(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мо, тоҷикони муқими Эрон, аз васоити ахбори омма дарёфтем, ки якчанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ– экстремистии  Ҳизби наҳзати исломӣ гирдиҳамоие дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ташкил кардаанд. Гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон “наҳзатиҳо” ва “кабирисифатҳо”-и қадимианд, ки террорист шинохта шудаанд. 

Онҳо як бор ҳамин гуна гирдиҳамоиҳоро соли 1992 ташкил карда буданд ва натиҷааш он шуд, ки дар кишварамон ҷанги дохилӣ сар заду боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон гардидани ҳазорон нафар гардид. Ҳамааш аз ҳамин гирдиҳамоии разилони наҳзатӣ сар шуда буд. Аввал як қисми мардумро бо роҳи таблиғотии ифротгароёнаашон гумроҳ карда, дар майдон ҷамъ оварданд. Баъд ба даст аслиҳа гирифтанду ба қатлу террор ва ғоратгарӣ даст заданд. Мехостанд бо роҳи зурӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст оранду тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон сохти давлатдории кишварамонро тағйир диҳанд. Яъне мехостанд озодии мардумро ба ғуломӣ, дунявияту демократияро ба зулмоту истибдод иваз намоянд. Ҳар касе ақидаи ба онҳо мухолиф дошт, мавриди таъқибу фишор қарор медоданд ва нобудаш мекарданд.

Аммо неруи аҳримании наҳзатӣ он замон рӯҳияи озодихоҳӣ ва тараққиписандии мардуми огоҳи кишварамонро шикаста натавонист. Беҳтарин фарзандони бо нангу номуси миллатамон бар зидди ин душманони бадхоҳ ба мубориза бархостанд. Мардум дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардид ва  оқибат дар мубориза бар душманони наҳзатӣ ва хоҷагони онҳо ғолиб омад.

Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва ҳама сокинон бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои ободтар кардани ватани худ ва беҳтар сохтани зиндагӣ заҳмат мекашанд. Маҳз баъди заиф гардидани ТТЭ ҲНИ ва аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани он шароити мувофиқ барои пешрафту тараққии кишварамон ба миён омад. 
Аммо наҳзатиҳо пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро бадном кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст, лекин “зиндониёни сиёсӣ”-и мегуфтаи онҳо дар асл ҳамон ҷинояткорон ва «доиш»-иҳои наҳзатианд.

Айни замон мардуми Тоҷикистон ва аксарияти шаҳрвандони дар хориҷ буда дигар вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои расидан ба мақсадҳои худ бо роҳи доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешовандону пайравони Кабирӣ ва чанд нафари аз ҷиҳати молиявӣ ба вай вобаста мебошад. Ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки заррае Ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад.

Аз ин лиҳоз, Ҷамъияти тоҷикони Эрон баргузории ин гирдиҳамоиро дар Берлин аз ҷониби тӯдаи «кабирисифатҳо»-и палид ва Ҳукумати Олмонро барои иҷозат додан ба ин чорабинӣ маҳкум менамояд ва муқобили сухан гуфтани онҳо аз номи тоҷикони обрӯманди Аврупо мебошад. Инчунин, аз тамоми тоҷикистониёни муқими Олмон даъват карда мешавад, то ба кирдорҳои иғвоангези ин тӯдаи нобакор фирефта нашаванд ва пайрави Пешвои муаззами миллат бошанд.


ҶАМЪИЯТИ  ТОҶИКОНИ  ЭРОН

10 декабри 2018

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...