(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи эълони 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва бунёди беш аз 3000 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ташкили коргоҳҳои машғул ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва дар ин замина, зиёд кардани истеҳсоли ин намуд маҳсулот тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо он аст, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як коргоҳи нав —  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки корхонаи нави истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, он бо саҳми соҳибкорони ватанӣ давоми ҳашт моҳ бунёд гардидааст. Корхонаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон аввалин корхонае маҳсуб мешавад, ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва дучархаҳо нигаронида шудааст.

Дар ин радиф, доир ба фаъолият ва ҳадафҳои минбаъдаи ин коргоҳи навбунёд директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт» Дилором УМАРОВА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар минтақаи Суғд Абдуаҳад ШАРИФЗОДА чунин изҳори андеша кард:

«Сараввал мехостам арзи сипос ва миннатдории худ ва ҳамаи соҳибкорони ватаниро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати фаъолияти соҳибкорони ватанӣ дар самти бунёди коргоҳҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ баён намоям. Дар ҳақиқат мо, соҳибкорон имрӯзҳо зимни кори ҳамарӯза дастгирӣ ва пуштибонии Ҳукумати кишварро дар пешбурди фаъолияти худ эҳсос менамоем. Зеро имрӯзҳо барои ташкил ва фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардида истодаанд.

Бояд гуфт, ки аҳли ҷомеаи коргоҳи ҶСК «Ариана Металл Пласт» сарфароз аз он ҳастанд, ки ифтитоҳи коргоҳ маҳз дар рӯзҳои сафари кории Роҳбари давлат дар вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷомеаи меҳнатии коргоҳро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, таъмини бозори дохилӣ, тақвияти имконияти содиротӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он баҳои баланд дода, барои пешбурди фаъолият,  тавлиди маҳсулот ва сифати он ба роҳбарият ва мутахассисони коргоҳ  маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷомеаи коргоҳ рӯҳбаланд гардида, иқдом гирифтанд, ки бо истеҳсоли маҳсулоти сифатнок ба эътимоди харидорон сазовор гардида, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд».

Дилором Умарова зикр намуд, ки айни ҳол дар коргоҳ 8 хати муосири технологии истеҳсолӣ, чун хатти механикии бурришу қаткунии қисмҳои оҳании дучархаву фойтунча, шикофкуниву кафшергарӣ, рангуборкунӣ, хатти пластмассӣ-қолабсозӣ (қолаби мошинчаҳо ва ҷевонча-комод), васлкунӣ ва борпечкунӣ бо фарогирии беш аз 80 нафар коргарон, ки аксарияти  онҳоро занону духтарони маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи коргоҳ ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.

Ба иттилои директори коргоҳ, айни ҳол дар коргоҳ 36 намуд маҳсулот, аз ҷумла якчанд намуди дучархаву сечарха ва мошинчаҳои бачагона, пойгардакҳо (ходунок), ҷевонча (комод), фойтунча (коляска) ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.

Вобаста ба иқтидори истеҳсолии коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар марҳилаи аввали фаъолият дар ин ҷо истеҳсоли тақрибан 25 ҳазор адад маҳсулот дар як моҳ  ба роҳ монда шуда, коргоҳи мазкур дар мамлакат аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо ва дучархаҳои бачагона дар дохил истеҳсол карда мешаванд.

Ҳамзамон айни ҳол ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад.

Инчунин роҳбарияти коргоҳ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи шаш миллион сомонӣ технологияи муосири замонавиро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ин омил сабаби пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.

Дар ин замина бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҷомеаи меҳнатии коргоҳ- ин дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳ маҳсулоти тайёри худро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содир намудан мебошад.

Новобаста аз он ки коргоҳи мазкур  навбунёд аст, чанде қабл роҳбарияти он бо намояндагони чанд  ширкати ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Чанд муддат аст, ки коргоҳ аввалин маҳсулоти худ- ду намуд фойтунчаҳои пластмассиву панҷ-шаш  намуд дучархаву сечарха ва мошинчаҳои бачагонаро  ба ин давлатҳо содирот менамояд.

Ҷомеаи меҳнатии коргоҳ баҳри фаъолияти пурра дар марҳилаи дуюм нақша дорад, ки бо ба кор даровардани боз ду хатти нав истеҳсоли парраи чархи дучархаҳо ва сехи дӯзандагии матои фойтунчаҳоро ба роҳ монад. Бояд гуфт, ки танҳо бо ба истифода  додани сехи дӯзандагӣ беш аз 25 ҷои кор ташкил хоҳад гашт.

«Бо ба истифода додани хатҳои нави истеҳсолӣ умед дорем, ки шумораи намудҳои маҳсулот, чун дучархаҳои бачагона ва фойтунчаҳо ҳафт-ҳашт намуд афзоянд. Дар ин радиф нақша дорем, ки ғайр аз дучархаҳои бачагона, ҳамчунин истеҳсоли дучархаҳо барои наврасон ва калонсолонро ба роҳ монем, зеро талабот ба ин намуд воситаҳо дар ҷумҳурӣ бештар аст», — илова намуд Д.Умарова.

Дар ин замина бояд гуфт, ки ташкили чунин коргоҳи истеҳсолӣ саривақтӣ буда, хуб мешуд баҳри боз ҳам афзоиш додани маҳсулот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва дар ин радиф таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дигари кишварамон филиали коргоҳи мазкур бо тарзи васлу насби ашёи тайёр ташкил гардад. Он, бешубҳа,  барои афзоиши ҳаҷми умумии иқтидори истеҳсолии коргоҳ ва ҳарчӣ бештар гардидани ҳаҷми иқтидори содиротӣ имконияти васеъ фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии шимоли кишвар дар минтақаи шимолу ғарби маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд  Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъсис дода шуд. Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  давоми нуҳ моҳи соли равон дар минтақаи мазкур 11 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи 84,0 млн. сомонӣ истеҳсоли маҳсулот, корҳои сохтмонӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба иҷро расида, инчунин ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ маҳсулот берун аз кишвар содирот карда шуд.

Дар маҷмӯъ, дар маркази маъмурии Суғд то 1 октябри соли равон тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби 164 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи фаъол ба миқдори 844,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва аз ҷониби 11 адад корхонаҳо ба маблағи 146,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот гардидааст.

Ҳамзамон аз теъдоди умумии коргоҳҳои амалкунанда 45 адад ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона гардида, дар ин давра ба маблағи 233,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин замина итминон меравад, ки коргоҳи ҶСК «Ариана Металл Пласт» низ ояндаи наздик дар афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ҳамзамон ғанигардонии буҷаи давлатӣ дар самти содироти он ба хориҷи мамлакат саҳми назаррас мегузорад.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...