(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Худбохтагону нохудогоҳон ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ҳамеша бар сари мардуми мо  санги мезананд, бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурӯѓ ва сафасатаҳо паҳн карда, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкарди худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз бомдод ба хок хун оѓӯшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро овораю саргардон кунанд. Чун тамоми сирру асрори амалҳои хоинонаю душманонаашон фош гардиду ин худбохтагону бегонапарастон шармсор (ҳарчанд, дӯзду ѓар ва воҳишаю ҳаромӣ на шармро медонаду на ҳаёро) шуданд, ба ҳамин сифатҳои ваҳшиёнаи хеш ба Урупо кӯч бастанд. Ин кӯч бастани онҳо ҳамон мақолеро ба хотир меорад, ки «Хари ҳазрати Исо  ба маротиб вориди шаҳри Макка шуд, вале боз ҳамон хар монд». Роҳбарону аъзои Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам бо ҳамон андешаҳои догматикию схоластикӣ ва хоинонаю душманона худро ба оѓӯши ба истилоҳ ҷаҳони аввал зананд, то худро дар назари мардум афроди пешрафта ва тараққипарвар ҷилва диҳанд. Вале, дар асл, онҳо ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд.

Имрӯз, ки ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ мегарданд, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон дода, мехоҳанд, боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гарвгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро  ҳам ташкил кардаанд, натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд. Гирдиҳамоиашон бошад, мисли ҳамон бедодгариҳо, қатлу ғорат кардани мардуми бечора ва талаву тороҷ намудани молу амволи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, на чизи дигар.

Бо вуҷуд ин, террористону экстремистони наҳзатӣ, ки душманони ашадии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванду аслан озод будани инсонро ҳамчун арзиш қабул надоранд, дар санаи таърихии 10 декабр - Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон талаби раҳоии чанд ҷинояткорро, аз қабили Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро доранд. Ҳамзамон, онҳо чун террорист аз нафароне, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд даст ба ҷинояти бераҳмона куштани одам ва созмон додани ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони мақомоти қудратӣ зада буданд, дифоъ намуда, чунин ваҳшоният ва даҳшати зиндониёнро ҳодисаи хубу хуш муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Албатта, рӯйи кор омадани ҳаводиси террористонаю экстремистона ва даҳшатбору ваҳшатангез ба манфиат ва нафъи ТТЭ ҲНИ мебошад, зеро чунин амалҳо комилан бар муқобили меҳану миллат равона шудаанд. Гирдиҳамоие, ки террористону экстремистони наҳзатӣ ба хотири дастгирии ин гуна амалҳои номатлуб ва хиёнаткорона баргузор намуданӣ ҳастанд, ҷинояти навбатие дар ин самт мебошад.

Агар пулиси шаҳри Берлин ба ин гирдиҳамоӣ иҷозат дода бошад ҳам, он маънои дастгирӣ кардани чунин амалҳои ҷиноятию хоинонаро надорад. Зеро тамоми кишварҳои пешрафта аз  сиёсигардонии дин ва радикализм безор буда, онро на танҳо эътироф, ҳатто чашми дидан ҳам надоранд. Ин ҳам як фарҳанги муросои инсонӣ ва дпиломатияи олмонӣ ба хотири нишон додани демократияи аврупоӣ мебошад, вагарна аврупоиён ҳам хеле хуб медонанд, ки тамоми амалҳои мудҳишу даҳшатбори дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Аврупо рухдодаро террористони ҳамақидаю ҳамкеши аъзои ТТЭ ҲНИ анҷом додаанд.

Аллакай тамоми кишварҳои аврупоӣ аз шаклу шамоил ва рафтору кирдори намояндагони терроризми байналхалқӣ, чун ТТЭ ҲНИ ба пуррагӣ безор буда, онҳоро тамоман чашми дидан надоранд. Ва хеле хуб ҳам дарк кардаанд, ки аз ин ба ҷуз наҳсию касофат, шарру бадӣ ва ҷангу ҷидол чизе ба ҷамъият намерасад ва ба ибораи аллома Иқболи Лоҳурӣ: «Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст…». Аз ин навиштаи Иқбол бар меояд, ки на танҳо давлатҳои аврупоӣ, балки мамолики мусалмоннишин ҳам, шаъи зиёдатӣ, чизи нолозим ва иштибоҳи табиат будани афроде, чун намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро хеле хуб дарк кардаанд.

 

Нодири ҚОДИР,

таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...