(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар баъзе расонаҳои хабарии ифротӣ рӯзҳои охир иттилоъ дар бораи доир гардидани гирдиҳамоии созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” (дар асл ТТЭ ҲНИ) паҳн гардид. Албатта маълум аст, ки дар Тоҷикистон гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ нестанд. Роҳбарият ва фаъолони ТТЭ ҲНИ якчанд нафар ҳаммаслакони худро, ки ҷиноятҳои мудҳиш содир кардаанд, “зиндониёни сиёсӣ” меноманд. Ин амали онҳо ҳам хандавоар ва ҳам хеле манфур аст.

Яке аз фаъолони наҳзатӣ Сайидюнус Бурҳонов, ки дар зери домани охундҳои шиъамазҳаб пинҳон шуда, ҳамчун олоти таблиғотии онҳо фаъолият дорад, иқдомҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар баробари амалҳои ин ҷинояткорон аҷибу ғариб ва стихиявӣ меҳисобад. Аммо маълум аст, ки амалҳои иғвогаронаи наҳзатиҳо дар Аврупо, масалан ташкили гирдиҳамоӣ дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон сохта ва бар зидди манфиатҳои миллӣ ташкилшуда мебошад.Аммо иқдомҳое ки дар Душанбе рух медиҳанд, масалан ошуб дар назди Сафоратхонаи Олмон ё намояндагии САҲА сохтаю ташкилшуда нестанд, балки худҷушанд ва аз ҳамин сабаб дар назари Сайидюнус барин наҳзатиҳои худбохта ва ба ғуломи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ табдилёфта аҷиб менамоянд. Масалан, стихиявӣ будани амалҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар муқобили намояндагии САҲА маҳз баста нашудани он исбот мекунад. Яъне гурӯҳи сокинони кишвар, ки аз дастгирӣ ёфтани террористони наҳзатӣ аз сӯи САҲА ба хаш омада буданд, баста шудани онро талаб карданд, аммо Ҳукумат аз ин амал худдорӣ кард.

Сайидюнус бо палидӣ ва нобакории махсус ҳамватанони худро, ки дар муқобили душманони наҳзатии террорист ва дахолати неруҳои хориҷӣ садо баланд мекунанд, аҳмақ меномад. Аммо магар худаш аҳмақ нест, ки сар зери домани охундҳои шиъамазҳаб пинҳон кардаасту ба хотири манфиати моддии шахсӣ ватану миллаташро таҳқиру тавҳин мекунад?

Аҷиб аст, ки Сайидюнус ва ҳаммаслаконаш доир гардидани гирдиҳамоиҳоро дар Аврупо амали муқаррарӣ меҳисобанд, лекин чунин иқдомотро дар Тоҷикистон аҷибу ғариб унвон менамоянд. Ин амалҳои наҳзатиҳост, ки аз аввал муташаккилона ва бо дастури хоҷагони хориҷиашон сурат мегиранд. Аммо дар Душанбе чунин иқдомот танҳо стихиявӣ буда метавонанд ва аз ҷониби касе ташкил карда нашудаанд. Бинобар ин ҳоло маълум нест, ки амали мардуми аз бедодгариҳои наҳзатиҳо ба хашм омада  дар шакли гирдиҳамоӣ сурат мегирад ё ошуб.

Сайидюнус чунин ақидае дорад, ки гӯё як мансабдори олмонӣ бошад ва ба манфиати он кишвар менависад. Манфиати Тоҷикистонро тамоман сарфи назар кардааст, ки хиёнаткор буданашро бори дигар собит месозад. Аз давлатдорҳои олмонӣ як чизи фавқулода ва таъсирнопазир сохтани Сайидюнус нодуруст аст. Онҳо ҳам инсонанд ва албатта бояд дарк кунанд, ки дастгирии наҳзатиҳои террорист амали нодуруст аст.   Албатта баргузории роҳпаймоию доир гардидани гирдиҳамоӣ дар Аврупо ва дилхоҳ кишвари ҷаҳон амали маъмулӣ аст, вале ба шарте ки онро террористҳои мисли ТТЭ ҲНИ  ташкил накарда бошанд.

Мо мутмаин ҳастем, ки мақомоти Олмон ҳам оқибат террористу ҷинояткор будани роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ-ро мефаҳманду барои дастгир кардану ба Тоҷикистон интиқол додани онҳо мусоидат менамоянд, то дар назди қонун барои амалҳои худ ҷавоб диҳанд.


Парвизи Мирзо, д.Лаби Ҷари н.Тавилдара



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...