(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вақтҳои охир ҷинояткори фирорӣ М.Садриддин оид ба либоси занҳо ва ҷузъиёти он дар расонаҳои хабарӣ зиёд менависад, ки хеле тааҷубовар аст.

Масалан, ду рӯз пештар дар яке аз сомонаҳои ифротӣ матлаби навбатии вай бо номи “Ҳиҷоб чӣ аҳамияте дорад?” нашр гардидааст, ки пурра ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Ба ақидаи коршиносон, одам танҳо дар сурати гирифтор шудан ба ҳолати махсуси равонӣ, ки ба бемории рӯҳӣ наздик аст, метавонад аз ҳад зиёд ба масъалаҳои мазкур дилчаспӣ пайдо кунад. Яъне аз навиштаҳои М.Садриддин  дар бораи либос ва бадани занҳо бармеояд, ки вай гирифтори ҳолати ташвишовари шаҳвонӣ аст. Чунин ҳолат бештар ба муллоҳои мутаасиби ифротӣ (масалан наҳзатиҳо ва аъзоёни ДИИШ) хос аст. Ба тарзи либоспӯшии занҳо часпидани М. Садриддин ҳам собиткунандаи ДИИШ-ӣ будани ӯ мебошад.

Вай тавре дар бораи мақоми занҳо дар даврони қадим менависад, ки гӯё худаш ҳамон вақт вуҷуд доштааст. Маълум аст, ки мутолиаи дурусте надорад ва таърихро намедонад. Тасаввуроти ғалати худро, ки  танҳо дар асоси ривоятҳои шунидааш мебошад, сари дигарон бор карданӣ аст.

М.Садриддин тамоми мардонро таҳқир карда “чашмчарони гургсифат” меномад. Аммо вай ба таври нохудогоҳ сифатҳои худашро баён кардааст, яъне чашмчарону гургсифат нисбат ба занҳо худи уст. Лекин гумон дорад, ки ҳамаи мардҳо чунинанд.  Дар баробари таҳқиру тавҳини мардҳо вай ба дасту панҷа, “ҷисми латиф” ва “зебоиҳои занон” кордор мешавад. Ба ақидаи бадхоҳонаи вай, агар марде бо ягон зане  дар танҳоӣ бошад, ҳатман ба ӯ дастдарозӣ хоҳад кард. Чунин ақида танҳо дар сари нафаре мавҷуд аст, ки гирифтори ҳолати ташвишовари шаҳвонӣ ва бемории рӯҳӣ бошад. Ба фарқ аз М.Садриддин мардҳои дигари солим чунин нестанд ва эҳтироми занон, модарону хоҳаронро самимона ба ҷо меоранд.

Мардум ва хусусан занҳои Тоҷикистон имрӯз ақлу дониш доранд ва дар куҷо кадом либос пушидани худро медонанд. Ба ҳар ҳол дар ин маврид ба маслиҳатҳои М.Садриддин, ки тибқи идеологияи ДИИШ мебошанд, ягон зарурате нест. Агар зан мувофиқи маслиҳати М.Садриддин рафтор кунаду либос пушад, зиндагӣ карда наметавонад. Маслиҳати вай барои мурдаҳо дуруст меояд. Мутмаин ҳастем, ки ҳатто ҳамсари худи М.Садриддин мувофиқи маслиҳати ба дигар занҳо додааш либос намепушад.

Дар мағзи пуч ва хушкшудаи М.Садриддин ҳам мисли дигар экстремистҳои аъзои ДИИШ ва наҳзатиҳо  танҳо фикру хаёли бадхоҳона мавҷуд аст. Ба ақидаи ин гуна нафарони мисли М.Садриддин зан набояд таҳсил кунад, фаъолияти корӣ дошта бошад, набояд пешрафта бошад. Ин палидон занро танҳо ба сифати канизаки беҳуқуқ дидан мехоҳанд. Дар сари инҳо танҳо фикри заношуӣ ва қонеъ кардани ҳисси шаҳвониашон аст.

Занҳои муҳтарами Тоҷикистон, ки бо мардҳо ҳуқуқи баробар доранд ва дар тамоми соҳаҳо барои пешрафту тараққии кишварамон саҳмгузоранд, ниёз ба тавсияҳои хатарноку даҳшатангези ҳар гуна террористони мисли  М.Садриддин надоранд. Беҳтараш вай дар фикри худ бошад, чӣ гуна тавба мекунаду аз кардаҳояш пушаймон мешавад. Зеро бо чунин ақидаи экстремистӣ ва амалҳои террористӣ дер ё зуд дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Аммо бадбахтии асосии М.Садриддин бемории рӯҳии уст, ки торафт авҷ мегирад ва муолиҷанашавандааст.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...