01 Феврал 2014
Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи июли соли 2011 то моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси мудири бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷрои вазифа намуд.
Ишонқулов Ғайрат Саидбекович тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 октябри соли 2016 ба тариқи гузариш ба вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тайин гардид.