(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар хиёбони ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд маросими расми кушоди лавҳаи ёдгорӣ ва иваз намудани номи кўчаи Энгелс ба номи Домуллоҷон Ҷабборов баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими мазкур иштирок намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти бузургмардони миллатамон ва омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадор аст, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи башардўстиву инсонпарварӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ, илму ҳунаромўзӣ ва аҳлоқи ҳамида истифода намояд.

Дар ин ҷода пардабардорӣ намудан аз лавҳаи ёдгории шахси накўном, марди қави-иродаву мубориз, ташкилотчии бомаҳорат, фидоиву нексиришт Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷи-евич дар ҳаёти ичтимоиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин чорабинӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номгузорӣ дар шаҳр барои иваз намудани номгузории якчанд кўчаҳои шаҳр, ки яке аз онҳо кўчаи Энгелс мебошад ва тибқи ин дастур қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 20 июни соли 2018, таҳти №243 “Дар бораи иваз намудани номи кўчаи Энгелс ба номи Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич” ба тавсиб расидааст.

Изҳори умед карда шуд, ки фарзандони Домуллоҷон Ҷабборов дар хуррам ва ободонии кӯчаи мазкур саҳмгузорӣ намуда, онро ба яке аз кӯчаҳои зеботарини шаҳр мубаддал мегардонанд.

Сипас, наздикону пайвандон ва ҳамкорон, аз ҷумла Юсуф Ҷабборов, Нодирҷон Солиҷонов, Муҳсинҷон Ҷабборов баромад намуда, аз ин иқдоми Давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки фаъолияти меҳнатии Домуллоҷон Ҷабборов баробари ба итмом расидани таҳсил дар мактаби олӣ дар заводи нўшокиҳои ташна-шикани шаҳри Ғафуров аз вазифаи муҳосиб оғоз гардида, солҳои баъдин дар корхонаҳои калони саноатии шаҳри Хуҷанд ба сифати сармуҳосиб, сариқтисодчӣ идома додааст.

Рушди яке аз калонтарин корхонаҳои соҳаи саноати сабуки шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ – иттиҳодияи дўзандагии ба номи Крупскаяи маркази вилоят дар солҳои 80-уми асри гузашта, аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти Домуллоҷон Ҷабборов барин мутахассисони соҳибмаърифату кордон алоқа-мандӣ дорад. Давоми 15 соли ба ҳайси сармуҳосиб ва сар-иқтисодчии ин корхонаи азим адои фаъолият намуданаш Домуллоҷон Ҷабборов натанҳо маҳорати комили касбӣ ва таҷрибаи мукаммали ҳаётӣ пайдо кард, балки ҳамчун мутахассиси варзида дар саросари вилоят эътибори хоса ба даст овард.

Бо назардошти дониш ва таҷрибаю маҳорати касбӣ Домуллоҷон Ҷабборовро соли 1996 ба нозироти андози шаҳри Хуҷанд даъват намуданд. Дар он ҷо ў ба ҳайси мудири шўъба як солу панҷ моҳ адои фаъолият намуд ва моҳи сентябри соли 1997 муовини Раиси шаҳр таъин гардид.

Муддати 5 соли фаъолияти Домуллоҷон Ҷабборов дар ин вазифа, ки самти иқтисодиётро роҳандозӣ мекард, шаҳри Хуҷанд дар бобати пешбурди иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд.

Солҳои минбаъда Домул-лоҷон Ҷабборов муовини Раиси кумитаи иқтисод ва савдои вилоят, муовини аввали сардори идораи молияи вилоят шуда кор кард ва роҳбарияти вилоят маҳорати касбӣ ва ташкилотчигиашро ба ҳисоб гирифта соли 2004-ум ўро муовини Раиси вилояти Суғд таъин намуд.

Аз моҳи апрели соли 2007 то моҳи марти соли 2008 вазифаи сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоятро ба ўҳда дошт. Аз моҳи марти соли 2008-ум муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.

Домуллоҷон Ҷабборов ҳамчун узви Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят тавассути дарсгўӣ дар курсҳои тайёркунии корман-дони муҳосибот ба бештар аз 1000 нафар шогирдон ихтисоси муҳосибиро омўзондааст. Ҳамчунин дар курсҳои тайёр кардани кормандони мунисипалӣ дарс гуфта, муаллифи китоби «Молияи мунисипалӣ» мебошад, ки он барои мутахассисони соҳаи молия дастури арзишнок аст.

Мавсуф узви Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон буд ва аз соли 2010 то соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум интихоб гардидааст.

Домуллоҷон Ҷабборов 1 сентябри соли 2017 дар синни 64 солагиаш вафот карда бошад ҳам, номи неку корҳои шоистаи ў дар дилу дидиаи мардуми Хуҷанд абадӣ маскан гирифтааст ва барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахси нексиришт кўчаи мазкур ба номи Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич гузошта шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...