(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нашри  эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба сархатти хабарҳои пойгоҳи созмони «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» табдил ёфтааст. Масъалае, ки дар шинохти ин созмон зарурӣ ба назар мерасад, ин аст, ки намояндагони он, аслан аз ҳувияти миллӣ ба фарсахҳо дуранд ва масоилеро мадди назар қарор медиҳанд, ки ба марҷаи танги сиёсӣ ва мафкуравии худ мутааллиқ бошад. Дар ибтидои эъломия тазаккур ёфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки зиндониёни сиёсиро озод намояд. Дар сурате ки дар зиндонҳои мо зиндониёни сиёсӣ нест ва чанд исмеро, ки зикр ёфтааст, ҳаргиз зиндонии сиёсӣ ба ҳисоб намераванд. Аз ин рӯ, пофишории Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар заминаи озод кардани зиндониёни сиёсӣ ба дард намехӯрад ва аммо ҳангомаеро дар сатҳи расонаӣ ба вуҷуд меоварад.

Эъломиясозон даъвӣ пеш овардаанд, ки Тоҷикистон рӯйхати кушташудагони қазияи зиндони Хуҷандро ироа бидоранд. Аввалан, ин қазия марбут ба Тоҷикистон аст ва дахолати дигар созмонҳо ба ин қазия дахолат ба умури давлатӣ талаққӣ мешавад, аз ин лиҳоз, ҳодисаи дар зиндони Хуҷанд бавуқӯъпайваста масъалаи сирф дохилист ва мақомоти зиддахли давлатӣ онро пайгирӣ намуда, онро мунсифона баррасӣ мекунанд. Сониян, дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон падидаҳои муқаррарии фирор аз зиндон ва низоъ ва кашмакашҳо дар ҳудуди зиндонҳо роиҷанд ва касе аз ин навъ ҳодисот ҳангомаю воҳима намесозад, ба ҷуз фурсатталабони мо, ки дар дохилу хориҷи мамлакат ба сар мебаранд. Албатта, ҳодисаи зиндони Хуҷанд ва дурӯѓбофӣ дар ин замина ба манфиати гурӯҳҳои зиддидавлатӣ аст ва онҳо тавассути ба роҳ андохтани тавтеаҳою ҳангомаҳои расонаӣ ва иттилоотӣ аз худ дарак додан мехоҳанд. Бар ин асос, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мухолифи давлат аз мавқеъи зиддидавлатӣ амал намуда, ҷиҳати беобрӯ сохтани давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар берун саъю талош меварзанд. Солисан, низоъ дар зиндони Хуҷанд тавассути ифротгароёни исломӣ тарроҳӣ шудааст ва даргириҳоеро, ки аз тарафи сохторҳои марбутаи давлатӣ хомӯш карда шуданд, тафсири дурӯѓ додан ба фоидаи мухолифони хориҷӣ аст. Дар ҷараёни даргирӣ кушта шудани ошубгарон ва муҳимтар аз ин, экстремистони мазҳабӣ (дар феҳристи исми муҷриёни ҳаводиси Хуҷанд нафароне қарор доранд, ки собиқаи ҷинояти ифротигарии динӣ доранд ва бо ин ҷурм зиндонӣ шудаанд) воқеияти амалиёт аст. Чӣ, магар экстремистони мазҳабиро мегузоштанд, ки кормандони зиндонро ба пуррагӣ бикушанд ва ба онҳо кордор нашаванд? Ба назари гурӯҳҳои мухолиф, аз ҷумла эъломияпардозони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зиндониёни бегуноҳ кушта шудаанд. Бетартибӣ ва ошубро заминагузорӣ кардан ва дар он фаъолона иштирок кардан магар ҷурму ҷиноят нест? Тибқи талаботи ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, маъмурини зиндон ва сохторҳои марбутаи давлатӣ бояд мегузоштанд, ки оташи ошуби ифротиёни мазҳабӣ доман мезад ва хонаи мардумро месӯхт. Хобатонро ба об гӯед. Давлат бесоҳиб нест, ки ҳар нохалаф ва ифротгаро онро соҳибӣ кунад ва дар куҷое хоҳад, тавтеа созад ва аз он ифтихор ҳам намояд.

Сармоягузориҳои хориҷӣ, ки дар заминаи демокросӣ аз ҷониби созмонҳои берунӣ анҷом мегиранд, ба самти демократикунонии ҷомеа сарф мешаванд. Аммо, он чи ки ба созмонҳои наҳзатӣ ва ба он наздик аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ ироа мегарданд (манзур маблаѓгузориҳои хориҷӣ ба созмонҳои мухолифи ҳукумат), дар роҳи тавтеаю дасисаҳо ва ҳангомасозию иѓвогариҳо масраф мешаванд. Яъне бо сармояи хориҷӣ дар хориҷ аз кишвар гурӯҳҳои мухолиф барномаҳои зиддидавлатӣ ҷур мекунанд ва роҳҳои шикастани давлати миллиро пайгирӣ менамоянд. Ин аст стратегия ва тактикаи гурӯҳҳои мухолифи берунӣ.

Садҳо ва ҳазорон тазоҳуротеро, ки дар раъси он Муҳаммадиқболи Садриддин барин шахсиятҳо меистанд, самарае нахоҳанд дошт, чаро ки ин персонаҳо на дар зоҳир ва на дар ботин дар фикри ободии диёр нестанд, чӣ расад ба демокросӣ ва озодандешие, ки аз он доимо лоф мезананд. Зиндониёни сиёсӣ ва гаравгон гуфта ин тоифа танҳо онҳоеро дар назар доранд, ки дар тими наҳзатӣ хидмат кардаанд. Мафҳуми зиндониён ва гаравгононро танҳо маҳдуди чанд нафар «одамони худӣ» кардаанд ва муборизаи лафзию иттилоотии ин қабил марбути онҳост.


Фаридуни Ориёӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...