз қориазёд кардани фанҳои нолозими беамал  иборат буд.  Мана хамин аст босмачии ту, кури Юнус (Сайидюнус).

 

Давом дорад

 

Кисамов Ф., сокини ш.Норак.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...