(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ пойгоҳи “Ахбор.ком” матлаберо бо номи “Нашрияи амрикоӣ ҲНИТ-ро ба даст доштан дар куштори сайёҳон айбдор кард” интишор дод. Дар матлаб сухан дар бораи гузориши видеоии Андрей Циганов (“Настоящее время”) дар робита бо қазияи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара меравад. Маълум аст, ки бар асари ҳамлаи террористӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара иттифоқ афтод, 4 куштаро бо шумули сайёҳони хориҷӣ аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсария ба ҷо гузошт. Муаллифи гузориши видеоӣ ба шарҳи қазия мепардозад ва даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар он ошкоро баён менамояд.

Бо он ки қазияи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, ки тобистони имсол дар ноҳияи Данғара ба вуқўъ пайваст, барвақт ошкор шудааст, расонаҳои хабарию иттилоотии мустақил то имрўз онро пайгирӣ мекунанд ва ҷузъиёти ҳодисаро пайгирӣ менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати тафтиши қазияи мазкур масъулини ниҳодҳои тафтишӣ-ҷустуҷўйии кишварҳои аврупоӣ, минҷумла амрикоӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва чуноне ки аз расонаҳо медонем, мақомоти зиддахли давлатӣ тамоми мадорики заруриро дар иртибот ба қазия дар ихтиёри бозрасони хориҷӣ қарор доданд. Имрўз, ки телевизиони муштараки радиои "Озодӣ” ва "Садои Амрико” "Настоящее Время” ба таври ошкор ТТЭ ҲНИ-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард, ҷойи баҳсу мунозира нест. Мақомотҳои тафтишии ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ то ин замон аллакай масъаларо баррасӣ карда, хулосаҳои таҳлилӣ бароварда буданд. Афзун бар ин, ҳанўз баъди чанд рўзи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ҷониби Амрико ба мақомоти қудратии Тоҷикистон ҷиҳати тафтиши мунсифонаи қазия ва ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ҳодиса изҳори ташаккур карда буд. Албатта, нашри маводи телевизионӣ дар робита бо қазияи ҳамлаи террористӣ дар асоси мадорики тафтишӣ ва далелҳои шайъӣ сурат гирифтааст ва табиист, ки ба тарроҳони тарҳи телевизионӣ мақомоти тафтишӣ кумак кардаанд. Фаразан, агар кумаке дар барномаи мазкури телевизионӣ аз ҷониби сохторҳои тафтишӣ сурат намегирифт, ҳатман расонаҳо эродоти худро дар ин замина манзур месохтанд ва муаллифи гузоришро ба бесалоҳиятӣ айбдор мекарданд. Ин аст, ки гузориш ихтисосӣ буда, муҳтавои он бар асоси мадорики зарурии тафтишӣ бунёд ёфтааст.

Он чи ки ба унвони суол дар қазия пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Ахбор.ком” ироа менамояд, ба изҳори назари тарафи пуштибонон ва омилони ҳодисаи террористӣ –ТТЭ ҲНИ дахл дорад. Муаллифи гузориши видеоии “Настоящее время” Андрей Циганов ба ин нукта басанда карда, изҳор медорад, ки: “Ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Шоҳидон монеи куштани ҳамаи сайёҳон шуданд.” Гўшзади тарафи муҷрим дар қазия кореро дар ҷараёни тафтиш ҳал намекунад, зеро ки пуштибонон ва тарроҳони саҳнаи террористӣ ҳеҷ гоҳ худро фош намесозанд ва мутмаинан, гунаҳкор намеҳисобанд. Бигзарем, мақоли мардумӣ дар тавзеҳи ин масъала сидқ мекунад ба ин мазмун “касе дўғи худро турш намегўяд”. Ба ин далел муаллифи гузориш изҳориназарҳо ва мавқеъгириҳои масъулини ТТЭ ҲНИ-ро дар шарҳи қазия зарур наҳисобид.

Муҳим ин аст, ки гузориши видеоӣ бар пояи воқеяитҳои имрўзӣ таҳия гардидааст ва таҳиягар-рўзноманигор -- муаллифи гузориши видеоии “Настоящее время” Андрей Циганов дунболи ин ки кӣ чӣ мегўяд, намегардад. Гузоришгар корашро дар сатҳи профессиноналӣ иҷро намуд. Табиист, ки сари он баҳсҳои иттилоотию расонаӣ идома меёбанд, вале он дар бозкушоии иловагии қазия (албатта, барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони матолиби расонаӣ) кумак мекунад.

 

Фаридун Ориёӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...