(0 овоз, миёна 0 аз 5)

(дар ҳошияи номаи Амир Олимхон ба Ҷомеаи Милал)

Дар пойгоҳи хабарию таҳлилии ифротии Мирзои Салимпул номаи амир Олимхон ба Лигаи миллатҳо ҷой дода шудааст. Номаро амир ҳангоми иқомат дар Афғонистон сентябри 1927 навишта, ба дасти намояндааш женерол Ҳоҷӣ Юсуфбӣ Муқимбӣ ба Ҷомеаи Милал («Созмони Маҷмаи Иттифоқи Милал») расондааст. Албатта, чунин навъи сарчашма дар баҳсу мунозираҳои ихтисосӣ роҷеъ ба муҳтавои салтанати амирӣ ва ҷойгоҳи он дар низоми зиндагии иҷтимоӣ кумак мекунад. Аз сўйи дигар, интишори номаи мазкур, ки аз тарафи амир унвонии Лигаи миллатҳо (имрўза Созмони Милали Муттаҳид) ироа гардидааст, ба паҳлуҳои гуногуни низоми сиёсии пўсидаи амирӣ ва ҳаракати босмачигарӣ равашанӣ меандозад.

Дар нома амир арзу доди худро аз болшевикҳо, ки салтанати зиёда аз садсолаи хонадони манғитияро барҳам доданд, ба ҳукуматдорони болоӣ (империалистони аврупоӣ) мерасонад. Амир дар бахши ифтитоҳияи  нома аз шукўҳу шаҳомати Бухоро, таърихи салтанати амирӣ, қудрату нуфузи шаҳри Бухоро дар миқёси кишварҳи исломӣ, низоми сиёсӣ, идорӣ, динӣ-мазҳабӣ, молиявӣ ва интизомии амирсолорӣ сухан дар миён оварда, худро амири содиқ, қонунӣ ва интихобии ҳукумати амирӣ донистааст. Зимни бечоранолӣ амир аз Лигаи миллатҳо хостааст, ки ба ҳукумати болшевикӣ хотима бидиҳад ва Бухороро ба  амир, ки фармонравои қонунии он аст, баргардонад.

Амир дар нома ба дурўғ мегўяд, ки тамоми мардуми Бухоро ҳавохоҳи ўянд ва бозгашташро мехоҳанд. Агар чунин буд ва «тамоми аҳолӣ – аз аъло то адно» ҳавохоҳи амир мебуданд, аскари Сурх ҳаргиз ғалаба намекард. Бо он ки амир ва думраваконаш (босмачиҳо)-ро империализми вақт дар симои Англия ва соири кишварҳои сармоядорӣ ҷонибдорӣ мекарданд, натавонист дар минтақа зиёд дошт диҳад. Пуштувонаи мардумӣ надоштан ва аз ҳама муҳим, пуштувонаи миллию маданӣ надоштани амир ва босмачиён иллати асосии шикасти онҳо буд ва на чизи дигар. Вагарна сармоягузорони хориҷӣ барои амалӣ гаштани нақшаҳои геополитикии худ сармояи ҳангуфтро ба дастаҳои босмачиён ва аксулинқилобиён ихтисос медоданд, то пирўзӣ насиби амир ва балегўёнаш гардад.

Дар номаи амир Олимхон нуктаҳои ҷолиб барои он нафароне дарҷ гардидааст, ки аз босмачӣ ва амирсолорӣ пуштибонӣ мекунанд. Махсусан, нафароне, ки лофи миллият мезананд ва босмачиёнро қаҳрамонони миллӣ меноманд. Онҳо (манзур амирони манғитӣ), аслан тоҷик набуданд ва ба заррае ҳам ба забон ва фарҳанги миллӣ  эҳтиром қоил набуданд. Бубинед амир дар номааш чӣ мегўяд: «Уламои исломии Бухоро амирро халифаи Пайғамбар ва ҳомии усул ва шариати исломӣ медонистанд. Хоноти Бухоро тамом аз тоифаи ӯзбаки манғит буданд… Подшоҳони Бухоро дар мавқеи ҷулус, бино ба одати муғул, дар рӯйи тушакчаи мутабаррика нишаста, сайидҳо ва хоҷаҳо ва муллоҳо ӯро аз замин бармедоштанд». Вақте ки «сайидҳо», «хоҷаҳо» ва «муллоҳо» амирро аз замин мебардоштанд, барои миллат чӣ ҷой боқӣ мемонад. Титулҳои мазкур ба миллӣ будани амирсолорӣ далолат намекунад, баръакс, дар хидмати киҳо будани давлатро нишон медиҳад. Умуми қазоия ва шаръия пурра дар дасти амир буд ва чӣ коре, ки мехост, анҷом медод, дар ин амр ба ў кӣ монеъ мешуд? Шариат ва қозиюлқуззот, ки аз ҷониби амир баргузида мешуд? Ба таъбири равшантар, давлат дар дасти як гурўҳ хурофотиёну мутаассибон буд ва онҳо парвои мардум ва халқи одиро надоштанд. Ҷорзаниҳои амир тавассути нома ба Лигаи миллатҳо (имрўза СММ) танҳо ба хотири баргардонидани салтанат буду халос. Амир ба тортуқу пешкашҳои бекҳо ва молиёти бебаркаши амирсолорӣ, ки ҳамаро якбора ихтиёрдорӣ мекард, пазмон шуда буд. Дар Афғонистон, он чи ки мехост, бароварда нашуд. Бо он канизу пешхизмату надимон, ки ҳамроҳи  амир фирорӣ шуда буданд, нафси бебаркаши амир қаноатманд намешуд. Ў зиёд мехост, вале мардуми Бухорои Шўравӣ, ки нав аз зулму бедоди ин зоти «шариф» наҷот ёфта буданд, дигар салтанат ва ҳукумати бедоди вайро намехостанд.

