(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 29 июли соли 2018 аъзои Созмони террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо кирдор ва ҷинояти ноҷавонмардонаи худ, гурўҳи мусаллаҳи ҷиноятиеро таъсис доданд, ки ин нохудогоҳону худбохтагон ва хиёнаткорону зархаридон бо истифода аз воситаи наҚлиёт ва олотҳои буррандаю халанда ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, чор нафари онҳоро бераҳмонаю ваҳшиёна ба Қатл расониданд. Хабари ҳамла ва ҷинояти бераҳмонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти ОҚсуи ноҳияи Данѓара аз ҷониби гурўҳи ҷавонони номард ва хиёнаткор, ки пайравони ТТЭ ҲНИ буданд, сурат гирифта буд. Ин ҷинояти вазнину сангин ва амалҳои ѓайриинсонию манфури онҳоро ҳамон замон на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кулли сокинони кураи арз шадидан маҳкум намуда буданд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2018 дар Точикистон аз ҷониби Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф аз чунин эълон гардидани сол, пеш аз ҳама, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи фарҳанги миллат ба ҷаҳониён ва ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Мусаллам аст, ки дар кори ин ҷиноят дасти душманони давлату миллат расидаву бо ин кирдори ноҷавонмардонаи худ симои миллатро ба ҷаҳониён манфӣ муаррифӣ кардан, дида натавонистани пешрафту шукуфоии Ватани азизи мо ва паст намудани обруву манзалати халҚи меҳмоннавози тоҷик мебошад.

Тамоми мардуми Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаву оҚилонаи давлату ҳукумат муттаҳид гардида, муроҷиати Сарвари давлатро ҷиҳати риояи эҳтироми хоса, муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон комилан ҷонибдорӣ намуда, зуҳури ҳама гуна бадбиниву хиёнат ва ҷинояткориро ба сайёҳони меҳанамон маҳкум менамоянд. Вале, ҷиноятпешагону ҷинояткорон ва тангназарону кўрдилони наҳзатӣ ин ваҳдату муттаҳидии миллатро халалдор намудан мехоҳанд.

Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки ташкилкунандагон ва ҳомиёни ин гурўҳи ҷиноятӣ ва Қотилон ТТЭ ҲНИ буда, амали ин гурўҳи ҷиноятпеша латмаест ба обрўи миллати сулҳпарвару меҳмоннавози мо. Тамоми халҚи шарифи Тоҷикистон аз ин ҷинояти содиршуда хеле сахт нороҳат гардида, онро шадидан маҳкум намуданд ва ҳамеша чунин амалҳои ноҷавонмардонро ҷиддан танҚид мекунанд.

Яке аз чунин тангназарону кўрдилон ва нохудогоҳону худбохтагон Ҳусейн Абдусамадов мебошад, ки роҳбари гурўҳи ҷиноятии ҳамала ба сайёҳонро бар уҳда дошт. Имрўз, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ин инсонсурати ҳайвонсиратро бар ин ҷинояти даҳшатбору ваҳшатнокаш ба ҳабси абад маҳкум намудааст, доду войи террористону экстремистони фирории ТТЭ ҲНИ ба фалак хест. Бояд гуфт, ки Додгоҳи олии кишвар ҳанўз ҳам ба ин заҳҳокпешагону аҳримансиратон раҳм кардааст. Зеро барои чунин амали пастфитратонаю разилона дар баъзе кишвархои дигар хукми  Қатл пешбини шудааст. Ҳамзамон, на танҳо Ҳ.Абдусамадов, балки ҳама он 11 нафар - Беҳрўзи Саймурод, Қурбонбек Ѓанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, бояд котеъона чазо дода шаванд. Чунки онҳо меҳмонони кишвари моро ваҳшиёна ба Қатл расониданд ва бо ин амалашон обрўю нуфузи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ба поён бурдани буданд.  Аз ин рў, фаъолони нахзати, ки чунин амали нангинро ба ин чавонон супориш додаанд, бояд дастгир ва махкум ба чазои мувофик карда шаванд.

 

Нодири ҚОДИР,

таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...