(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду ошкорои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии маркази вилояти Суғд баргузор гардид.

Олимҷон Мирмуҳаммадов, намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мулоқоти мазкур бо дастур ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ шуда истодааст ва ҳадафи он бохабар шудан аз вазъи иҷтимоии донишҷӯён ва мубодилаи дархосту пешниҳодоти ҳавасмандии тарафайн бо шаҳрдорӣ мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар оғози баромади худ доир ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту васила истифода намуда, нақша чорабиниҳои тасдиқшударо ки бунёд ва азнавсозии беш аз 510 иншооти таъиноташ гуногунро ташкил медиҳад, амалӣ намуда истодааст. Алллакай дар наздик 100 иншоот корҳои созандагӣ бомаром идома дорад.

altРаиси шаҳр гуфт, ки Шумо ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоред. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки ин иқдоми созан-дагӣ миёни хурду бузурги шаҳри бостонии Хуҷанд дастгирии ҳамаҷониба пайдо карда, мардуми ватандӯсти мо тамоми саъю талоши худро ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои дар ин самт қабулгардида равона кардаанд ва ҳоло шаҳри азизамонро воқеан ба арсаи бунёдкорӣ ва майдони заҳмати созанда табдил додаанд. Имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос гардида, дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардидааст. Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон алоҳида сухан гуфта, аз муассисаҳои дахлдор даъват менамоянд, ки ба масъалаи илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон диқ-қати ҷиддӣ диҳанд. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар шаҳр амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ҷавонон назаррас буда, ҷавобан ба он аз кулли ҷавонони шаҳр масъулият ва рисолати ҷиддиро тақозо менамояд. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли 2018 масъалаи аз ҷониби кишварҳои бузурги олам ҷиҳати тарғибу ташвиқи манн-фиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ суиистифода шудани муқаддасоти динӣ ҳамчун василаи ноустувор кардани низому тартиботиҷаҳонӣ ва адли умум баҳогузорӣ гардид.

Шаҳрдор аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон, бахусус бегонапарастии ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки воқеан густариши бесобиқаи экстремизм ва терроризм аз мо шадидан тақозо менамояд, ки дар масъалаи аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ дуруст баҳогузорӣ намудани равандҳои зуд тағйирёбандаи олами ислом ва эҳтимолияти таъсиргузор шудани онҳо дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои саривақтӣ манзур намоем. Дар ин маврид таъкиду дастурҳои Пешвои миллат зимни мулоқот бисёр бамаврид ва нишонрас буданд: Ддар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад». Дар меҳвари фаъолиятҳои ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд расидан ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои кишвари азизу маҳбубамон–истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ қарор бигирад. Зеро ҳоло дар фазои сиёсию иттилоотии ҷумҳурӣ тамоми шароит барои тарбияи наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлол муҳайё гардидааст. Вале дар баробари ин бояд донист, ки аксари дахолату муноқишаҳо маҳз дар қаламрави кишварҳои мусулмонӣ сурат мегиранд. Аз ин сабаб зарурати тақвияти корҳои сиёсиву идеологӣ, ҳуқуқию маърифатӣ ва ахлоқию тарбиявӣ дар самти худшиносии миллию динии мо аҳамияти беш аз ҳарвақта касб менамояд. Зеро мо барои ҳифз намудани насли ҷавони ояндасоз ва кўдакони хушбахту солим масъулият дорем. Вақте ки мо дар бораи тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар, тарғиби арзиш¬ҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои созандаи давлат сухан меронем, бояд ба эътибор гирифт, ки таъсири омилҳои манфӣ ва меъёрҳои маънавии дурўғин низ дар матни сиёсати ҷаҳонӣ, бахусус минтақаи Ховари Миёна ва Афғонистон мафкураву ҷаҳонбинии як қисмати ҷавононро заҳрогин кардааст. Барои дуруст баҳо додан ба вазъияти тағйирёбандаи олами ислом огоҳ будан аз равандҳои ташаккули сиёсии минтақа амри зарурӣ ба назар менамояд.

Маъруф Муҳаммадзода аз дастгирии доимии Давлату Ҳукумат ёдоварӣ шуда, таъкид дошт, ки дар ягон кишвари дунё чунин таваҷҷуҳ ва ғам-хорие, ки нисбат ба ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад, ба мушоҳида намерасад. Имрӯз барои касбу илмомӯзии онҳо дари беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон кушода аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Дар шаҳри Хуҷанд фаъолият доштани 5 муассисаи олии таълимӣ ва даҳҳо коллеҷу литсейҳои тахассусӣ барои донишҷӯён беҷҳтарин ва муосиртарин шаритҳоро муҳайё сохтааст. Боиси хушҳолист, ки солҳои охир ҷавонони мо ба дастовардҳои беназир ноил мешаванд ва обрӯйи давлату миллати моро дар ҷаҳон боло мебаранд.

Бо натиҷагирӣ аз раванди дохилшавии хонандагони шаҳри Хуҷанд ба макотиби олии мамлакат ва хориҷи он Раиси шаҳр гуфт, ки соли ҷорӣ аз шаҳри Хуҷанд тариқи маркази Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1247 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбц ва 207 нафар ба муассисаҳои миёнаи касбц (коллеҷ) ва тибқи озмун дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар 385 нафар дохил шуданд, ки маҷмуъан ин 81, 6 фисади хатмкунандагони макотиби миёнаи шаҳрро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои маркази маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд, ки аз тамоми имконоту васила ва шароити беҳтарин бархӯрдор аст, моро қанобахш карда наметавонад. Зеро дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муас-сисаҳои таълимӣ, хоса мактабҳои олӣ мақоми шоиста доранд. Мактабҳои олӣ ҳамчун махзани бузурги илму маърифатомӯзӣ дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас гузошта истодааст. Хусусан, дар шароити имрўзаи рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди босуботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрўз баробари истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмиву фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш рафта истодааст. Илму дониш воқеан маънибахшу шукўҳафзои ҳастии инсонҳост. Ҷомеаи инсониро илму дониш, маърифат ва ахлоқу маънавият мазмуну мўҳтавои амиқ ато мекунад. Устувориву пешрафти ҷамъияти инсонӣ ба маърифат ва илму дониш иртиботи қавӣ дорад. Маҳз дар даврони Истиқлолият бо ҳифзи асолати миллӣ, баҳри ноил шудани кишвари мо ба илму дониши пешрафтаи замони муосир заминаҳои боэътимод ба миён омаданд. Дар иҷрои ин мақсад эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарварӣ ва садоқати тамоми равшанфикрон, бахусус олимону зиёиёни риштаҳои илмию техникӣ бисёр муҳиму тақдирсоз ва дастовардҳои онҳо шоистаи таҳсин мебошад.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони шаҳри бостонии Хуҷанд бо фазлу хирад ва нангу номуси азалӣ барои боз ҳам пешрафти Тоҷикистон саҳми беназир мегузоранд. Ва таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ доири фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон ва фаъолияти арзандаи устодону омӯзгорон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сипас донишҷӯён доир ба мушкилот хеш ва бо пешниҳодоти судманд ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муроҷиат намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Барномаи фарҳангии фарогири мавзуъоти ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...