(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Яке аз ҷинояткорони фирорӣ Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаи ифротии худ навиштаи навбатии иғвоангезонаашро зери унвони “Ҷаноби Олӣ, тавба кардам лутфан маро бубахшед” нашр  кардааст, ки бори дигар бадхоҳи Тоҷикистон будан ва бе бемории рӯҳӣ гирифтор шуданашро исбот мекунад. Дар ин матлаб вай кӯшидааст, ки ба шакли танз бар зидди мақомоти кишвар фикрҳои пучи худро баён кунад ва авфшудаҳоро ҳам туҳмат кунад. Дар натиҷа боз худро расво кардааст.  Вале амалаҳои ҷинояткоронаи ӯ то андозае сангину  мудҳишанд, ки ҳатто агар аз ростӣ тавба кунад ҳам фоидааш нахоҳад кард. Бояд ҳатман тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Агар ба навиштаҳои ин душмани миллат таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳар як ҷумлаи он зидди ватану миллат аст ва ҷинояткори ифротӣ буданаш аз он маълум мегардад. Ҳамон тавре ки худи вай навиштааст, баъди анҷом додани чунин амалҳои палидона шикаста шудани дастони сиёҳкораш, гирифтани нафаси шумаш, аз тапидан мондани дили сиёҳаш беҳтар аст. Золим худи М.Садриддин аст, ки бо навиштаҳои душманонааш давлати Тоҷикистонро туҳмат мекунад ва дар ҷомеа ихтилоф бармеангезад. Худи вай хоин аст, ки ватану миллаташ ва ҳатто мазҳабашро ба хотири манфиати моддӣ фурухтааст. Қотил ҳам  ҳаст, ки бо таблиғоти ифротии ДИИШ-ии худ афроди гумроҳро ба сӯи қатлу ғорат таҳрик медиҳад.

М.Садриддин аз шариату дин сухан мегуяд ва мардумро ба хотири расидан ба ҳадафи шумаш тарс доданӣ мешавад. Лекин худаш аз дини падару бобоёнаш кайҳо хориҷ шудааст. Вай пайрави равияи “Салафӣ” буда, хуҷаинҳои хориҷиаш бо роҳбарони ДИИШ яканд. Аз ин рӯ, дар навиштаҳояш рӯҳониҳоро ба ҳамеша ба қатлу худкушӣ даъват мекунад.  Ин ҷинояткори разил нашармида худро мубориз меҳисобад. Аммо кадом мубориза ва бар зидди кӣ? Бар зидди ватану миллати худ?

Ҳолати рӯҳии ин нафар дар натиҷаи хиёнатҳою ҷиноятҳои пай дар пайяш ниҳоят хароб гардида, тақрибан дар ҳолати ҷунунӣ қарор дорад. Вай эҳсос кардааст, ки дар фаъолияти ҷинояткоронааш торафт танҳо мемонад. Ҳатто бо ҳамин наҳзатиҳо ҳам ихтилофаш дар асоси ақидаашон (онҳо шиа ва ин салафӣ ҳастанд) торафт зиёд мегардад. Вай дар хусуси идома додани мубориза ва подоши амал менависад. Аммо подоши амали ӯ ва афроди мисли вай ҷавобгарӣ дар назди қонун ва мардум аст. Албатта он рӯз мерасад, ки ин ҷинояткорон дастгир ва муҷозот мешаванд.  Зеро ин хиёнаткорон  ба душмании халқ равонанд ва ба мардуму ватани худ бадӣ мехоҳанд.

Дар хусуси нафароне ки аз фаъолияти ҷинояткорона баргашта, зиндагию фаъолияти дурустро интихоб кардаанд, М.Садриддин туҳмат мекунад. Дар асл чунин аст:


  1. Онҳое ки аз роҳи хатои зидди ватану миллат баргаштаанд, ин корро бо азму иродаи худ анҷом додаанд. “Фишорҳо”-е ки ба гуфти М.Садриддин гӯё ба наздикони чунин нафарон оварда шуда бошанд, дар асл бофтаи хаёли уст.
  2. Дар ҳақиқат аксари аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ хатогии худро фаҳмида аз он тадриҷан хориҷ шудаанд. Ин гуна одамон дарк кардаанд, ки фаъолият дар сафи чунин ташкилот хиёнат ва ҷиноят аст. Албатта мақомот ҳолати мазкурро ба назар мегирад ва ба ин гуна шахсоне ки қаблан дар натиҷаи таблиғоти ифротии м.Садриддин баринҳо гумроҳ шуда буданду аз роҳи хато баргаштаанд, имконияти пайвастан ба ҳаёти осоиштаю созандагиро фароҳам меорад.


  1. Аксари ин нафарон бемаъно ва ҷиноят будани фаъолияти зиддимиллиашонро фаҳмиданд ва ба сиёсати созандаи Роҳбарияти кишварамон пайвастаанд.


  1. Агар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сафи ташкилоти террористӣ хориҷ ва авф шудааст, барои ба роҳ мондани зиндагию фаъолияти минбаъдаи осоиштааш  аз тарафи сохтори марбутаи Ҳукумат дастгирии моддию молӣ гирад, чӣ бадӣ дорад? Амо аз тарафи доираҳои бадхоҳи хориҷӣ пул гирифтану зидди ватани худ муборизаи ҷинояткорона бурдани М.Садриддин хиёнат аст.


  1. Албатта ҷинояткор вақте ки аз роҳи хатои худ барнамегардад ва оқибат дастгир карда мешавад, мувофиқи қонуну қоидаҳои муайяншуда, ба Тоҷикистон истирдод мегардад. Маъмулан, чунин нафарон баъди боздошт шудан бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ мекунанд ва асрори ҷиноятҳои роҳбарону хоҷагони худро фош мекунанд.  Ин як амали маъмулӣ дар муносибати байни кишварҳо мебошад. Масалан, агар М.Садриддин дар кишваре ки айни ҳол қарор дорад, дастгир карда шавад, ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.




  1. М.Садриддин, ки ба касалии рӯҳӣ гирифтор аст, шахсони аз фаъолияти ҷинояткорона пушаймоншударо “афроди аз қабл омодашудаи махсус” меномад, ки гӯё мақомот онҳоро барои парокандасозии ташкилоти ҷинояткорон тайёр карда бошад. Яъне барои М.Садриддин танҳо он нафароне худию содиқанд, ки аз роҳи ҷинояту хиёнат баранагарданд.


  1. М.Садридин менависад, ки гӯё дар нисбати аъзоёни ташкилоти террористии онҳо мақомот аз шантаж, масалан расонаӣ кардани ҷиноятҳояшон, истифода мебурда бошад. Аммо ба ҳама маълум аст, Ҳукумат ҷинояткоронро шантаж намекунад, балки онҳоро дастгир ва ба ҷавобгарӣ мекашад. Албатта амали онҳое ки аз роҳи ҷиноят бармегарданд, ба назар гирифта мешавад.


М.Садриддин вақте менависад, ки ниҳояти роҳаш пирӯзист, сахт иштибоҳ мекунад. Имрӯз пирӯз мардуми Тоҷикистон аст, ки дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои боз ҳам ободтару зеботар кардани ватани азизамон талош меварзад. Ҳукумат барномаҳои тараққию пешрафти кишварамонро зина ба зина амалӣ мекунад. Пирӯзӣ насиби мардуми Тоҷикистон аст, ки зери роҳбарии Сарвари давлат НБО Роғунро ба кор андохтааст, роҳҳою нақбҳо сохтааст, корхонаю боғҳо бунёд кардааст. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои амну субот зиндагӣ доранд ва бо меҳнати худ ба суи зафарҳои нав ҳаракат доранд.


Диловари Хуршед

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...