(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!

Мо бо соли 2018-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегўем ва соли нави 2019-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фарорасии соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рўзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.

Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2018 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд. Ин пеш аз ҳама татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид ва беҳтар шудани ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии нақши муассир гузошт.

Тавре, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Боиси сарфарозии мо аст, ки дар ин самт заминаҳои муҳими иқтисодиву инфрасохторӣ дар шаҳри саноатии Хуҷанд гузошта шудааст. Ин пеш аз ҳама бори аввал дар таърихи Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд маҷмуъи маҳсулоти саноатии шаҳр ба 1 миллиард сомонӣ расонида шуд ва ин моро водор месозад дар самти рушди соҳа аз дигар имконоту василаҳо самаранок истифода намоем.

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода, яъне дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода содиқона талош варзиданд. Бахусус қабули нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёд ва азнавсозии беш аз 510 иншоотро дар пай дорад, Хуҷанди бостониро боз ҳам мунаввару ободу хуррам мегардонад. Бо дастгирии Роҳбарияти вилоят мумфарш гардидани даҳҳо километр роҳҳои шаҳр, оғози бунёди роҳи танобӣ, меҳмонхонаҳои бренди «Фарел», «Темурмалик», биноҳои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр, хадамоти шиносномадиҳии шаҳр, аз-навсозии «Қалъаи Хуҷанд», боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, меҳмонхонаи «Ленинобод», зеристгоҳи «Темурмалик», кӯдакистони №3 ва даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим аз мо тақозо менамояд, ки дар соли 2019 камари ҳиммати созандагиро дар ин самт устувортар бандем. Ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ пеш аз ҳама барои мардуми азизамон шароити арзандаи зиндагиро муҳайё хоҳад намуд.

Дар соли сипаришудаистода бори аввал дар бистсолаи охир аз нав роҳандозии хизматрасонии автобусҳо дар шаҳр, бакорандозии шиногоҳи соли дарёи Сир ва азнавсозии бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоӣ мардуми шаҳри Хуҷандро болида сохт.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, эҳё ба рушди ҳунарҳои мардумӣ кифоягӣ накард. Аз ин рӯ, зимни ироаи Паёми навбатии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Ин боз аз таваҷҷуҳ ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва идомаи раванди бунёдкориҳои роҳбарияти олии кишвар шаҳодат медиҳад.

Итминони комил дорам, ки дар соли 2019 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, баҳри боз ҳам шукуфонтар гардидани Ватани азизамон бахшида ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳем дод.

Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2019-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба нерўи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва нерўи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастоварҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.

Соли нави мелодӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...