(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Хю́ман Райтс Вотч (Дифо аз ҳуқуқи инсон) рӯзи 17 январ хабареро таҳти унвони “Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: бад буд, бадтар шуд” интишор намуда, дар он гӯё боздошту зиндонӣ шудани рӯзноманигорон, ҷонибдорони мухолифин, хешовандони онҳо, фишор ба сари дигарандешон озодии гирдиҳамоӣ, озодии сухан ва озодии дину мазҳабро дар Тоҷикистон чун поймолшудани вазъи ҳуқуқи инсон, саркӯб шудани озодии ӯ қаламдод менамояд.

Дар ин гузориш ҳамзамон чанд қадами мусбати Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба мавҷи эътирозҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ зикр ёфтааст, ки аслан тамасхуромез аст.  Воқеан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби қонун, созмонҳои ваколатдор як зуҳуроти усулӣ ва маъмулӣ аст, аммо дар байни ин созмонҳо ниҳодҳо ва сохторҳое низ мавҷуданд, ки кору амали аслии онҳо шубҳаангез буда, мақсаду нияти воқеии онҳоро зери суол мегузорад.

Созмони номбурда гӯё аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳимоят менамояд, вале дар асл маълум нест, ки кадом тоифаи инсонҳоро зери қаноти худ гирифтааст. Дар хабар ғайр аз суханони умумиву бедалел чизе мушоҳида намешавад. Агар “ҳуқуқдонҳои” ин созмон аз рӯи қонун барои ҷиноятҳои вазнин, хиёнат ба Ватан, миллат ба ҷавобгарӣ кашида шудани сарварон, фаъолон ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ, таъсисдиҳандагони ҳазорон маротиба паймоншикани созмони нави террористии Кабирӣ ва думравони ӯ - Илҳом Ёқубов, Юнус Бурҳонов, ки худро “сайидзодаи Истаравшанӣ” метарошад,  – “Паймони миллат”, рӯзноманигорони маслакгумкарда ва хоину фурӯхташуда – Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Хайрулло Мирсаидов ва дигаронро саркӯб шудани ҳуқуқ ва озодии инсон ҳисобанд, пас ҷиноятҳои нобахшидании онҳоро дар назди мардуми Тоҷикистон чи гуна арзёбӣ мекарда бошанд?

Дар байни “коршиносони” масоили Осиёи Марказӣ мисли Стив Свердлов, ки дар асл таблиғгари ғояҳои сиёнистӣ, душмани ашаддии мардуми мусулмон аст ва баъзе думравони ӯ, ки худро ҳомии ҳуқуқу озодии инсон дар Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд, баръакс тухми кинаву адоват, хушунат, таҳаммулнопазирӣ, душманӣ, инсонбадбиниро таблиғу ташвиқ менамоянд.

Чаро “коршиносону ҳуқуқдонҳои” ин созмон дар мавриди ҷиноятҳои вазнини террористону экстремистони сатҳи байналхалқӣ, кушторҳои ваҳшиёнаю гӯшношуниди асримиёнагии таъсисдиҳандагони ДИИШ, қатлу ғорат, хунрезиҳои бераҳмона дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон, ки бо тарҳрезӣ ва дасисаҳои абарқудратҳо ва мақомоти махсуси онҳо ба амал меоянд, чизе намегӯянд? Чашми “тезбини” онҳо танҳо ба ҳамон кишварҳое равона шудааст, ки душвориҳои зиёдеро паси сар карда, баҳри озодиву адолат, решакан кардани хурофот, ифротгароии динӣ мубориза мебаранд.

Мубориза алайҳи ҷинояткорон, қонуншиканӣ, пешгирии ҳар гуна ҷиноят дар назари онҳо маҳдуд кардан ва саркӯб намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон менамояд.

Мардуми Тоҷикистон ба чунин “ҳимоятгарони” ношуд, боғараз ниёз надорад ва озодиву адолат, ваҳдат ва сулҳу оромие, ки бар ивази қурбониҳои вазнин ба даст омадааст ҳифз менамояд ва душманони давлату миллати моро шадидан маҳкум менамояд.

Дар мавриди чунин хабарҳои бепоя ва дурӯғу бофта, ба мисли  бӯҳтони “коршиносони” созмони номбаршуда, шоири шаҳири форсизабони Ҳинд  Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин гуфтааст:

Ҳар он кас, ки гуфтораш дуруғ аст,

Зи рӯи ақл, рӯяш бефурӯғ аст.

Ҷабборов И.Р., номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...