(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар остонаи таҷлили Рӯзи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид. 

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи Бобоҷон Ғафуров, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қосим Қаюмзода аз растаҳои ҳунарии ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди маҳалла дидан намуда, ба ҳунару эъҷози донишҷӯёну сокинони маҳалла баҳои баланд доданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии расмӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қосим Қаюмзода номаи муборакбодии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро бар самъи сокинони маҳалла расонид. Ҷамшед Ҷӯразода иқдоми роҳандозишударо қадами қатъӣ дар роҳи худшиносии миллӣ дониста, баргузории чорабиниро дар остонаи таҷлили Рӯзи парчами миллӣ фоли нек арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки тоҷикон аз азал бо ҳунару ҳунармандии худ ном бароварда, барандагони фарҳанги хоси худ буданд. Парчам ва парчамдорӣ бошад дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ ба ҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёнии давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт. Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистон соҳибистиқлол паём мерасонад». Аз ин рӯ, бояд ҳамеша саъю талош варзем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромадаш қайд намуд, ки фаъолони ҳизб хуб дар хотир доранд, ки соли гузашта маҳз дар рӯзи таҷлили Парчами миллии кишвар дар маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти унвони “Иди кӯча” бо иштироки 500 нафар сокинон гузаронида будем, ки таассуроту руҳияи идонаи он чорабинӣ то ҳол аз ёди сокинони оддӣ набаромадааст. Ҳизбиёни шаҳр дар фаъолияти меҳварии худ маҳз бо халқ будану шодишарики онҳо гардиданро шиори худ медонем. Гузашта аз ин кумиҷроия хуб дарк мекунад, ки ифтихори миллии шаҳрвандон дар қиёс ба даҳсолаҳои пешин хеле боло рафтааст. Иқдоме, ки имрӯз кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ кардааст, шоистаи дастгирист. Таманно дорам, ки ҳар шаҳрванди шарифи Тоҷикистон нисбат ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром дошта бошаду ҳар нафари худогоҳу ватандӯст зери Парчами давлатӣ муттаҳид гарданд.
Ба ғолибони озмуни ҳунарҳои мардумӣ дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби кумиҷроияи ибтилоии ҳизб супорида шуд.
Композитсияи адабиву мусиқӣ чорабиниро боз ҳам шукуҳманд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...