06 Декабр 2018
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Ваҳдат ба бунёди бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросимии ифтитоҳии иншооти мазкур гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда ба мардум муҳайё гардад. Ин ҳама дастгиригириҳо ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави БДА-и шаҳри Хуҷанд аз таҳхона ва 3 ошёна бо истгоҳи нақлиётӣ иборат буда,дар масоҳати 1 гектар бунёд карда мешавад. Дар шафати БДА-и шаҳри Хуҷанд ҳамзамон корҳои сохтмонии бинои нави Хадамоти шиносномадиҳии шаҳр низ оғоз мегардад. Минбаъд дар ин мавзеъ ошхона низ ба назар гирифта шудааст.
Раиси вилоят гуфт, ки ин ин мавзеъ обод гардида, роҳҳои он мумфарш ва чароғон карда мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии бинои нави БДА-и шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.
Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Ҷаҳонгир Ӯрунов аз ин таваҷҷуҳ ва эътибори самимӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти кормандони низоми тартибот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд