(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паймони зиддимиллӣ, ки гурӯҳҳои зид ва ҳатто аз нуқтаи назари идеявӣ душманро дар зери чатри худ гӯё ба ҳам овардааст, саробе ва ҳубобе беш нест.  Ин гуна эътилофҳо як фиреби назаранд ва наметавонанд,  ба ҷузъ арбадаву ҳамоқатнигорӣ дар ғарибӣ коре бикунад. Омили шикананда, ин нафспарастӣ ва пойбандӣ ба зару зевароти дунёи раҳбаракҳои ин эътилоф аст.

Сониан, ҷамъ кардани хешутабор ва ҳаммаҳалони роҳбарони ин гурӯҳҳо, «паймон»-ро ба утоқҳои танги маҳаллӣ табдил дода ва дурнамои ин эътилофро ба бунбаст рӯ ба рӯ кардааст.  Ҳаракатҳое ки дар ҷомеа пойгоҳи иҷтимоӣ надоранд ва кӯшишашон фақат барои рӯпӯш кардани гирифтани мақоми иқомат дар кишварҳои пазиранда мебошад, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ифодагари армонҳои халқ нестанд. Далелҳои воқеӣ, ки бар зидди иттиҳоди ин паймон сабабгор шудаанд, решаҳои объективӣ доранд ва  ба ақидаи коршиносон инҳоянд:

  1. Зиддиятҳои оштинопазири ғоявӣ ва эътиқодии платформаи ба ном «демократҳо» ва «исломгаро»-ҳо, ки бинобар ҳассосияти ҷомеаи ғарбӣ, бо шиорҳои сатҳӣ ва рӯякӣ моҳирона рӯпуш кардаанд.
  2. Дар кишварҳои ғарбӣ нуфузи салафияи такфирӣ ба андозаест, ки наметавон аз он ба осонӣ даст бардошт. Аз ин лиҳоз, маълумоти дақиқ аз гароиши рӯзафзуни  аъзои ҳизби нахзати мамнуъи террорист, ки дар Тоҷикистон дар қатлу куштор даст дорад, ба салафиҳои олмонӣ аз эҳтимол дур нест. Ин омил арақхӯрҳои паймонро, ки Варақӣ тамадаву соқии онҳо мебошад, ба шӯр овардааст. Инҳо дар суҳбати худмонӣ башиддат норозӣ шудаанд ва гуфтаанд, ки ин шаробҳои фаронсавиву  италиявӣ, ки дар сари пириашон ба онҳо даст ёфтаанд, кӣ онҳоро меҳурда бошад ва ин ҳолат оянда чӣ мешуда бошад?
  3. Мавъизахонҳои сиёсӣ, ки аз мактаби кандану руфтани эшонҳо хуб гузаштаанд, айёру нафсбедоранд, дар маҳфилҳои паймон дар моҳи ноябр дар шаҳри Кёлн   тарафдорони сохти дунявиро мавриди накӯҳиш қарор дода, онҳо ба куфру мулҳидӣ гунаҳкор кардаанд. Онҳо тааҷчуб кардаанд, ки ба истиснои 1 нафар 3 нафар пояшон ьто лаби гӯр расиааст, ки то ҳол намоз намехонад. Хусусан  ба А.Шерзамонов дарафтиданд. Ӯ ки аз хондани сураву оятҳо фарсахҳо дур будааст, ба ширку илҳод мутаҳҳам шуда ва кӯшиши ӯ ба панҷтанӣ муаррифи кардани худ, сару садоҳои гуногунро ба вуҷуд  овардааст. Муллое аз мактаби салафӣ, Шерзамоновро писари ҷуҳуд гуфта, аз ҷаласа ҷавоб додааст. Шоҳидони воқеӣ мавҷуданд ва барои ифшо нашудани идомаи кор, хоҳиш карданд, номашон ифшо нашавад.
  4. Ин гумроҳони роҳи сиёсат намедонанд, ки  масири иштирок дар сиёсат созиш аст. Тавба аст. Тавба аз гуноҳҳои собиқа. Поксозии рӯҳӣ. Тозакории тафаккури хароби қотилӣ, узрхохӣ аз миллат.  Яке аз инҳо дар табодулоти ҳарбӣ даст дорад, ва мебоист ки дар назди қонун ҷавоб медод. Дигаре қарзҳои банкхоро дуздида аз Хоруғ ба Аврупо рафтааст, ақалан виҷдони пардохти маблағи мардумро медошт, ҳайфо ки надорад.  Сеюмӣ, Варақӣ ном дорад, дар пивнушкаҳои кишвари шимолӣ ҷой нагирифт, ҳоло дар Фаронса паноҳандагӣ мехоҳад, худро Жанна Д.Арки муосир тасаввур кардааст.
  5. Чорумӣ. Бале хонандаи азиз, барои чорумӣ маҷбуран бахши тоза ва навро боз мекунем. Номи ӯ ал-Файзободист. Ал-Кабирист. Ин фард аз зумраи тарсончактарин ва бевиҷдонтарин исломгароҳост, ки мехоҳад ҳам дунёро соҳибӣ кунад ва ҳам охиратро. То рӯзе ки шикамаш сер буд ва дар ҷайбаш пул, чи қадаре тавонист, ба чашми мардум хок пошид, ҳоло дар ғарибӣ роҳи нави вайронкориро пайдо кардааст:паймонсозӣ ва ҳизббозӣ.


«Қомати кубриро гӯр рост мекунад». Ба кӯр насиҳат гуфтан, азон хондан ба гӯши кар аст.  Орзуи кӯр ду чашми бино доштан аст.  Орзуи кӯри Юнус, Ватанро хароб кардан аст.


Ҳамин тариқ, ояндаи эътилофҳое ба мисли паймони зиддимиллӣ аз номашон ҳувайдост, ки торик аст ва бунбастӣ. Мардум чашми дидани онҳоро надорад. Онҳо омили ҷанг ҳастанду харобӣ.


Маромов Ислом, сокини деҳаи Сурхон


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...