(0 овоз, миёна 0 аз 5)

(Қисса дар бораи митингбозиҳои наҳзатӣ)

Хиёнаткори муосир дар таърих ТТЭ ҲНИ мебошад.


Сарчашмаи хиёнат ҳамин муллопарастии фардии миёнаоморист. Ҳадафи аслии баъзе қишрҳои ҷомеа аз он иборат мебошад, ки хами абрӯйи муллоро аз рифоҳу осоиштагии ҷомеа болотар донанд ва бо воситаи «қадам ба қадам» табақаи руҳониятро ба монанди ҷомеаҳои мазҳабзада барҷаста месозанд.

Устод Садриддин Айнӣ дар аввали асри 20-ум ба арсаи сиёсат омад ва шоҳиди хиёнатпарокании  худӣ ва бегонагон гардид. Ӯ медид, ки чӣ тавр тоҷикони аслбохта бо ҳамкории пантуркистони муомилагар, мансубияти миллии худро рад мекарданд, мавҷудияти тоҷикро дар Мовароуннаҳр ҳамчун миллат инкор мекарданд. Хиёнатгарӣ дар атрофи С.Айнӣ баъди навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» то андозае авҷ гирифт, ки ӯ маҷбур шуд, соли 1937 ба хотири амнияти худ ва хонаводааш ба Гурҷистон фирор намояд.

Барои возеҳу равшан шудани матлаб, фикрамонро содатар баён менамоем.  Дар урфу одати наҳзатиҳо, ҳоло ҳам хислати манфии ақибгароӣ ва дар симои пиру, муллову эшону шайху мавлавӣ, ҳидоятгарони дунёву охиратро пазируфтан  маълум аст.

Дар ҷойи сайқал додани арзишҳои худшиносӣ, серталошӣ, ғайратмандӣ, афроде пайдо мешаванд, ки роҳи ҳалли мушкилотро дар дуохонӣ, фолбинӣ ва шунидани мавъизаи бесару нуг мебинанд. Чун ин тоифа эҳсос мекунад, ки масири ҷомеа ба сӯйи илму технология равон аст ва табиист, ки бинобар қонунҳои рушди устувор мулло бо таваҷчуҳ ба рақобатпазир набудан бояд ба ҳошия ронда шавад, эҳсоси хатар мекунанд ва ба хиёнатҳое даст мезананд, ки намунаи манфии онро, моҳи сентябри соли 2015 ба мушоҳида гирифтем.

«Суннатпарастӣ, шариатмадорӣ, вопасгароӣ, ақибмондагӣ, ҳувиятбохтагӣ, бегонапарастӣ ва усулан, ҷаҳолатписандии ашхоси бешумори гурӯҳи террористӣ ниҳон аст. Ашхосе, ки бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, муҳимтар аз ин, тафаккурашон бар  хурофатпарастӣ бунёд меёбад, мушкилэчодкун ва низоъофар мебошанд.  Вақте ки илму мантиқи зинда дар матраҳ сохтани масъалаҳо ва мушкилоти сиёсӣ кӯтоҳ меояд, ҷаҳлу таассуб баранда мешавад ва даст мезананд ба хиёнат», мегӯяд коршинос.

Пешопеш, ба хонандаи муҳтарами ин сатрҳо расонида шавад, ки вақте мо дар бораи мафҳуми хиёнат ва хоинҳо дар ин мақола  сухан меронем, ба он маъно нест, ки ин падида хоси тоҷикҳост ва нохоста дар вуҷуди ҳамватанон эҷоди тарсу ҳарос ва камбиниро ба вуҷуд набиёрем. Ҳаргиз, ин тавр нест. Баръакс, навиштани чанд ҷумлае дар ин ҷо, ба хотири донистани нуқсон ва камбудиҳои худӣ аст. То бад нагӯйӣ, хуш наояд. Танқид дар баробари  худтакмилдиҳӣ, худсозӣ ин ҷо гуфта мешавад. Чунончи, маълум аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хадамоти амният дар сафҳои худ воридшавии агентҳои амнияти хадамоти махсусро назорат мекард, бо ҳамон бузургии гушношунид, танҳо дар ахири солҳои 80-уми асри гузашта, зиёда аз 70 нафар хоинонро он ҷо ифшо карда буд, ки қасами ҳарбиро фоҳишона шикаста, ба манфиати кишварҳои олами Ғарб кӯмак мекарданд. Агабекову Поляков, Гордиевскиеву Калугин аз зумраи хоинони машҳури замони Шуравӣ буданд, ки ба унвонҳои болобаланд нигоҳ накарда, бар ивази дирами ночизе Ватанро фурӯхтанд.

Мафҳумҳои зиёд дар бораи хиёнат мавҷуданд.  Вале таърифи аз ҳама муҷаз ва ба таври пурра маънои хиёнатро  ифода мекардагӣ ба фикри мо ин аст: «Хиёнат – ин кирдори қасдан расонидани зарар ва осеб (моддӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ) ба шахс ва ё гурӯҳе мебошад, ки ба Шумо бовар кардааст». Яъне, аъмоли мушаххас барои расонидани осеби бештар ба шахси наздик, ҳамсангар, ҳаммеҳан, ҳамкор ва дӯст.

Дар тӯли таърих, хоинон ҳамавақт мардони бузургро ҳамроҳӣ мекарданд. Башараи хоинонаи Яҳудо, ки савганди вафодориро ба ҳазрати Исои Масеҳ шикаст, ҳаммаънои калимаи  мунофиқ, хоин ва муртад дар дунё арзёбӣ мешавад.

Дар китоби рӯймизии ҳар як марди оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом  ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ.


Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,

Гар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ.


Аз ин рӯ, ТЭТ ҲНИ  хоин буд ва хоин мемонад. Митингбозии онҳо, рӯпушии сарозер шудани сармояи муфт ва ҳангуфт аз хочагони хориҷӣ мебошад.


Зинда бод точик!


Решакан бод террористони ҲНИ


Салими Ормон, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...