(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаҳти ҳамин унвон дар кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд конфренсияи илмӣ доир гардид. Дар кори конференсия иштирокчиёни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Ҳаcанов, Темур Дадобоев, Дилмурод Шермуродов, Шама Пардаев ва фаъолону собиқадорони ҳизб ширкат варзиданд.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабинро оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳамасола шурӯъ аз соли 2009 дар қатори ҷашнҳои миллӣ мардуми шарифи кишвар санаи 24 ноябрро чун Рӯзи Парчами миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бояд қайд кард, ки Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, гузаштагони мо парчамро рамзи озодӣ, адолат, мубориза бар зиддӣ бадӣ ва садоқат ба Ватан меҳисобиданд. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демоктратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст”. Мо медонем, ки замони соҳибистиқлолӣ санаи 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Аз ин хотир ба чорабинии имрӯза шоҳидони ин рӯйдоди таърихӣ- иштирокчиёни бевоситаи иҷлосияро даъват намудем.
Номзади илмҳои таърих, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДТТ Фирдавс Тоатов зимни ироаи маърӯза баён дошт, ки пошхӯрии Давлати шӯравӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳангии хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд аз аввалин масоиле, ки мавриди муқокима қарор дод ин қабули Парчами Тоҷикистон буд. Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қасри сулҳовар ҷилва намуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари давлат ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд. 
Ба иштирокчиёни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва ба чанде аз аъзои фаъоли ҳизб дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо дода шуд. 
Аз номи ширкаткунандагони иҷлосияи таърихӣ, собиқадори меҳнат Темур Дадобоев барои қадршиносӣ изҳори сипос намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...