(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Соати 12:45-и 08-уми декабри соли 2018, дар сомонаи вафодораш Муҳаммадиқболи Садриддин аз гуфтаҳои банда Баҳодур Саидов, ки дар Олмон мебошам ва ба кӯри Юнус хуб маълум аст, иқтибос овардааст, ки  «ба ҳукумати Тоҷикистон маълум шуд, ки дигар мардуми ба дод омадаро наметавон аз ҳабсу зиндон тарсонд.

Ин дафъа тавассути бо ном коршиноси сиёсӣ, Баҳодур Саидов таҳдид мекунад, ҳар кӣ дар тазоҳурот ширкат мекунад, террор мешавад. Диққат кунед ба ин сухани Баҳодур Саидов: “Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд…”. Бале, ман Баҳодур Саидов, як тоҷики миёнаомориам, ватандӯстам,  оромиши миллатам ва ҳукфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонам, бо воситаҳои машруъ ҳифз менамоям,  давлатамро дӯст медорам. Ҳадафи шумо ифротиҳо, ки дар дили Аврупо ошӯб  ташкил карданӣ ҳастед, аз наздик мушоҳида мекунам. Омода ҳастам, як ба як, як ба ду, як ба даҳи шумо заъифон биразмам, ҳам дар соҳаи баҳси илмӣ ва ҳам дар майдони набард. Мардум соддалавҳи ғарбро, ки аз ҳилаи шаръии шумоякҳо бехабар ҳастанд, гул заданӣ ҳастед. Кӯлоҳпушиданӣ ҳастед. Вале ин ҳилагариҳоятон дигар намегузаранд, аниқтараш мо патриотҳои асил намегузорем.

 

Муҳаммадиқбол Садриддин биё аз осмон ба замин баргардад ва ҳақикатро гӯш кун, хуб гӯш кун, зеро пунбаро дар гӯшҳои осебдидаат гузоштаӣ ва мақсади ноором кардани вазъиятро дорӣ.

Якум, барои тоҷик, ки якдаста аст ва як Лидер дорад, чӣ зарурат дорад оппозитсия, он ҳам дар дар ниқоби хурофотпарастӣ ва таассуб. Худ тасаввур кун, дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятист, эътиқод ба Худо коре нест, ки касе инкор карда бошад.  Вале дар Тоҷикистони имрӯза касе намехоҳад бар 100 соли пеш баргардад ва ҳукми амирсолориро, ки аз кӯхистони мову ту туртоқ мегирифтанд ва ғуломбача мебурданд, ҳукмфармо гардонад.

Дуюм,  ту фарҳанги бегонаи митингбозиро ҷузъи маниши миллат мепиндорӣ. То дараҷае ки мо медонем, Пашинянро меъёр медонӣ. Намедонӣ ки арманиҳо дар рӯёрӯӣ бо ҳамсояҳояшон дар ҷанг қарор дора д ва ҳар як арман омода аст, чонашро нисори Ватанаш кунад. Арманиҳои муҳоҷир ҳам садҳо миллион доллар ба буҷаи кишварашон сарозер мекунанд. Лобби арманӣ дар ҳимояи миллаташ дар ИМА ва кишварҳои Аврупо ҷоннисорӣ мекунад. Геносиди арманро масъалагузорӣ мекунанд, аҷнабиёнро ба зону мезананд. Ана асли ватандорӣ.

Шумо чӣ?  Чи тавр шуморо мо ба интиқод нагирем, баъзе вақт таҳқир накунем. Дар дили Аврупо рафта, ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ латма мезанед. Ҳукуматро наҳс мезанед. Ҳукумат кист, дар шароити Тоҷикистон ин ин халқи одист, халқи заҳматкаш аст. Ин мо ҳастем. Сониан, шумо дар Аврупо дар чое ки зарфиятсозӣ кунед, илм омӯзед, ба ҳукумат санг мезанед, мардумро ба нооромӣ даъват мекунед. Ба Ҳукумате ки мо ҳомиаш ҳастем. Солисан, ҳамин момаи  Шодмонова Гулчеҳра, кампири бечора нест, чи тавре ки ту мепиндорӣ. Ӯ дар радифи миллионҳо нафар дарк кардааст, ки роҳи наҳзат ба бероҳа мебарад, писараш ки гумроҳ шудааст, гумроҳшавии дигаронро намехоҳад. Момаи Гулчеҳра, тимсоли озодихоҳӣ мебошад. У барои миллат мубориза мебарад. Шумо чӣ?

Дар дили мардум таҳлукаро ҷой карданӣ ҳастед. Митинг ҷузъи маниши миллати точик нест. Ин миллат ҳамеша бо машварат корро пеш мебарад. Як бор дар солҳои 90-ум мардумро ба митинг даъват кардед, чи шуд?  Ҷанги шаҳрвандӣ. Ҳоло бошад қишри бедор ва ҳушёри ин миллат дигар намемонад, шумо ба палидӣ даст занед.

Аз ин лиҳоз, сипари миллат шабро рӯз нагуфта, ба шумо муқобила мекунад. Дари тавба боз аст. Боз о боз о сад бор агар тавба шикастӣ боз о. Дар гузашта аз он чӣ метарсидед, мунтазираш бошед! Шуморо миллат дигар намехоҳад. Ҳамин масъалаи усулиро дарк кунед.  Ду се рӯзноманигори норозӣ, 5 наҳзатӣ, 1,5 Г24 ба ҳеч сурат миллат нест.  Миллат 9 млн. точик аст, ки давлат месозад. Навбосмачигарӣ бас аст.

 

Баҳодур Саидов махсус барои сомонаи ислоҳ.нет.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...