15 Декабрь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимиияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳр зиёда 40 адад ҳавлиҳои истиқоматии суроғавӣ рақамгузорӣ карда шуд, ки ин тадбир барои муваффақона гузаронидани маъракаи муҳими давлатӣ оид ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил заминаи хуб хоҳад ниҳод.
Бояд қайд намуд, ки Раёсати омори шаҳри Хуҷанд барои иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 572 аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №511 аз 02 декабри соли 2016 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» таҳти назорат гирифта шуда, дар асоси он фаъолият намуда истодааст. Бахши барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Раёсати омори шаҳри Хуҷанд барои корҳои тайёрӣ ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва нозирони минтақавии ШВКД-и шаҳр ҳамкориро ба роҳ мондааст.Айни ҳол, дар шаҳри Хуҷанд корҳои тайёрӣ ба гузаронидаи барўхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бо маром идома дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд