(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо меҳнат аз роҳи ҳалол ҷӯёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва шарафи инсонӣ мехоҳад. Воқеан на ҳама метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дӯздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд.Танҳо ва танҳо барои бурдае ноне беномусу бевиҷдону сифла мегарданд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ маҳсуб намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад.

Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас  будани он.

Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри Ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд ҳамон ҷониб медаванд.

Пас сари ин масъала мебояд ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кард. Роҳбарон ва аъзоёни ҳизби ифротӣ солҳо дар дохили ватан буданд. Ҷою мақом ва вазифаҳоро соҳиб буданд. Аз ҳисоби хоҷагони худ пули бешумор ва бештар аз ҳар касе доштанд.  Аммо барои ободию пешрафти ватан чӣ кореро ба сомон расониданд?

Бадтар аз ин онҳо имрӯз аз дур ҷор мезананду даъвои ватанхоҳӣ ва ободии онро мекунанд. Ба таъбире аз ҷуйбор нагузаштаанду иддао доранд, ки аз уқёнус гузаштаанд. Баргузории ҷашнҳои пуршукўҳи қаблӣ ва қабули қонунҳо, ки бо ҳамфикрии ҷомеа ба тасвиб расидаанд, аз шаффофияти комил дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Дар ин раванд  ин суханпардозии шумо ғавғои бетаъсири сагонро аз пушти гадо ба ёд меорад.

Аъзоёни ҳизби ифротӣ аз шумули ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиреб доданд. Ё дар ҳар даврае хоҷаашон луқмаи ноне гузошт, сагвор ҷониби он давон шуданд. Ҳамакнун ин зишткориҳо, ки ҳамагӣ дар сояи хиёнат ба ватан сурат мегиранд, берун аз ватан идома доранд. Ин ватанбезорҳо ва зормондаҳои як бурда нон барои ҳарчи бештар ба даст овардани нон, ташкилоти калони террористию экстремистии худро ба шохаҳо тақсим намуданд, ки аъзоёну тарафдорони он амале ба ҷуз хиёнат ва доғдор кардани номи ватани азизамон надоранд.

Бузургони мо асрҳо пеш моро ҳушдор дода буданд, ки дар ҳама давру замон бадхоҳону кинаварон буданду ҳастанд. Онҳо муваффақияти дигаронро чашми дидан надоранд ва пайваста мехоҳанд зиндагии осудаи мардумро аз нав ноором созанд. Ҷое хонда будам, ки инсон барои он зиндагӣ намекунад, хурад, балки мехӯрад, ки зиндагӣ намояд. Имрӯз  фаъолияти онҳо нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи ифротӣ зиндагӣ менамояд, ки танҳо хурад.

Асад Аҳлиддинов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...