(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ахбор, яъне чамъи хабарӽо,  ҷамъи хабарӽои рост, на дурӯғ. Монанди хабарӽои Мирзои Салимпул, ки саропо дурӯғанд, вале шарм надошта, сомонаи иҷтимоии худро “Ахбор ком” ном ниӽодааст. Ин расонаи иғвоангез буда, ӽамеша дар он хабарӽои дурӯғ нашр мешаванд.

Ӽар коре оғозаш дурӯғ аст анҷомаш вайронист, мисли хонаи анкабут, ки бо тори ӽилла хона месозад, ки он хона на аз гармо ва на аз сармо уро ӽимоят намекунад. Сомонаи “Ахбор ком” низ хонаи анкабутро мемонад, ки бо иғвоангезӣ ва дурӯғу туӽмат кори худро оғоз намуда ва то имрӯз идома дорад.

“Ахбор ком”  ин сомона кай пайдо шуда, маⱪсади асосии ӯ чист.  Муассисаш Мирзои Салимпул, собиⱪ рӯзноманигори тоҷик, ки дар Радиои Аврупоии Озод / Радиои Озодӣ кор мекард, ӯ зиёда аз даӽ сол дар Радиои мазкур фаъолият дошт, ва бо сабабӽои номаълум аз он ронда шуд.  Ӯ аз соли 2000-ум дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар Прага   кор мекард.

Мирзои Салимпул бо хабар ва гузоришӽои фитнаангез ӽамеша алайӽи ватани худ садо баланд намуда, Давлат ва миллати худро таӽⱪир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад. Чаро чунин аст?  Ӯ метавонист омада дар ватани худ фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад, аммо чуноне гуфтем барои пулу мансаб шуда ӽатто номӯси худро фурӯхт.

Мирзои Салимпул бо сомонаи “Ахборком”-аш бозичаи дасти ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва доираӽои манфиатдори  хориҷӣ мебошад.  Ӯ ки имрӯз муздури хориҷиӽо ва ӽаммаслаки наӽзатиӽои террорист гардидааст, барои дарёфти пулу мол ватану миллати худро туӽмат мекунад. Ӽар нафаре, ки як ӽарфи хубе дар бораи Тоҷикистон гуфту навишт, ӯро ӽатман харидашуда ва одамони  мансуб ба Ӽукумат меӽисобад.

Албатта, мегӯянд дузд гумони дуздӣ мебарад, худ ки харидашуда ва зертобеӣ дигарон мебошад, хамин гумони бад зуд ба сараш меояд. Охир бузургон мегӯянд: Аз як дурӯғ даӽ бало ба сари инсон меояд ва инсон набояд дар ягон ӽолат дурӯғ гуяд. Ин одам ин ⱪадар дурӯғро чи гуна посух мегуфта бошад, шояд балоӽо ҷамъ шуда яку якбора ба сари Салимпул мерезанд.

Сухан заӽру позаӽр асту гарму сард,

Сухан талху ширину дармону дард.

Шунидам, ки бошад забони сухан,

Чу алмоси буррову теғи куӽан.

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сурох берун кашад дорро.

Роӽе ки Мирзои Салимпул пеш гирифтааст роӽи хато ва беохирест, поёнаш ба ҷуз яъсу ноумедӣ дигар чизе ба бор намеорад.  Зеро хиёнат ба ватану миллат ин ҷурми андак нест, ки нодидааш гирӣ ва ин ӽама ҷурмро муҷозоте дар пеш аст, ки агар зинда монем хоӽем дид.  Аз ин сафсатагуиву  ёвасароӣ ба куҷо мерасида бошад ва маⱪсадаш аз ин сомона  чӣ будаву ӽарфи дурӯғи ӯ ба дарди ки мехурда бошад.  Ман аз забони шоир ӽамин ⱪадар мегуям:

Ӽаргиз нарасӣ ба Каъба ай аъробӣ,

Ин роӽ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст.

Бале! Роӽе ки ту меравӣ ба Туркистон аст, ӽоло ӽам дер нашудааст аз ин роӽи хато баргашта ба роӽи рост, роӽе ки туро ба маⱪсад мерасонад бирав. Имрӯз кам нестанд нафароне, ки хатои худро фаӽмида, аз карда пушаймонанд ва аз давлату миллати худ узрхоӽӣ намуданд ва бо хотири ҷамъу дили ором дар Ватан кору фаъолият доранд.

Ӽамин тавр  Мирзои  Салимпул бо сомонаи худ “Ахбор ком”  гуё шуӽрати худро ҷаӽонӣ намуда, худро ба ҷаӽониён мешиносонад. Ва ӽамин тавр ӽам ӽаст дигар тамоми ҷаӽон ӯро мешиносанд медонанд, ки ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯш аст.  Аз Ватани худ фирор намуда дар мулки бегона барои бегонагон кор мекунад.

Ҷаноби Салимпул ӽам имрӯз фурсат дорад то ба Ватан баргашта узрхоӽӣ кунад ва фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад ва мисли дигар сокинони осоишта дар оғӯши гарми Ватан зиндагӣ кунад. Зеро ӽеҷ неъмате ва ӽеҷ сарвате ҷои меӽри Ватанро гирифта наметавонад.

Хамин аст азизон маънии хонаи анкабут, ки ман гуфтам ба маънои дигараш“ Ахборком” , ки муассисаш бо нияти душманӣ ва хусумату бадбинӣ онро фаъол намудааст. Умедворам ин навиштаи ман ба дасти Мирзои Салимпул мерасад  ва сари ин ӽарфӽо лаӽзае ӽам бошад меандешад. Аслан ӯ бояд бо тоҷик буданаш бифахрад, зеро тоҷикон дар арсаи таърих миллати шуҷоъ, далер, ⱪавӣ раӽмдил ва хеле бофарӽанг ӽастанд. Ва ӽар кӣ бо ин миллат душманӣ варзад сари худро ба бод додааст. Чуноне шоир мегуяд:

Ӽар ки бар душмании халⱪ равон аст чу баӽр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

(Маӽваш)

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...