Дар мавриди Иброҳимбеки босмачӣ, ки ин шабу рўз таърифи ниҳоди босмачигарӣ мавриди васфу таърифи баъзе доираҳои расонаӣ шудааст. Амир дар нома мегўяд, ки: «Иброҳимбеги шердил асокири зиёде ҷамъоварӣ карда, ҷангҳои хунине бо асокири сурх намуд». Дуруст, Иброҳимбек барои амир шердил буд, зеро ки баҳри бозпас гирифтани салтанати амирӣ ва дар ҳолати рукуду ақибмондагӣ қарор додани мардум ва махсусан, мардуми тоҷик, ки аз одитарин ҳуқуқе бархўрдор набуд, муҳориба кардааст.

«Милали заъифа ва ҳимоят аз ситамдидагон» истилоҳотеанд, ки амир дар нома истифода бурда, аз Лигаи миллатҳо хостори бозпас гардонидани салтанаташ шудааст. Милали амирсолориро худи амир бо сиёсатҳои маърифаткуш ва зулмпарваронааш заиф сохт. Ба ҷойи он ки ба ситамдидагон раҳм кунад (ҳоло дифоъ не, ақаллан раҳм кунад), онҳоро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ дошт ва амалдорону ҳокимон ва рўҳониёну уламо – ин тоифаи муфтхўрони худро барои ғорату тороҷи милали заиф ва ситамдидаи Бухоро сафарбар намуд. Ҳар кӣ андак эҳсоси инсонӣ дорад, аз мутолиаи номаи амир пай хоҳад бурд, ки амир ба хотири чӣ нома навиштааст. Албатта, орзуи барқарор кардани амирсолорӣ ва ба кару фар идома додан хоби амирро ҳамеша ҳаром мекард, аз ин рў, бо истифода аз имкониятҳои дохилию хориҷӣ дар фикри бозпас гирифтани Бухоро буд. Дар баробари ин, мардум дар чӣ гуна вазъе зиндагӣ мекарданд ва амиру думравонаш чӣ касоне будаанд, ба аҳли фаҳм маълум аст. Авлодони амир ва босмачӣ имрўз ҳам, мутаассифона, дар фазои маҷозӣ ва зиндагии воқеӣ зиёданд ва барои эҳёи салтанати амирӣ, ки ба тоҷик ва тоҷикистонӣ чизе надодааст, саъю талош меварзанд.

Мо ҳаргиз бар он нестем, ки болшевикҳо бегуноҳанд ва ҳукумати шўравӣ ҳукумати бемислу монанд буд. Аммо танҳо тавассути ҳукумати болшевикӣ точик аввал соҳиби Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистӣ ва баъдан (соли 1929) дорои Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Магар ин кам буд? Ба тоҷике, ки аҳли зиёаш дар парешонӣ қарор дошт, давлат додан ва ҳудудеро бо исми Тоҷикистон ташкил кардан кори бад буд? Албатта, ба доираҳое, ки аз шунидани исми шўравӣ ва рус ҳассосият доранд, ин бад ва хеле бад аст. Онҳо дар ҳудуди аморати пўсидаи феодаолӣ зистан ва хидматкори амалдорону ҳокимону уламои мутаассиби аҷнабӣ буданро авлотар аз давлатдории шўравӣ медонанд. Бигзор, вале на ҳама мардуми тоҷик хостори бозгашти босмачӣ ва ҳукумати амирӣ мебошад. Бинобар ин, халқро ба ҳоли худ бигзоред, то худаш дар интихоби тақдир ва сарнавишташ тасмим бигирад. Ҳатто чанбари машинаи интиқодоти худро рўйи давраи амирӣ гардондан намехоҳанд, бо он ки ҳамеша аз интиқодмеҳвар будани худ садо баланд мекунанд, Чаро мо ҳаққи интиқоди давраи амирӣ ва тоифаи босмачиро надошта бошем? Нуқтаи заъфи насли ҷавони мо ҳамин аст, ки бештар қурбони афкори муғризонаи бархе хурофотию мутаассиб (Кабирӣ, Мирзои Салимпул, Дориюши Раҷабиён ва ғ.) мешаванд ва азбаски тафаккури таҳлилӣ надоранд, осонакак таҳти таъсири онҳо меафтанд ва интиқодро танҳо дар доираи мавзўоти барояшон маъқул раво медонанд.

 

Фаридун Ориёӣ

21 январи соли 2019

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...